Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар орзуи дастони сунъӣ


 Абдулло Зокиров

Абдулло Зокиров

Абдулло Зокиров, ки як сол пеш аз ҳарду дасташ маҳрум шуд, ҳоло дар ҷустуҷӯи дастони сунъист, то сари ҷигарбандонашро дубора битавонад сила кунад.

Пас аз ба ҳуш омадан хост фарзанди хурдиашро, ки болои сараш қарор дошт, ба оғӯш бигирад, аммо аз сари китфонаш чизе ҳаракат накард ва он замон Абдулло Зокиров эҳсос кард, ки дигар даст надорад. Бо чашмонаш медид, дастоне, ки ҳар замон барои навозиш рӯи шонаҳои фарзанд хам мешуд, вуҷуд надоранд. Баданаш сӯзиши хоришомез кард ва бори дигар кӯшиши боло кардани дастонашро кард, аммо бенатиҷа. Чизи набуда чӣ тавр ҳаракат мекунад? Ӯ ҳанӯз дарак надошт, ки ҳарду дасташро буридаанд.

Як сол пеш, ӯ бо супориши Идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб хост, як сими барқро пайваст кунад, аммо ҳамон лаҳза нафаре аз кормандони Идора бидуни огаҳӣ дар ин симҳои бебарқ барқро рӯшан кард ва Абдулло Зокировро барқ зад. Чунон сахт зад, ки вақте ӯ се рӯз пас чашмонашро боз кард, дид ки ки даст надорад. Дастони ӯро барқ хушк карда буд ва ба шикамаш низ ҷароҳати сангин расонида буд.

Мо бо ӯ дар шаҳри Душанбе вохӯрдем ва дар ҳоле, ки гӯё дастони гумшудаашро ҷустуҷӯ мекард.

“Бе даст будан даҳшат аст. Хеле мехоҳам, ки даст дошта бошам. Баданамро хорида наметавонам ва хӯрок низ хӯрда наметавонам. Зану фарзанд кумак мекунанд, вале ҳеҷ кумаке ҷои дастони набударо пур карда наметавонад. Шаб пуштам сахт мехорад ва намешавад, ки барои ин ҳамаро аз хоб бедор кунӣ,” - нақл мекунад Абдулло Зокиров.

Аммо муҳимтар аз ҳама барои Абдулло Зокиров ин аст, ки дигар наметавонад мисли қабл дасти азизонашро бигирад ё сари онҳоро сила кунад.


Абдулло Зокиров бо писараш Фирдавс

Абдулло Зокиров бо писараш Фирдавс

Фирдавс, писари 12-солааш мегӯяд, замоне ёд дошт, ки рӯи китфони падараш даст буд ва дастони созандае, ки барои ӯ «самокат»(навъе аз аробача) месохтанд: “Бароямон ҳар чиз месохт ва маро болои асп савор мекард. Ҳоло дигар коре карда наметавонад. Мехоҳам падарам даст дошта бошад, мисли пештара.”

Ин мард давоми як соли охир панҷ маротиба ҷарроҳӣ шудааст. Маҳмадулло, бародари Абдулло мегӯяд, тақрибан тамоми дороияшонро барои табобати ӯ сарф карданд. “Ҳоло мехоҳем, ба бародарам дасти сунъӣ бичаспонем. Арзиши дасти сунъӣ аз 30 то 50 ҳазор доллари амрикоист. Аз мардуми саховатманд дар ин кори хайр кумак мехоҳем. Ҳар касе кумак кардан мехоҳад, ба рақами (+992)900 99 42 44 занг занад. Ба кумак хеле ниёз дорем,”-гуфт Маҳмадулло.

Идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб мегӯяд, баъди он қазия ба Абдулло Зокиров даҳ ҳазор сомонӣ кумак кардааст. Аммо наздиконаш мегӯнд, ин кумак харҷи ҳамагӣ се рӯзи табобати ӯро пӯшонду халос.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG