Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Хатлон ширкатҳои суғуртавие пайдо шудаанд, ки ба фиреби мардум машғул гардида, ғайри қобили эътимод мебошанд.

Бо таъкид ба ин нукта, Ҳомид Ибронов, раиси намояндагии «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Хатлон, гуфт, аз 17 ширкати суғуртавӣ, ки феълан дар қаламрави шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон фаъолият доранд, кори аксараш ношаффоф ва шубҳабарангез аст.




Ҷаноби Ибронов афзуд, далелҳое вуҷуд доранд, ки ширкатҳои суғуртавии мазкур манобеи молии худро аз мақомоти давлат пинҳон мекунанд ва афроди алоҳидаи воломақом аз фаъолияти онҳо пуштибонӣ мекунанд.

- Мақсади аслии инҳо пул кор кардан аст, онҳо андоз намесупоранд. Ҳаҷми маблағи воридшуда, маблағҳояшон аз шаҳрвандон аст, ё корхонаҳои хусусӣ ё фаъолияти молиявиашонро чи гуна роҳандозӣ кардаанд, ҳаракат мекунанд, ки пинҳон намоянд. Ин гуна фаъолияти шубҳабарангезу тақаллубкориҳо боварии мардум ба ширкатҳои бимасозиро коҳиш медиҳад.

- Пас, агар аз чунин қонуншиканӣ огоҳӣ доред, чаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намекунед?

- Инҷо ягон ҷойи пинҳон кардан нест. Тақрибан 4 адад аз ин ширкатҳо аз «бачаҳои боло» аст…

- Онҳо киҳо ҳастанд?

- Ин акнун ба ҳамон мансабдорон дахл дорад…»



Ҳомид Ибронов

Ҳомид Ибронов

Ҳомид Ибронов аз зикри номи он «калонҳо», ки ғолибан аз доираҳои мансабдорон ва соҳибкорони маъруфу таъсиргузор аст, худдорӣ кард. Аммо гуфт, чанд мавриди фиреби мардум аз ҷониби гуруҳҳои муайяне ошкор шудааст, ки бар ивази «маблағи суғурта» ба мизоҷони худ полисҳои қалбакӣ медодаанд ва дар ин полисҳо суроға ва рақамҳои тамос бо ширкатҳои давлатии суғуртавиро нишон медодаанд.

Аз дасти чанд нафаре, ки худро агенти ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ном бурда, бо баҳонаи бимакунӣ аз тоҷирону масъулони нуктаҳои фуруши сӯзишворӣ дар Қӯрғонтеппа маблағ гирифтаанд, полисҳо ё варақаҳои сохтаи бима мусодира шудааст. Ин баргаҳои бимакунӣ, ки коғази арзишманду ҳифозатшуда маҳсуб меёбад, дар чопхонаи хусусие дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ғайриқонунӣ нашр мешудаанд.

«Агентҳо»-и ширкатҳои ноаълуми ба ном «бимакунӣ» хона ба хона гашта, ба шаҳрвандон мегуфтаанд, ки «бимасозии хонаи шумо ва дороиҳоятон ҳатмист ва азбаски ин дастури мақомоти давлатӣ мебошад, бояд маблағи муайяне пардохт кунед». Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи қонун, бимасозӣ амали ихтиёрӣ мебошад.

Шодмон Давлатов, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки қурбони фиреби чунин ширкатҳои сохтаном шудааст, мегӯяд: «Як ҷавоне ахиран ба хонаи мо омад,ки ҳуҷҷатҳо ва мӯҳри ширкати суғуртаро бо худ дошт. Ба ман гуфт, ки суғуртаи хонаатон маҷбурист ва бояд ҳатман маблағи бимаро пардохт кунед. Дар бинои мо он ҷавон хона ба хона гашта, ба ҳама чунин мегуфт. Аз 25 то 30 сомонӣ талаб мекард барои бима. Ман, ки розӣ нашудам, гуфт, 5-10 сомонӣ диҳед ҳам мешавад, ба маблағи камтар суғурта мекунем…»

Бо ин вуҷуд, ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» мегӯяд, тайи як соли охир эътимоди мардум ба ширкати мазкур афзуда, наздики 175 ҳазор сокини Хатлон барои бимасозии молу дороияшон шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ бастаанд.

Бавижа пас аз оташсӯзӣ дар бозори марказии «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа аксари тоҷирон ба «Тоҷиксуғурта» муроҷеъ шуда, дӯконҳои фурӯшӣ ва тиҷораташонро бима кардаанд. 79 соҳибкори бимадоштае, ки аз сӯхтори шоми 24-уми апрел дар бозори «Фаровон» зиёни молӣ дида буданд, аз ширкати «Тоҷиксуғурта» ҷамъан беш аз 14 ҳазор доллари амрикоӣ кумакпулӣ дарёфт кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG