Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қорӣ Абдуллоҳ дар масҷид афюн мефурӯхт?


Масҷиди ҷомеъи ба номи “Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Масҷиди ҷомеъи ба номи “Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа

Мақомоти Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имомхатиби як масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаро бо гумони даст доштан дар фурӯши афюн дастгир кардаанд.

Имом-хатиби масҷиди ҷомеъи ба номи Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бо гумони даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд, Абдуллоҳ Асламов ном дошта, дар байни намозгузорони ин масҷид бо номи "Қорӣ Абдуллоҳ" маъруф будааст.

Ду ноиби имоми ин масҷид рӯзи 13 октябр ба хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ки хабари боздошти ӯро имрӯз дар намоиз пешин шунида, хеле дар тааҷҷуб мондаанд. Ба гуфтаи онҳо, Қорӣ Абдуллоҳ дар ҷамоати Тошработи ноҳияи Вахш зиндагӣ мекард ва дар ҳамонҷо дастгир шудааст.

Муовинони Қорӣ Абдуллоҳ мегӯянд, ки ӯ аз соли 2007 дар масҷиди Абӯбакри Сиддиқ имоматӣ мекард, вале онҳо бори аввал мешунаванд, ки ӯ афюн мекашидаасту мефурӯхтааст.

Масҷиди “Абӯбакри Сиддиқ”-и Қӯрғонтеппа

Масҷиди “Абӯбакри Сиддиқ”-и Қӯрғонтеппа

Кормандони раёсати Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухадири вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон қаблан хабар доданд, ки имом-хатиби 36-солаи масҷиди ҷомеъи ба номи “Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Қӯрғонтеппаро бо 4 қуттӣ афюн боздошт кардаанд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухадир рӯзи 13 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин имом рӯзи 11 октябр боздошт шуд. Ба гуфтаи ӯ, имом маводи мухаддирро дар 4 қуттии вазелин ҷой карда буд ва дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ маълум шудааст, ки имом-хатиб ҳам худаш афюн истеъмол мекард ва ҳатто онро ба сокинон ҳам мефурӯхт.

Кормандони Оҷонсӣ ҳамчунин дар вилояти Хатлон ду нафари дигарро боздошт карданд, ки ба гуфтаи онҳо, имом-хатибро бо афюн таъмин мекарданд. Хушнуд Раҳматуллоев ба Озодӣ гуфт, имоми масҷиди ҷомеъи "Абӯбакри Сиддиқ"-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо вуҷуди онки 800 сомонӣ маоши расмӣ мегирифт, боз ҳам аз ду сокини ноҳияи Вахш ҳар қуттӣ афюнро 120 сомонӣ харида, дар масҷид 150 сомонӣ мефурӯхт.

Масҷиди “Абӯбакри Сиддиқ”-и Қӯрғонтеппа

Масҷиди “Абӯбакри Сиддиқ”-и Қӯрғонтеппа

Алайҳи ин рӯҳонӣ дар ҳоли ҳозир бар асоси қисми дуюми моддаи 200-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Имом-хатиб ва ҳарду шарики ӯ дар боздоштгоҳи раёсати Оҷонсии зидди маводи мухаддир нигоҳ дошта мешаванд.

Назари ин имому наздиконаш ба ин қазия низ ҳанӯз дастраси хабарнигорон нашудааст, ки оё ӯ дар воқеъ тиҷорати маводи мухаддир мекард ваё таъқибаш натиҷаи рақобатҳо байни рӯҳониён барои мақоми имоми масҷид аст ваё идомаи маъракаи бадном кардани рӯҳониён, ки чанд муддат боз дар Тоҷикистон идома дорад?

То кунун дар Тоҷикистон дар бораи боздошту муҳокимаи чандин рӯҳонӣ бо иттиҳоми ҷиноятҳои ахлоқӣ, асосан даст задан ба зино ва таҷовуз ба номус, гузоришҳо ба даст мерасид. Мунтақидон мегуфтанд, ки ин боздоштҳо ба як маъракаи ҳамоҳангшудае мемонад, ки ҳадафаш беобрӯ кардани қишри рӯҳонӣ дар чашми мардум аст. Вале боздошти як рӯҳонӣ ва он ҳам имом-хатиби як масҷиди ҷомеъ дар Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир барои бори аввал расонаӣ мешавад.

Масҷиди “Абӯбакри Сиддиқ”-и Қӯрғонтеппа

Масҷиди “Абӯбакри Сиддиқ”-и Қӯрғонтеппа

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон бар фарози рӯди Омӯ, ки то ҳамроҳ шудани рӯди Вахш номи Панҷро дорад, 1370 километр марзи муштараки дар бисёри манотиқ начандон маҳфуз дорад, тақрибан аз солҳои 90 ба ин тараф ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ – асосан ҳероину афюн – ба кишварҳои шимолтар, аз ҷумла ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, тайи 20 соли охир дар қаламрави Тоҷиикистон қариб 100 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG