Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзаро тамоман манъ кардем"


Пизишкони хатлонӣ ҳушдор медиҳанд, ки агар рӯзадорӣ ба нафъи саломатии бархе бошад, дар ин гармо ба зиёни беморони меъдаю рӯдаву қалб, занҳои ҳомилаву камхун ва модаронест, ки тифли ширмак доранд.


Зӯҳро Бобоева, сарпизишки бемористони ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар, бо таваҷҷуҳ ба фарорасии моҳи Рамазон ва гармои бесобиқаи ҳавомегӯяд, рӯзадориро ба тамоми занони ҳомила ва камхуне, ки аз ин дармонгоҳ истифода мебаранд, манъ кардааст. «Онҳое, ки камхунӣ доранд, илтиҳоби шадиди узвҳои дарунии бадан доранд, рӯдаю меъдаашон бемор аст, мумкин нест ба онҳо рӯза гирифтан. Ба занҳои ҳомила ва онҳое, ки ба тифлон шир медиҳанд, мо ҳамчун табиб тамоман манъ кардем рӯзадориро. Зеро кӯдак дар батни модараш нафас мекашад ва аз ғизои модараш ҷон мегирад, ё зане, ки кӯдаки ширмак дорад, агар худаш ғизо нахӯрад, касал мешавад, беқувват мешавад, ба тифлаш ҳам ғизои солим дода наметавонад,» - афзуд Зӯҳро Бобоева.

Муҳаммадхоҷа Султонов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, вай, ки солҳои мадид аз бемории меъда азият мекашид, маҳз баъд аз рӯзадорӣ, яъне нахӯрдану наошомидани об, аз ин маризии тӯлонимуддат раҳоӣ ёфтааст: «Солҳои зиёд меъдакасал будам. Дар замони Шӯравӣ ҳар сол то як моҳ бистарии бемористонҳо мешудам. Духтурон илоҷамро намеёфтанд. Доруву дармон ҳеҷ кумакам намекард. Аз манъкуниҳои духтурон сарфи назар карда, рӯза доштам ва ғайриинтизор, вазъам беҳтар шуд ва ҳоло асаре аз маризии меъда намондааст.»


Саидҷони Сорбонхӯҷа
Саидҷони Сорбонхӯҷа
Рӯзадорӣ, яъне манъи тановул, обнӯшӣ ва худдорӣ аз ҳамбистарӣ аз субҳи содиқ то фуруд омадани офтоб - аз фаризаҳои моҳи рамазон буда, риояи он барои тамоми мусалмонҳо дар давоми як моҳ ҳатмӣ дониста мешавад. Аммо Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини муфтии Тоҷикистон, мегӯяд, бемороне, ки рӯза ба вазъи саломаташон хатар дорад, метавонанд рӯзаро қазо бигиранд. «Вале агар одам қасдан рӯзаашро бишканад, ё бо завҷааш ҳамхобагӣ кунад, гуноҳи зиёд дорад ва кафораташ ҳам ин аст, ки мегӯянд:
Шаст мискин таом бояд дод,
Ё яке банда карданаш озод.
Ё ду маҳ рӯзаро пайопай дор,
То шавӣ аз ҳаёт бархӯрдор…
Яъне кафораташ аз зиммааш соқит мешавад, агар ба 60 нафар мискину бечора бояд ғизои якрӯзаашро бидиҳад ё бетанаффус ду моҳ рӯза бигирад ё бандиеро ба озодӣ расонад»,
- афзуд Саидҷони Сорбонхӯҷа.

Зимнан соҳибкори маъруф Зайд Саидов, ки дар боздоштгоҳи Душанбе дарди меъдааш хуруҷ кардааст, изҳори таассуф кардааст, ки ба ин иллат имсол рӯза гирифта наметавонад. Зайд Саидов аз ин рӯ, аз наздиконаш хостааст, то дар ин моҳи шариф аз номаш барои 60 мискин таом диҳанд.

Имсол мусалмонони Тоҷикистон рӯзона ҳудудан аз 16-уним то 17 соат рӯза хоҳанд дошт. Бо назардошти дарозии рӯз ва гармои шадид бархе аз шаҳрвандон аз мақомоти давлатӣ хостаанд, ки соатҳои кориро дар моҳи Рамазон кӯтоҳ кунанд.

Рамазон Таваккалов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, беҳтар аст, ки соати корӣ дар моҳи рамазон аз 6-и субҳ оғоз шуда, кормандон бегоҳ ду соат қабл аз вақти кории муқаррарӣ рухсат шаванд, зеро ҳарорати ҳаво баланду тоқатфарсо буда, анҷоми кор дар чунин шароит ба кормандони рӯзадор ҷабр аст: «Қудрат ба тавоноӣ гуфтаанд. Худованд ҳам зулмро намехоҳад ба бандагонаш. Аз ин рӯ, хуб мебуд, агар вақти истироҳати нисфирӯзӣ дарозтар шавад ё соати корӣ барвақт сар шавад, то рӯзадорон вақт ва имкони бештари таътилро пайдо кунанд. Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки масъулиятҳои кориамонро барвақттар анҷом диҳем ва ба хона рафта дам гирем.»

Соли гузашта бархе аз идораҳои давлатӣ дар Қӯрғонтеппа тасмим гирифта буданд, ки кормандон дар моҳи рамазон бидуни танаффус кор карда, як соат қабл аз вақти муқаррарӣ, яъне соати 16, ба хонаҳояшон баргарданд.


Бозори Қӯрғонтеппа
Бозори Қӯрғонтеппа
Фарорасии моҳи шарифи рамазон агар аз як сӯ боиси шодмонии сокинони Хатлонзамин шуда бошад, аз сӯи дигар болоравии қиматҳо дар бозору фурӯшгоҳҳо дар ин моҳи барои мусалмонҳо муборак, онҳоро озурда кардааст. Ҳанӯз чанд рӯз қабл аз саршавии моҳи рамазон афзоиши нархи маводи ғизоӣ, нӯшобаҳо ва шириниҳо ба мушоҳида расидааст. Агар дар моҳи рамазон дар соири кишварҳои мусалмонӣ коҳиши нархи маводи озуқа дар бозорҳо ба чашм расад, дар Тоҷикистон баръакс, дар ин моҳ соҳибкорон бо ҳадафи ба даст овардани даромади бештар, қиматҳоро ба ҳар роҳу баҳонае боло мебаранд.
XS
SM
MD
LG