Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сюрприз"-и муллоҳои Панҷ


Рӯҳониён дар ҷаласаи ҳукумати Панҷ
Рӯҳониён дар ҷаласаи ҳукумати Панҷ

Дар дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон имом-хатибони масоҷид ва рӯҳониёни дигар ба амале даст заданд, ки онҳоро дар ҳукумати ноҳия садрнишин намуда ва мавқеъашонро, ки дар пайи ҷанҷолҳои шаҳвонии баьзе рӯҳониёни маҳаллӣ камранг шуда буд, боло бурд.

Муллоҳои ноҳияи Панҷ дар соли нав барои масъулини ин ноҳия “сюрприз” кардаанд, ки онҳоро ба сафи “ташабускорон” –и фаъолони ҷомеъа ворид кард. Онҳо 100 кӯдаки ятимро хатнасур карданд, сару либосу дучарха хариданд ва ва харҷи арӯсии 6 ҷуфтро, ки аз хонаводаҳои фақир буда, солҳо наметавонистаанд, издивоҷ кунанд, пардохт намудаанд.

Марям Шарипова, муовини раиси ноҳияи Панҷ рӯзи 7 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ташаббуси муллоҳо “сюрприз” буд ва мардумро хушҳол кард. Хонум Шарипова мегӯяд, ки ҳукумати ноҳия тасмим гирифтааст, аз ин баъд бо рӯҳониён , ва имом-хатибони масоҷид ҳамкории наздиктарро ба роҳ монад ва онҳоро ба саҳмгузорӣ дар барномаҳои дигар ташвиқ кунад.

“Рӯҳониёни ноҳия аз ҳисоби масҷидҳо тӯҳфаҳо, сару либос ва зиёфат доданд. Онҳо дар тарабхонаи калоне зиёфат доданд. Мо акнун мехоҳем онҳоро дар ҳама чорабиниҳо даъват кунем, ҳамкорӣ кунем. Шукронаи Парвардигор, ки ягон мушкил нест ва Худо кунад, ки ягон мушкил нашавад,”- гуфт Марям Шарипова.

Ӯ афзуд, муллоҳо барои ин “сюрприз” 45 ҳазор сомонӣ харҷ кардаанд ва илова бар ин, дар соли нав ба суратҳисоби ятимон 1530 сомонӣ гузарондаанд.

Ятимхонаи ноҳияи Панҷ
Ятимхонаи ноҳияи Панҷ

Насриддин Қудратзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар як намози ҷумъа ба хулосае омадаанд, ки дар ҳаёти ҷомеа саҳм бигиранд. Ҷаноби Қудратзода мегӯяд, ки ин пули хайркардаи намозгузорон буд, ки дар кори хайр сарф шуд.

“Ин кор ба ризогии худамон ҳамчун хайр буд, ки анҷом додем, ки рӯзҳои ҷуъма мардум хайр мекунад ва аз суратҳисоби худамон гирифта хайри эҳсон мекунем. Ҳукумат ба мо ҳамкорӣ дорад, вале дастуре намедиҳад, ки мо иҷборан ин корро анҷом диҳем, худамон агар хоҳем ҳамин гуна корҳоро анҷом медиҳем,”- гуфт имом-хатиби Панҷ.

Ноҳияи Панҷ дар 120-километрии ҷануби шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ҷойгир буда, 104 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Бар пояи иттилои расмӣ, дар ин ноҳия 7 масҷиди ҷомеъ ва 73 масҷиди панҷвақта фаъолият мекунад.

Масҷиди ноҳияи Панҷ
Масҷиди ноҳияи Панҷ

Тоҳирҷон Касиров, мудири шӯъбаи дин дар ҳукумати ноҳияи Панҷ мегӯяд, ин аввалин “сюрприз”-и муллоҳо нест, ки бо истифода аз пули хайрия анҷом мешавад. Соли 2014 бо дастури ҳукумати ноҳия мулллоҳо бо харҷи 30 ҳазор сомонии масҷидҳо ду мошини “Ёрии таъҷилӣ” харидорӣ намудаанд ва дар назар аст, ки соли 2015 низ чунин барномаҳоеро пиёда кунанд.

“Нақшаҳоямон ҳамин аст, ки кори хайри имом-хатибон, муллоҳо ва рӯҳониён идома кунад, соли гузашта мактаби варзиширо муллоҳо таъмир кардаанд ва дар оянда талош мекунем, ки муллоҳо дар сохтмони мактаб ва бозсозии бунгоҳҳои тиббӣ саҳм бигиранд,”гуфт раиси кумитаи дини назди ҳукумати маҳаллӣ.

Ба думболи пахши наворҳои шаҳвонӣ бо ширкати баъзе мазҳабиҳо, ки чандеаш аз вилояти Хатлон буданд, чунин ташаббусу саҳмгузориҳои рӯҳониён дар ҷомеаи Тоҷикистон бештар ба мушоҳида мерасад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон муллоҳо бо харҷи 68 ҳазор сомони бинои ҳизби ҳокимро ба истифода додаанд. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муллоҳо бо пули ҷаъмовардаашон аз масоҷид ду мактаби хурдеро бо харҷи 10 ҳазор сомонӣ ба истифода додаанд.

Аксари рӯҳониён дар Тоҷикистон касби мушаххас надоранд ва зиндагии худро асосан аз ҳисоби дуову фотиҳахонӣ дар маъракаҳои мардум ва хайрияҳои муридонашон пеш мебаранд. Соле пеш ҳукумати Тоҷикистон барои имом- хатибҳои масоҷиди расмӣ либоси ягона ва як миқдор маош муайян кард. Аммо пуле, ки ҳукумат ба хатибҳо ҷудо кардааст, бо маблағҳое, ки намозгузорон ба масҷидҳо медиҳанд, қобили муқоиса нест. Бо вуҷуди нодорӣ як бахши аъзами сокинони Тоҷикистон хайр ба масҷид ва аҳли динро аз рисолатҳои худ медонанд ва пайваста ба қуттии хайрияи масҷидҳо пул мегузоранд.

XS
SM
MD
LG