Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 масҷидро дар Душанбе "давлатӣ" карданд


Масҷиди нотамоми Абдулло Ҳабибов дар маҳаллаи "Автовокзал"
Масҷиди нотамоми Абдулло Ҳабибов дар маҳаллаи "Автовокзал"

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт бинои 5 масҷиди пойтахт, бо шумули масҷиди нотамоми генерал Абдулло Ҳабибов, воқеъ дар маҳаллаи “Автовокзал”-ро ба моликияти давлатӣ шомил кард.

Дар котиботи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин додгоҳ дар авоили моҳи май бо ҳукми худ 5 масҷиди панҷвақта, аз ҷумла масҷиди нотамом дар маҳаллаи “Автовокзал”-и Душанбе, ки аз сӯи генерал Абдулло Ҳабибов, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон ва вакили низ собиқи парлумон, сохта мешуд, ба моликияти давлатӣ шомил кардааст.

Котиботи Додгоҳи Сино гуфт, дар мавриди ин 5 масҷид ба ин далел, ки ғайриқонунӣ сохта шудаанд, парвандаи маъмурӣ боз шуда буд.

Луқмон Раҷабов, додраси додгоҳи Сино, ки масъулияти муҳокимаи сарнавишти ин 5 масҷидро бар ӯҳда доштааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, азбаски то ҳанӯз ин ҳукм қувваи қонунӣ пайдо накардааст, дар бораи ҷузъиёти он шарҳе дода наметавонад. Вале дар додгоҳи Сино мегӯянд, бар асоси санадҳое, ки дар нисбати ин 5 масҷиди панҷвақтаи дар қаламрави ноҳияи Сино сохташуда пешниҳод гардида буд, ин масҷидҳо ғайри қонунӣ сохта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи Душанбе дар охири моҳи декабри соли гузашта баррасии қазияи генерал Ҳабибовро, ки аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои ғасби замин муттаҳам мешуд, қатъ кард ва худи генералро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард. Мақомоти додгоҳ он замон гуфтанд, ба далели ин, ки “ғасби замин” барои бунёди масҷид аз сӯи Абдулло Ҳабибов дар соли 2013 сурат гирифтааст, ин парванда шомили қонуни афв шуда ва худи ӯ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад.

Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов

Ин парванда алайҳи Ҳабибов аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бар асоси моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ ("худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он") боз шуда буд. Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, алайҳи сохтмони ин масҷид, инчунин, як гурӯҳ аз сокинони шаҳраки 83-юми ноҳияи Сино ва омӯзгорони мактаби рақами 92-и пойтахт шикоят кардаанд.

Худи генерал Ҳабибов моҳи декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки парванда алайҳи ӯ барои ҳамагӣ як сотих замини масоҳати масҷид, ки ҳанӯз сохтмони он ба анҷом нарасидааст ва бар асоси шикояти чанд нафар аз сокинони биноҳои атрофи ин сохтмон ифтитоҳ шудааст.

Абдулло Ҳабибов афзуд, ки барои сохтмони ин масҷид ҳудуди 30 то 50 метр қитъаи замин аз ҳукумати шаҳр иҷозати расмӣ гирифта ва сохтмонро оғоз карда буд. Вале вақте раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистонро барои дақиқ кардани макони меҳроб даъват намуданд, бо маслиҳати вай ду бурҷи масҷидро андаке тағйир доданд ва дар натиҷа як сотих замини бештар барои сохтани бинои ибодатгоҳ як сотих замини бештар лозим шуд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи генерал Ҳабибов барои ишғоли замин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

XS
SM
MD
LG