Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии қатъии ҳизби Эрдуғон дар интихоботи Туркия


Эрдуғон ва ҳамсараш Амина ҳангоми эълони пирӯзии ҳизби адолат ва тараққиёт
Эрдуғон ва ҳамсараш Амина ҳангоми эълони пирӯзии ҳизби адолат ва тараққиёт

Шумориши 98 дарсади оро дар интихоботи маҳаллии Туркия аз пирӯзии қатъии ҳизби адолат ва тараққиёти сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон дарак медиҳад.

Бино бар натоиҷи шумориши 98 дарсади оро, дар интихоботи маҳаллии Туркия бо касби беш аз 45 дарсади раъйҳо ҳизби адолат ва тараққиёт (AKP)-и сарвазири Раҷаб Таййиб Эрдуғон баранда мешавад. Ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳ - бузургтарин ташаккули мухолифин- 28 дарсад раъй ба даст оварда, бино ба хабарҳо, бештари оро дар манотиқи аксаран курднишин дар ҷанубу шарқи Туркия насиби ҳизби курдии BDP шудааст. Телевизиони CNN Turk TV хабар дод, ки ҳарчанд ин ҳанӯз натоиҷи ниҳоӣ нест, вале AKP назорати Истамбул - бузургтарин шаҳри Туркияро ҳифз карда, зоҳиран дар пойтахт, шаҳри Анкара, низ пирӯз мешавад.

Интихоботи маҳаллии рӯзи 30 март як навъ санҷиши 11 соли раҳбарии сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳам ба шумор мерафт. Эрдуғон шаб аз балкони қароргоҳи ҳизбаш дар Анкара дар як паёми пирӯзӣ ба ҳазорон нафар аз тарафдоронаш гуфт, пой ба лонаи "душманон"-е мегузорад, ки ӯро ба фасод айбдор мекарданд. Эрдуғон гуфт, "онҳо баҳои ин ҳамаро хоҳанд пардохт."

Сарвазири Туркия дар паёми пирӯзиаш ҳамчунин гуфт: "Дар ин давраи нав Туркия ба мухолифини наве эҳтиёҷ дорад, ки мисли ҳизби ҳоким дар фикри миллат бошад. Туркия мӯҳтоҷи оппозисиюне нест, ки ба табъизу ҷудоӣ таҳрик диҳад, балки мухолифине лозим аст, ки бо забони 77 миллион сокини ин кишвар сӯҳбат кунад."
Пирӯзии ҳизби Эрдуғон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
Линки мустақим

Эрдуғон муттаҳиди собиқаш рӯҳонии маъруфи турк Фатҳулло Гуленро, ки дар Амрико ба сар мебарад, ба ташкили ин маъракаи зидди худ бо истифода аз дастнишондаҳояш дар ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла дар пулиси Туркия, айбдор мекунад.

Пирӯзии ҳизби Эрдуғон дар ҳоле эълом мешавад, ки ӯву ҳалқаҳои ба ӯ наздик тайи ҳафтаҳову моҳҳои гузашта ҳадафи интиқодҳои зиёд дар мавриди фасоди густурда қарор гирифта, интихоботи маҳаллии рӯзи 30 март дар пасманзари боз ҳам амиқтар шудани ҷудоӣ байни гурӯҳҳои сиёсии Туркия ва бархӯрдҳои шадиди лафзӣ байни онҳо доир шуд.

Солеҳ Шакар, як тарафдори ҳизби Эрдуғон дар Анкара гуфт, натиҷаҳои интихобот нишон дод, ки кишвар дар муқобили мунтақидонаш аз Эрдуғон ҳимоят кард: "Натиҷаҳои интихобот демокративу одилона аст. Ҳизби адолат ва тараққиёт бо ин натиҷаҳо ба ҳамаи онҳое, ки интихобот мехостанд, посух дод."

Имтиҳони ҷиддии Эрдуғон

Аммо интихоботи рӯзи 30 март орӣ аз хушунат ҳам набуд. Задухӯрдҳо байни аҳзоби рақиб рӯзи 30 март, дар рӯзи интихоботи маҳаллии Туркия дастикам 8 кушта ба ҷо гузошт. Бино ба гузоришҳои расида аз Туркия, рӯзи 30 март дар ҷараёни задухӯрдҳо байни аҳзоби рақиб танҳо дар рустои Ювачик, дар минтақаи умдатан курднишини ҷанубушарқи Туркия 6 нафар ҷон бохтанд. Ду нафари дигар, бино ба хабарҳо, дар вилояти ҷанубии Ҳатой дар наздикии марзи Сурия кушта шудаву 9 тани дигар дар ин задухӯрдҳо захмӣ шудаанд.

