Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Исроил. Пирӯзии ҳизби Нетаняҳу


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Ҳизби Ликуд ба раҳбарии Бенямин Нетаняҳу дар интихоботи парлумонии Исроил ғайриинтизор пирӯз шуд. Ин имкон медиҳад, то Нетаняҳу барои чорумин бор ба мақоми нахуствазирӣ бирасад.

Ҳизби ҳокими Ликуд дар Исроил ба раҳбарии Бенямин Нетаняҳу рӯзи 18 март ғайриинтизор пирӯзи интихоботи ин кишвар эълон шуд. Дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи баргаҳои раъй шумурда шудааст, чунин ба назар мерасад, Ликуд аз 120 курсии парлумон 30 курсиро ба даст овардааст.

Исҳоқ Ҳерзог, раҳбари мухолифон ҳам гуфтааст, вай бо Нетаняҳу сӯҳбат ва пирузияшро табрик кардааст. Назархоҳиҳо нишон медод, ҳизбҳои Ҳерзог ва Нетаняҳу тақрибан ҷонибдори баробар доранд. Вале ҳизби Иттиҳоди Саҳюнистии Исҳоқ Ҳерзог 24 курсиро соҳиб шудааст.

Ҳоло Нетаняҳу бояд барои ташкили ҳукумат бо ҳизбҳои ростгаро ва муттаҳидони мазҳабӣ эътилоф ташкил кунад. Агар вай дар ташкили эътилоф комёб шавад, бори чаҳорум бор раҳбарии ҳукуматро бар уҳда мегирад ва дарозумртарин нахуствазири Исроил хоҳад буд.

Эътилофи арабҳои исроилӣ низ саввумин ҳизб аз назари шумораи курсиҳо дар парлумон аст. Ин эътилоф, ки барои нахустин бор бо феҳристи муштарак аз номзадҳои араби исроилӣ ба вуҷуд омадааст, метавонад то 13 курсиро соҳиб шавад.

Реувен Ривлин, раисиҷумҳури Исроил гуфтааст, талош хоҳад кард, то як ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шавад. Пештар дар соли 2012 ҳизби "Ликуд" ва рақибаш дар он замон ҳизби "Кадима" ба таври ғайримунтазира мувофиқат карданд, то як як ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил диҳанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки аз мухолифони сахти музокироти ҳастаӣ бо Эрон ва ташкили давлати Фаластин аст, дар миёни ҳаводоронаш аз пирӯзии бузург сухан гуфтааст. Дар замони раҳбарии Бенямин Нетаняҳу Исроил чанд дафъа миёни Исроил ва Ҳаракати муқовимати исломӣ (ҲАМОС) даргириҳо сурат гирифта, боис ба марги садҳо фаластинӣ шуд, ки миёни онҳо занон ва кӯдакон низ буданд.

Рақиби аслии чапгароии ӯ Исҳоқ Ҳерзог гуфтааст, "ҳама чиз мумкин аст" ва ӯ ҳанӯз талош хоҳад кард, то як давлати "сотсиалистии воқеӣ" ташкил кунад. Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, "бар хилофи ҳама эҳтимолҳо, мо тавонистаем як пирӯзии бузург ба даст оварем". Ӯ афзудааст, акнун як давлати босубот ва қудратманд месозад. Рақиби ӯ Исҳоқ Ҳергоз, раҳбари "Иттиҳодияи Саҳюнист" аз ҷумлаи тарафдорони ташкили давлати Фаластин аст ва мегӯяд, талош хоҳад кард як давлати сотсиалистӣ дар Исроил ташкил диҳад.

Хабаргузории Фаронса аз қавли коршиносони масоили он кишвар нақл кардааст, ки имкони Нетаняҳу барои онки аз сӯи президенти он кишвар ба унвони нахуствазири муаррифӣ шавад, бештар аст. Бино бар қонунҳои Исроил, нахуствазир касе мешавад, ки аксари орои вакилонро ба худ ҷалб кунад. Парлумони Исроил дорои 120 курсӣ аст ва дар низоми интихоботии ин кишвар то ҳол ҳеҷ ҳизби сиёсӣ аксарияти қотеи курсиҳоро ба даст наовардааст.

XS
SM
MD
LG