Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сайёраи хурд дар низоми офтобиро Анҷумани ситорашиносони ҷаҳон ба номи астрономи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова гузоштааст. Ин ҳаштумин ҷирми осмонист, ки номи донишмандон аз Тоҷикистонро мегирад.

Дар моҳи июли соли 2014 як сайёраи осмонӣ ба номи нуҷумшиноси тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова гузошта шуд.

Ин сайёра, ки соли 2001 дар расадхонаи Ловелли Амрико кашф шудааст, ба Замин хеле наздик буда, диаметр ё қутраш даҳ километр аст. Гулчеҳра Қоҳирова, ки раҳбарии Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро ба дӯш дорад, мегӯяд, ҳарчанд солҳои зиёд ба омӯзиши ҷирмҳои осомнӣ машғул буд, вале аслан интизор надошт, ки рӯзе як сайёра номи ӯро мегирад.

Ӯ мегӯяд, зимни ширкаташ дар як ҳамоиши ҷаҳонӣ дар мавзӯи сайёраҳо ва шиҳобҳо, тобистони соли 2014 дар Финландия, Иттиҳодияи ҷаҳонии астрономӣ исми нави 10 сайёраи хурдро муаррифӣ кард ва гуфт, яке аз онҳо ҳамакнун Қоҳирова ном дорад. Ин астероид ё сайёраи хурд таҳти рақами 24533 акнун дар феҳрастҳои астрономии дунё ба номи "Kokhirova" зикр мешавад.

СӮҲБАТИ ВИДЕОӢ БО ГУЛЧЕҲРА ҚОҲИРОВА:

Гулчеҳра Қоҳирова рӯзи 8 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим баёнгари сатҳи баланди илми нуҷумшиносӣ дар Тоҷикистон аст. ”Сайёраи ман ҳаштумин сайёрае аст, ки ба олимони тоҷик бахшида мешавад. Ва ин сайёраҳо метавон гуфт, боигарии миллати мо, ифтихори Тоҷикистонанд. Медонед, дар ҷаҳон кишварҳое, ки илми нуҷумшиносиашон рушд карда бошад, хеле каманд. На ҳама кишварҳо ин имкониятро доранд.Тоҷикистон бояд ифтихор кунад, ки илмаш дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст,”- гуфт Гулчеҳра Қоҳирова.

Акси сайёраи ба номи Гулчеҳра Қоҳирова, ки аз расадхонаи Санглохи воқеъ дар Данғара гирифта шудааст

Акси сайёраи ба номи Гулчеҳра Қоҳирова, ки аз расадхонаи Санглохи воқеъ дар Данғара гирифта шудааст

Фарҳод Раҳимӣ, раҳбари Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳам, зимни эълони ин хабар рӯзи 8 январ, онро як ҳодисаи барои мардуми Тоҷикистон фараҳбахш номид. Ҷаноби Раҳимӣ гуфт, ҳоло онҳо аз пайи дарёфти иҷозатнома барои соҳиб шудан ба як сайёраи хурди дигар, ҳастанд, ки ба хотири мувафақиятҳои олимони тоҷик, “Тоҷикистон”- номгузорӣ шудааст. ”Асосан астероидҳо ва сайёраҳои хурд ба номи олимон гузошта мешавад. Ва то имрӯз сайёрае ба номи олими тоҷик “Пӯлод Бобоҷонов” ҳаст ва як сайёраи дигар ҳам исми “Тоҷикистон”- ро дорад. Ҳоло мо кӯшиш дорем, соли 2015 масъалаи сертификаткунониро ба анҷом расонем. Ҳоло гуфтушунидҳо дар ин самт рафта истодааст,”- мегӯяд Фарҳод Раҳими.