Ин хушунатҳо дар ҳолест, ки рӯзи 30 март ҳудуди 52 миллион нафари соҳиби ҳаққи райъ шаҳрдорону мақомоти дигари маҳаллӣ дар саросари Туркияро аз байни номзадҳои 6 ҳизб интихоб мекарданд. Ин интихоботро як санҷиши ҷиддие барои мизони эътибор ва маҳбубияти ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёт (AKP)-и сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон медонанд. Бовар мерафт, ки мизони маҳбубияти Эрдуғону ҳизби ӯ дар пайи эътирозҳои мудавоми соли гузашта дар Истамбул, моҷарои чанд моҳи пеши фасод ва ришвахорӣ, ки боиси истеъфои 10 узви кобинаи Эрдуғон шуд, ва ҳам бастани сомонаҳои маъруфи Твиттер ва Ютюб дар Туркия коҳиш ёфтааст.

Ҳизби мардумии ҷумҳурихоҳ (СНР) бо ҳизби ҳокими AKP бавижа барои мақоми шаҳрдори пойтахт, Анкара ва Истамбул – бузургтарин шаҳри Туркия – вориди рақобати шадиде шуд.

Қабл аз интихобот дар интернет наворҳое нашр шуд, ки аз вуҷуди фасод дар зинаҳои олии давлат ва худкомагии низоми сохтаи Эрдуғон дарак медиҳанд. Нашри ин наворҳо, бо вуҷуди батакрор ҳамчун наворҳои сохта рад шуданаш аз сӯи Эрдуғону мақомоти дигари давлати ӯ эътибори ҳизби ҳокимро хеле латма зад. Ҳукумат дар посух шабакаи иҷтимоии Твиттер ва ҳам сомонаи пуртамошобини Ютюбро дар як ҳафтаи пеш аз интихобот баст ва ба ин далел ба мавҷи интиқодҳои байналмилалӣ рӯбарӯ шуд.

Худи Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ ин бор беш аз ҳар вақти дигар дар корзори интихоботӣ фаъол буд. Ба ҳадде ки аз суханронии зиёду пурэҳсос садояшро гум кард ва табибон машвараташ доданд, ки аз суханрониҳо дигар худдорӣ кунад, вагарна ҳолаш бад мешавад.

Чунин ҳавлу ҳоле ки дар атрофи интихоботи маҳаллии Туркия эҷод шудааст, ба табъи интихобкунандагон низ бетаъсир намояндааст. Унал Собунчӣ, як сокини Анкара, пойтахти Туркия, ба хабаргузории Ройтерс гуфт: “Ман 74 сол дорам ва ҳеҷ гоҳ надида будам, ки интихобот дар чунин фазои шадид гузашта бошад. Ман умедворам, ки ин охирин чунин интихоботи сахт бошад. Ва аз ин ба баъд интихоботҳои мо дар фазои сулҳу оромӣ гузаранд.”

Соим Эрқоч, сокини дигари Анкара изҳори умед кард, ки сиёсатмадорон дар муборизаҳои худ манфиатҳои миллиро зери по накунанд: “Ман умедворам, ки ин интихобот барои ҳама ба хубӣ анҷом биёбад. Ман умедворам, ки ҳизбе ки барои кишвар беҳтарин аст, пирӯз шавад. Ман дуо мекунам, то мардум ба онҳое овоз диҳанд, ки дар воқеъ кишвари худро дӯст медоранд ва мехоҳанд ба нафъи кишвари худ амал кунанд. Ин аст чизе ки ман мехоҳам.”

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки рӯзи 26 феврали соли равон ба синни 60 расид, аз соли 2003, инак 11 сол боз сарвазири Туркия аст ва ҳоло азм дорад, ба мақоми раисиҷумҳури Туркия бинишинад. Ӯ бо ширкати фаъолаш дар корзори имсола амалан ин маъракаро ба як навъ райъпурсии эътимод ё адами эътимоди мардум ба 11 соли раҳбарии худ табдил додааст.

Аммо дар ҳоле ки тарафдоронаш аз пешрафтҳои иқтисодии Туркия дар аҳди сарвазирии Эрдуғон ситоиш мекунанд, мухолифон ба домани ӯ тамғаи “диктатор”-ро часпондаанд, ки ба бовари онҳо, барои расидан ба ҳадафҳояш аз ҳеҷ василаи муҷозу ғайримуҷоз парҳез намекунад.

Натиҷаҳои интихоботи рӯзи 30 март, бахусус дар Истамбулу Анкара – ду маркази асосии сиёсати Туркия – ба сарнавишти Эрдуғон таъсири ҷиддӣ дорад. Ва он ҳам дар ҳоле ки ӯ андеша дорад, моҳи август ба интихоботи президентии Туркия биравад ваё бо ислоҳи оинномаи ҳизби адолат ва тараққиёт соли оянда ҷӯёи боз як давраи чорсолаи сарвазирӣ шавад.

Мақомот ба хотири он ки интихобот хуб гузарад, ҳатто ба вақти тобистона гузаштани Туркия як рӯз ба таъхир андохтанд.
XS
SM
MD
LG