Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар остонаи соли нави мелодӣ, шадидтар шудани реҷаи интиқоли барқ дар маркази вилояти Суғд, умеди сокинонро ба истиқболи ҷашни солинавӣ дар хонаҳои гарму чароғон, камранг кардааст.

Ин фасли сармо, бар хилофи ваъдаҳои ҳукумат, ки шаҳру марказҳои навоҳӣ бебарқ гузошта нахоҳанд шуд, маҳдудияти реҷаи интиқоли нерӯи барқ тамоми гӯшаву канорҳои минтақаи шимолии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Хуҷандро фаро гирифт.

Рӯзи сешанбеи 23-юми декабр қисмати марказии Хуҷанд аз соати 9 то нимарӯз барқ надошт. Ҳамин тавр, ба гуфтаи сокинони маҳалҳои дигари Хуҷанд, онҳо низ давоми рӯз чанд соат барқ надоштанд. Сокинон мегӯянд, маҳдудияти интиқоли барқ низоми кори онҳоро барҳам задааст. Як раҳбари корхонаи шустагарӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бебарқӣ кори моро мекушад. Мизоҷонро аз даст дода истодаем. Меоянд, мебинанд - барқ надорем, бармегарданд ё ба ҷустуҷӯи корхонаи дигар мераванд.”

Ҳамин тавр, коргарони корхонаи дӯзандагӣ дар маркази Хуҷанд низ аз набуди барқ изҳори нороҳатӣ карданд: “Барқ, ки нест, дар корхона хунук хӯрда шиштаем. Чунки кори мо аз будани барқ вобаста аст. Дастгоҳи дӯзандагӣ, гулдузӣ, дарзмол - ҳамааш бо қувваи барқ кор мекунад. Аммо фардо аз мо албатта пули иҷора ва андозро талаб мекунанд. Имрӯз аз ҳоламон ягон кас намепурсад, ҳатто намегӯянд, ки кай барқ медиҳанд. Агар кор ҳамин тавр рафтан гирад, аҷаб не, ки иди Соли Навро ҳам бебарқ пешвоз гирем.”

Сокинони Хуҷанд аз соати 12-и шаб то 5-и субҳ дар хонаҳои худ барқ надоранд. Аммо нигаронии бештари онҳо аз он аст, ки намедонанд боз дар кадом соатҳои рӯз дар хонаву коргоҳи онҳо барқ хомӯш хоҳад шуд, чунки ходимони Идораи барқ бидуни огоҳии қаблӣ дар Хуҷанд гоҳе то нимарӯз, гоҳе баъди он тӯли чанд соат барқро хомӯш мекунанд. Сокинони навоҳии Суғд танҳо субҳу шом 2-3 соатӣ барқ мегиранд.

Идораи барқ ба хотири таскини дили сокинон ва расидагӣ ба арзу шикоятҳои онҳо дар Хуҷанд телефони “Боварӣ” ташкил кардааст. Баҳром Очилов, навбатдори ин хат дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи соатҳои реҷаи интиқоли барқ ба хонаҳои сокинони маркази вилоят гуфт, ки он як реҷаи аниқ надорад: “Ҳозир додани барқ ба баъзе маҳаллаҳоро қатъ карда истодаанд. Аммо як реҷаи аниқи хомӯшкунӣ нест, ҳеҷ кас як вақти аниқро гуфтан наметавонад. Мумкин баъди ягон ҳафта реҷа муайян шавад.”

Масъулони намояндагии ширкати “Барқи тоҷик дар вилояти Суғд, дар соатҳои маҳдуд интиқол додани нерӯи барқ ба хонаҳои мардумро дар ин фасли сармо ба афзудани талаботи сокинон ва норасоии нерӯи барқ марбут медонанд. Мӯъмин Тошматов, раҳбари намояндагии мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Дар ҳамин шабонарӯзҳо вилояти Суғд ҳудуди 8.5 миллион киловатт соат, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд тақрибан 2.5 миллион киловатт соат нерӯи барқ мегирад, ки ин аз мидори таъинкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ зиёд аст. Бар иловаи норасоии нерӯи барқ, таҷҳизотҳо, ки солҳои сол кор мекунад, имкони бардошти нерӯи барқро надорад. Як садама шавад, коргарони мо ба ҷои 2-3 соат дар 2-3 рӯз барқарор мекунанд. Норизоию шикояти аҳолӣ аз ин зиёдтар мешавад.”

Дар қиёс ба соли гузашта, вилояти Суғд дар ин фасли сармо ҳудуди 1 миллион киловатт-соат зиёд нерӯи барқ мегирад. Вале бо вуҷуди ин, имсол норасоии шадиди барқ ҳатто дар маркази вилоят мушоҳида мешавад. Ҷаноби Тошматов инро ба афзудани талаботи аҳолии шаҳри Хуҷанд ба нерӯи барқ рабт медиҳад. Ба гуфтаи вай, соли равон ба минтақаи шимолии Тоҷикистон ба маблағи 126 миллион сомонӣ таҷҳизоти техникии барқӣ ворид шудааст, ки ҳатто дар сурати истифодаи ними он, талабот ба нерӯи барқ меафзояд.

Вале сокинони оддӣ ин гуна далелҳои мақомоти масъулро қабул надоранд. Онҳо як сабаби аслии барқи доимӣ надоштан дар хонаҳои худро мудирияти нодуруст ва тақсими номунсифонаи он медонанд. Як мусоҳиби Радиои Озодӣ аз шаҳри Хуҷанд, ки нахост аз вай ном бурда шавад, дар ин бора гуфт: “Бинед, одамони пулдор аз чанд километр бошад ҳам, хати барқи доимиро кашида ба хонаҳояшон бурдаанд. Аммо пули он барқ оё ба давлат мегузарад? Инро худи барқчиҳо ҳам нағз медонанд. Агар пули ҳамаи барқе, ки мефурӯшанд, ба давлат мегузашт, то ин дараҷаҳо намерасидем.”

Аммо масъулон ин иддаои сокинонро рад мекунанд ва маҳдудияти интиқоли барқ ба хонаҳои сокинонро ба норасоии он рабт медиҳанд. Ба гуфтаи намояндагии ширкати “Барқи Тоҷик” дар Хуҷанд, вилояти Суғд дар фасли сармо ба ҳудуди 14 миллион киловатт соат нерӯи барқ дар шабонарӯз ниёз дорад. Аммо дар ҳоли ҳозир аз ин миқдор чизе бештар аз ними онро мегирад. Аз ин рӯ ногузир онро тибқи реҷа тақсим мекунад.

Бо вуҷуди ин, раҳбари намояндагии ширкати “Барқи Тоҷик дар вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба сокинон итминон дод, ки хавотир нашаванд, чун шаби Соли Нав интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои онҳо қатъ нахоҳад шуд ва умедвор аст, дар соли 2015 маҳдудияти барқрасонӣ сабуктар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG