Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати ноҳияи Қумсангир, ки бо ваъдаи порчаи замин омӯзгорони ҷавонро ба ин ноҳия ҷалб карда буд, акнун шарти наве пеш мегузорад: аввал онҳо бояд аз духтарони маҳаллӣ ҳамсар гиранд.

Ҳукумати ноҳияи Қумсангир, ки бо ваъдаи имтиёзҳои фарогир, аз ҷумла ҷудо кардани замин барои бунёди манзил, омӯзгорони ҷавонро ба кор дар мактабҳои ноҳия ҷалб карда буд, акнун шартҳои нав пеш мегузорад. Дар ҳоле ки чунин омӯзгорон то ҳоло соҳиби порчаи замин нашудаанд, ба онҳо пешниҳод шудааст, ки агар замин мехоҳанд, бо духтарони маҳаллӣ издивоҷ кунанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳарчанд издивоҷ бо духтарҳои маҳаллӣ маҷбурӣ нест, аммо хубиаш дар ин аст, ки муаллимҳо дар ин минтақа, ба истилоҳ “реша медавонанд” ва дигар эҳсоси бегонагӣ намекунанд.

"ЗАНРО МЕГИРАМ, ВАЛЕ КУҶО МЕБАРАМ?"

Бахтовар Одилов соли 2012, баъди хатми Донишгоҳи технологӣ, барои омӯзгорӣ дар мактаби рақами 11-и деҳаи Меҳнатобод, ноҳияи Қумсангир роҳхат гирифт. Як сол пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷалби мутахассисон ва рафъи камбуди муаллим дар мактабҳои миёна ба омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои фарогир доданд, ки умдатарини онҳо озод будан аз хизмат дар артиш ва дастрасӣ ба порчаи замин буд. Бар пояи ваъдаи мақомот, Бахтовар мебоист дар ду сол соҳиби замин мешуд ва деворҳои хонаашро мебардошт. Аммо ҳоло пешниҳод гирифтааст, ки агар ба яке аз духтарҳои маҳаллӣ издивоҷ кунад, масъалаи замин ҳам ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Муаллими фанни “Технологияи информатсионӣ”, Бахтовар Одилов мегӯяд, ки ба издивоҷ бо духтаре аз ин мавзеъ мухолиф нест. Аммо ҳайрон аст, ки баъд аз тӯй арӯсро ба куҷо мебарад, зеро ҳоло бо 6 муаллими дигар дар хобгоҳ зиндагӣ мекунад. “Зан гирифтан мушкил надорад, аммо метарсам, ки боз мушкиламон ҳал намешавад. Мо ҳоло 3 сол шуд, кор мекунем, ҳеч гапе аз замин нест, вале ҳамроҳонам 7 сол шуд, замин нагирифтаанд. Ҳоло бо 6 нафар дар хобгоҳ хобем. Агар зан бигирем, ӯро куҷо меорам? Ба мо замин диҳанд, хона сохта, баъд зан бигирем. Агар мақсади замин додан надоранд, умри моро дар ин ҷо беҳуда нагузаронанд ва боз ягон фикри дигар кунем,” -- гуфт Бахтовар Одилов.

Ба мисли Бахтовар Одилов даҳҳо ҷавони омӯзгор, ки бо ваъдаи имтиёз аз дигар навоҳӣ ба Қумсангир омаданд, ё ҳоло ҳам зан нагирифтаанд ё дар зодгоҳҳои худ зан гирифта дар асл ҷудо аз оила зиндагӣ мекунанд. Бархи дигар ҳоло ҳам издивоҷ накардаанд ва мунтазиранд, ки кай ба онҳо барои бунёди манзил замин дода мешавад.

ЯКСОЛА РОҲИ ОМӮЗГОР АЗ ҚУМСАНГИР ТО БАДАХШОН

Карамхудо Шикориев, ҳамкори Бахтовар Одилов аз мактаби рақами 11-и деҳаи Меҳнатобод, ки аз Бадахшон барои кор ба Қумсангир омадааст, мегӯяд, шубҳа дорад, ки издивоҷ тавонад, муаллимро соҳиби қитъаи замин кунад. "Оилаи ман бо се фарзандам дар Рушон аст. Ман наметавонам зуд-зуд хабаргирӣ биравам. Фақат дар тобистон вақте таътили тобистона мешавад, зану фарзандонамро хабаргирӣ меравам. Замин надоданд, то хона сохта, онҳоро назди худ биёрам. Агар як муҳоҷир дар як сол ду бор аз Маскав ба Тоҷикистон биояд, мо аз ҳамин Тоҷикистон бо азоб дар як сол як бор фарзандонамонро мебинем,” – мегӯяд Камархудо Шикориев.

Мудири маорифи ноҳияи Қумсангир, Элчизан Каллаева, мегӯяд, ҳатман бо навбат ба ҳамаи омӯзгорон замин дода хоҳад шуд, новобаста аз он ки онҳо издивоҷ кардаанд ва ё не. Ӯ мегӯяд, дар соли равон 126 омӯзгор, ки аз дигар навоҳӣ ба ноҳияи Қумсангир ба кор омада буданд, соҳиби замин шуданд.

Ӯ мегӯяд, издивоҷ бо духтарони маҳаллӣ ба хотири пешрафти кори омӯзгорон ва дар ҳудуди ин ноҳия эҳсоси бегонагӣ накардан пешниҳод шудааст: “Ин пешниҳоди раиси пешина буд, ки дар ҳамин ҷо кор мекунед, аз ҳамин ҷо оиладор шавед. Чӣ фарқ доранд духтарони Қумсангир аз духтарони зодгоҳи худатон. Аз ҳамин ҷо зан бигиред, замин бигиред ва кору зиндагӣ кунед. Ин танҳо пешниҳод буд, на ин ки ҳатмӣ маҷбур карда бошанд, ки аз ҳамин ҷо зан бигиранд. Агар нияти дар ҳамин ҷо кор кардан дошта бошанд, соҳиби хешу табор мешаванд, ки ба фикрам ягон ҷои гандагӣ надорад.”

"ИЗДИВОҶ ФАҚАТ ЯК БАҲОНАИ ДИГАР ШУДААСТ"

Шавкатҷон Юлдошев, омӯзгори ҷавон, ки аз шаҳри Кӯлоб ба ноҳияи Қумсангир омадааст, мегӯяд, издивоҷ баҳонае шудааст, ки ба ӯ замин надиҳанд.

“Соли гузашта гуфтанд, ки тамом, мушкилатон ҳал ва замин мегиред. Раиси ноҳия пурсид, ки зан дорӣ, гуфтам, ки не. Номамро аз рӯйхат хат зад. Бовар кунед, хаста шудем, аз рафтану омадан. Агар замин надиҳанд, ин ҳафт соли умед бастан беҳуда мешавад,” -- мегӯяд Шавкатҷон Юлдошев ба Радиои Озодӣ.

Фазлиддин Ғоибов, як масъули Кумитаи заминсозии ноҳияи Қумсангир гуфт, онҳо талош мекунад, ки аввал ба омӯзгорони кӯдакдор хона диҳанд: “Мо ҳамаро пешниҳод мекунем, аммо кӯшиш мешавад, то ба зандорону кӯдакдорон замин бидаҳнад, ки азоб накашанд.”

Ноҳияи Қумсангир, ки наздики 100 ҳазор аҳолӣ дорад, аз ҷумлаи он навоҳиест, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба мушкили норасоии омӯзгорон рӯ ба рӯ шуд. Садҳо омӯзгор бо ваъдаи имтиёзҳои чашмгир аз манотиқи дигар барои кор ба ин ноҳия даъват шуданд. Ҳоло бештар аз 300 омӯзгор дар мактабҳои Қумсангир ба талабаҳо аз фанҳои гуногун таълим медиҳанд. Ба мисли Бахтовар Одилов, даҳҳо омӯзгор, ки ҳанӯз шароити мусоиди зиндагӣ надоранд, ҳоло бар сари пешниҳоди мақомот фикр мекунанд ва то рафт ба хулосае мерасанд, ки шояд издивоҷ бо духтарҳои маҳаллӣ ягона воситаи расидан ба орзуи дерина – порчаи замин бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG