Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корхонаҳои то "баногӯш" қарздори Тоҷикистон


"Барқи тоҷик" миллионҳо доллар қарздор аст.

"Барқи тоҷик" миллионҳо доллар қарздор аст.

Қарзи корхонаҳои бузурги давлатии Тоҷикистон, ки дар иқтисод нақши бисёр муҳиме доранд, ба марзи 2 миллиард доллар расидааст ва афзоиш ёфтани ин қарзҳо метавонад, камари иқтисоди Тоҷикистонро шиканад.

Дар миёни корхонаҳои бузурги давлатии Тоҷикистон, “Барқи Тоҷик”, бузургтарин ширкати энергетикӣ “қаҳрамон” аст, ки қарзҳояш аз давлату ниҳодҳои дигар ба тақрибан 917 миллион доллар мерасад. Аҳволи ширкати “Талко”, корхонаи тавлиди алюминий ва муштарии аслии “Барқи Тоҷик” низ хуб набудааст, зеро ин корхона то кунун бештар аз 362 миллион доллар қарздор шудааст, ки дар маҷмӯъ 19,2 дар сади тамоми қарзҳои ширкатҳои бузурги давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳарчанд худи ин корхона дар бораи “қарздорӣ” сӯҳбат карданро дӯст намедорад ва борҳо гуфтааст, ки гузоришҳо дар бораи “аҳволи бади” ширкат воқеият надоранд.

Ширкати давлатии “Роҳи Оҳан” ҳам то баногӯш дар қарз ғӯтидааст ва назар ба Талко андаке камтар ва 316, 5 миллион доллар қарздор будааст. Омори мазкур аз як ёддошти Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки рӯзи 24-уми октябр нашр шуд ва ин таҳлилро мутахассисони бонк барои ислоҳи вазъи корхонаҳои давлатӣ ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.

Саҳлангорӣ дар мудирияти корхонаҳо, фаъолияти ношаффоф, муомилаҳои зиёновари дохилии байни корхонаҳои давлатӣ аз сабабҳои ба ин рӯзи сиёҳ расидани корхонаҳои давлатии Тоҷикистон будааст ва мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ мегӯянд, вазъи корхонаҳои давлатӣ наметавонад ба ин шакл идома кунад ва ислоҳоти амиқ барои хотима додан ба ин раванд зарур аст.

Яке аз сабабҳои дигари ақибмондагиву рукуди корхонаҳои давлатӣ, худи ҳукумат будааст, ки амр медиҳад, корхонаҳои давлатӣ маблағашонро дар ҷойҳое сарф кунанд, ки ҳеҷ иртибот ба фаъолияти иқтисодиашон надорад. Ба мисли инки бинои вазорати дифоъ, прокуратура ё китобхонаеро тармим кунанд ва ё барои чорабиниҳои ҷашнӣ ягон чиз бисозанд. Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон дар аксари соҳаҳо саҳм доранд, сар аз хадамоти коммуналӣ то ба энергетикаву нақлиёт ва низоми бонкиву суғурта ва коркарди металҳо. Ин корхонаҳо аз як се ҳиссаи ҷойи кор дар иқтисоди кишварро таъмин мекунанд, вале фоидаашон дар буҷаи кишвар зиёд нест.

Масалан, соли 2012-ум 16 корхонаи бузургтарини давлатии Тоҷикистон танҳо 12 дар сади андози буҷаи давлатиро додаанд, вале 40 дар сади андозҳои напардохта аз ҳисоби ҳамин корхонаҳо будааст. “Тоҷикэйр”, “Талко”, “Тоҷиктрансгаз”, “Тоҷиксемент”, “Роҳи Оҳан” аз ҷумлаи он ширкатҳои бузурги давлатӣ ҳастанд, ки аксарашон соли 2013 ба ҷои фоида, фақат зарар дидаанд. Ин гуна корхонаҳо ба ҷойи мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо пешниҳоди хадамоти номуносиб, ба гуфтаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ҷойи корхонаҳои хусусиро мегиранд ва намегузоранд, ки арсаи хусусӣ пешрафт кунад.

Дар ёддошти Бонки Ҷаҳонӣ ба масъалаи назорати фаъолияти молии корхонаҳои бузурги давлатӣ таваҷҷӯҳ шудааст, ки бебандуборӣ дар онҳо зиёд аст. Масалан, танҳо як корхонаи давлатии Тоҷикистон аудити мустақили байналмилалиро гузашта ва баҳои мусбат гирифтааст, вале бақияи онҳо хулосаҳои манфӣ гирифтаанд, ё аудиторон аслан аз додани хулоса дар бораи фаъолияти онҳо худдорӣ кардаанд, зеро иттилоот дар бораи фаъолияти корхона нокофӣ, пароканда ва ё нокомил аст.

Ба гуфтаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ, чунин ҳолат хатари бузурге барои молики корхонаҳо, яъне худи давлати Тоҷикистон дорад. Саҳлангории мудирони корхонаҳои давлатӣ дар пешниҳоди иттилооти дуруст дар бораи фаъолият ва ношаффофӣ дар корашон сол ба сол идома дорад ва ба гуфтаи мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ва аудиторон дили нохоҳам ба онҳо шартан хулосаҳои мусбат медиҳанд.

Дар Тоҷикистон аз соли 1991 то соли 2000-ум бештар аз 6 ҳазор корхонаи давлатиро хусусӣ карданд, ки бештар аз 95 дар сади онҳо корхонаҳои хурд буданд. Давлати Тоҷикистон соли 2004 Барномаи стротегии хусусигардонии корхонаҳои миёна ва бузург барои соли 2003-2009-ро қабул кард ва аз ҳамон сол ҷараёни хусусигардонӣ амалан мутаввақиф шуд. Баръакс шумораи корхонаҳои давлатӣ, ки соли 2004 583 ададро ташкил медод, то соли 2013 афзуда ба 687 адад расидааст. Аммо дар Тоҷикистон ягон ниҳоди давлатӣ набудааст, ки барои фаъолият ва назорати молии ин корхонаҳо ҷавоб гӯяд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG