Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняху: "Эрон душмани Исроил ва Амрикост"


Теҳрон талаби Барак Обама дар мавриди барои ҳадди аққал даҳ сол мутаваққиф кардани барномаи ҳастаиро дар ҳоле рад намуд, ки нахуствазири Исроил дар Конгресси Амрико аз паёмадҳои фоҷиабори созиш бо Эрон сӯҳбат мекард

Теҳрон талаби Барак Обама дар мавриди барои ҳадди аққал даҳ сол мутаваққиф кардани барномаи ҳастаро рад кард. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 3 март гуфт, ки талаби Вошингтон хело бузург ва берун аз мантиқ аст. Ӯ ҳамчунин ба он нукта ишора кард, ки Барак Обама дар ин бора бо лаҳни “ғайри қобили қабул ва таҳдидомез” сӯҳбат мекард.

Раисиҷумҳури Амрико дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters рӯзи 2 март баъд аз талаб аз Эрон барои ҳадди аққал даҳ сол мутаваққиф кардани барномаи ҳастаияш гуфт, “шонсҳо барои расидан бо созиш зиёд нестанд, аммо ҳама гуна алтернативаи дигар бадтар хоҳад буд”. Панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ – Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин ба иловаи Олмон талош доранд, ки Теҳронро ба мутаваққифсозии коркарди барномаи ҳастаӣ ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ розӣ кунанд. Мӯҳлати ниҳоии расидан ба созиш оид ба барномаи ҳасмтаии Эрон 30 март муқарар шудааст.

Дар ҳамин ҳол нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняху рӯзи сешанбе дар суханронӣ дар Конгресси ИМА бори дигар мухолифаташ ба созиш бо Эронро эълон кард ва гуфт, ки бо вуҷуди маъракаи хуб нишон додани чеҳраи Эрон ҳукумати ин кишвар душмани на фақат Исроил, балки душмани Амрико ҳам боқӣ мемонад.Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, Вошингтон набояд ба Теҳрон имкони идомаи коркарди барномаи ҳастаиро диҳад. Нахуствазири Исроил афзуд, ки созиш ва лағви таҳримҳои байнулмилалӣ аз талоши Эрон барои соҳиби силоҳи ҳастаӣ шуда ҷилавгирӣ нахоҳанд кард.

Қабл аз ин суханронӣ Барак Обама мавқеи нахуствазири Исроил дар мавриди созиш оид ба барномаи ҳастаии Эронро нодуруст хонда ва гуфт, “Нетаняху изҳороти гуногун пахш кард, аз ҷумла, дар бораи он ки ин созиши ваҳшатнок хоҳад шуд ва Эрон баъд аз дарёфти 50 миллиард доллар аз иҷрои созиш сарпечӣ хоҳад кард”. Обама афзуд, ки баъз аз имзои созиши муваққат Эрон аз рушди барномаи ҳастаияш даст бардошт. "Эрон ҳатто ба гунае барномаашро мутаваққиф мекунад”, таъкид намуд раисиҷумҳури Амрико.

Алиризо Нуризода, таҳлилгари сиёсии муқими Лондон, мегӯяд, бо даъвати барои даҳ сол мутавққиф шудани барномаи ҳастаии Эрон Барак Обама мехоҳад ҷомеъаи байнулмилалӣ ва қабл аз ҳама муттаҳидонаш мутмаин шаванд, ки тайи даҳ соли оянда Эрон ба аҳди кардаи худ содиқ мемонад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, "барномаи ҳастаии Эрон алъон ба марҳалае расидааст, ки агар хостори тавлиди силоҳи ҳастаӣ бошад, бо назардошти қудрат, имконот ва фановариҳои дар ихтиёраш буда дар зарфи як сол метавонад соҳиби ин гуна силоҳ шавад". Аз нигоҳи Алиризо Нуризода, Теҳрон ба пешниҳоди Обама барои эълони моратории даҳсола ба коркардаи барномаи ҳастаияш фақат дар ҳоле розӣ мешавад, ки аз чанд имтиёз, лағви пурраи таҳримҳои байнулмилалӣ ва аз мақоми кишвари муқтадири минтақа ва вориди ҳама баҳсҳои минтақаӣ бархӯрдор шавад.

То рӯзи ниҳоии барои созиш оид ба барномаи ҳастаии Эрон муқарраршуда, яъне 30 июн, вақти зиёд боқӣ намондааст ва аммо ҳанӯз маълум нест, ки ихтилофи назар миёни Эрон ва “панҷ ба иловаи як” то куҷо мумкин аст. Ахиран Сюзан Райс, мушовири раисиҷумҳур Барак Обама дар масоили амнияти миллӣ, аз Конгресс хост, ки то анҷоми музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эрон алайҳи Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ накунад.

XS
SM
MD
LG