Номгузории сайёраҳо бо исми олимони ҷумушинос ҷоизаест, ки барои заҳматҳои олимон дар ин соҳа ироа мешавад. Гулчеҳра Қоҳирова ҳам бо ташкили шабакаи болидӣ дар назди институти астрофизика дар соли 2006, тавонистааст якҷо бо гурӯҳи худ, беш аз 200 болидро мушоҳида ва дар бораи онҳо маълумот ҷамъ оварад. Ин шабакаи мушоҳидавии болидҳо дар Осиёи марказӣ назир надошта, ҳадафаш ҳам омӯзиши ҷирмҳои хурди кайҳонии наздик ба Замин ва хатарнок будааст. Гулчеҳра Қоҳирова мегӯяд, шабакаи болидӣ бо кӯмаки як созмони ҷаҳонӣ таъсис ёфта, бо тамоми таҷҳизоти муосир барои сабту назораи сайёраву шиҳобҳо таъмин аст.

Болид ҷисми бузурги наздизаминӣ аст, ки ба сайёраи Замин наздик шуда, аз худ дар фазо пайи рӯшане мегузоранд. Он аз шиҳобу ситора ҳам бузургтар аст.

“Мо аз панҷ нуқта - Қӯрғонтеппа, кӯҳи Санглохи Данғара ва Ҳисору Ховалинг сайёраву ҷирмҳои осмониро назора мекунем ва тамоми маълумотро дар бораи ин болидҳо ҷамъ меорем, то муайян кунем, ки то куҷо ин ҷисмҳо ба замин хатарноканд. Онҳо ё аз санг ва ё аз яхпораҳо иборатанд, ва агар ҷисми бузурги сангӣ поин шавад, метавонад, ба замин бархӯрда битаркад, ҷирмҳои яхӣ бошад дар атмосфера метарканд. Вале дар ҳар ду ҳолат ҳам, оқибати чунин бархӯрдҳо барои замин ва биосфера хатарнок аст. Барои фаҳмо будан, ҳодисаи соли гузашта, дар Челябинск рух додаро мисол меорем. Ҷисми бузурге бо қутри 20 метр вориди атмосфераи Замин шуда, дар фазо таркид ва дар натиҷа хонаҳо хароб шудаву одамон ҳам осеб диданд,”- мегӯяд Гулчеҳра Қоҳирова.

Гулчеҳра Қоҳирова зимни сӯҳбат аз наздикшавии метеорит ва болидҳо ба замин, ҳамчунин аз ҳодисаи соли 2008-и Тоҷикистон, ёдрас шуд, ки як чунин шаҳҳобпорае дар ғарби Душанбе пойин шуда буд ва баъдан аксари сокинон пайи онро чун Аллоҳ хондаву ҳайратзада шуданд. Хонум Қоҳирова мегӯяд, онҳо хеле мехостанд метеорити ба замин афтодаро пайдо кунанд, аммо барои ёфтани он нерӯ ва имкони зиёд даркор аст. Ӯ бо ишора ба шароиту имконоти нуҷумшиносони тоҷик гуфт, бо вуҷуди он, ки онҳо тавоноии молии хубе надоранд ва маоши ночиз мегиранд, аммо талоши зиёде барои рушди нуҷумшиносӣ ва кашфу муайянсозии сайёраву зарраҳои осмонӣ харҷ медиҳанд.

Шаҳоби Чурюмов –Герасименко

Шаҳоби Чурюмов –Герасименко

Ин бори ҳаштум аст, ки як ҷирми осмонӣ ба номи донишмандони тоҷикистонӣ гузошта мешавад. Дар зимн дар як соле, ки гузашт, исми ду олими тоҷик дар ҷаҳон муаррифӣ шуд. Дар баробари Қоҳирова, ки акнун як сайёраи хурдро ба номи худ ихтисос дод, моҳи декабр, ҳамчунин расонаҳои дунё аз фуруд омадани дастгоҳи кайҳонии "Розетта" ба рӯи шаҳоби Чурюмов – Герасименко хабар доданд. Светлана Герасименко, нуҷумшинос аз Тоҷикистон ҳамроҳи фазошиноси украинӣ Клим Чурюмов ин ситораи думболадорро дар соли 1969 дар фазои Қазоқистон кашф кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG