Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кранҳои мероси Шӯравӣ - таҳдид ба ҷони сокинони Кӯлоб


Омӯзгорону толибилмони яке аз мактабҳои шаҳри Кӯлоб кран ё худ борбардори саҳни ин мактабро хатарбор дониста, барои наздик нашудани хонандагону сокинон ба он навбатдорӣ ташкил кардаанд.

Навбатдорӣ назди ин борбардор замоне роҳандозӣ шудааст, ки чанде аз толибилмон ва хонандагони синфҳои поёнӣ аз ин борбардор афтода ҷароҳат бардоштаанд. Ин борбардор охири солҳои 1980-ум ба хотири бунёди сохтмони баландошёна насб шуда буд, вале ҳарчанд, он баландошёна бунёд нашуда бошад ҳам, ин кран ҳамчун як хатар дар ин маҳал боқӣ мондааст.

Бароталӣ Одинаев, мудири мактаби рақами 52-и шаҳри Кӯлоб ҷумъаи 3 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, замони ахир бештар кӯдакон аз болои борбардор сарозер шуда, ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи Одинаев, замони танаффус онҳо дар назди ин борбардор аз омӯзгорон навбатдорӣ ташкил карда, кӯдаконро намегузоранд, то ба назди кран раванд. Ӯ мегӯяд, дар ҳар маҷлис падару модарон аз ин борбардори куҳнаву фарсуда шикоят мекунанд ва бим доранд, ки хатари ин борбардор рӯз аз рӯз бештар мешавад.

Ҷаноби Одинаев афзуд: «Мо чанд маротиб ба муовини раиси шаҳр муроҷиат кардем, ки соҳибони ин борбардор пайдо карда, то инро аз назди баромадгоҳи мактаб дур кунанд. Чунки вақтҳои ахир кӯдакон дар замони таътил ва танаффус мебинанд навбатдор нест, ҳатман барои бозӣ кардан ба болои ин мебароянд. Дар натиҷа чанде аз кӯдакон афтида ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, ҳатто маъюбшавӣ низ дар паи афтидан дида мешуд.»

Кранҳои бекорхобидаи Кӯлоб боиси ҷароҳат бардоштани кӯдакон шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00

Масъулони мактаби мазкур мегӯяд, дар бобати ин кран борҳо ба шаҳрдорӣ ва Ситоди ҳолатҳои фавқулода шикоят бурдаанд, аммо ҳеҷ нест, ки ин борбардори хатарнок аз паҳлӯи мактаб бардошта шавад.

Сафармад Муродов, як сокини маҳаллаи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб ба Озодӣ гуфт, хонаи ӯ дар паҳлӯи ин борбардори азимҷусса ҷойгир аст ва аз тарс ҳамеша дари хонаро ба рӯи кӯдакони хурдсолаш мебанданд. Ӯ мегӯяд, дар як рӯз тақрибан сад маротиб аз ин борбардор хабар мегирад, то ягон кӯдак дар болои ӯ набарояд. Ба гуфтаи Муродов, ду кӯдаки ӯ аз болои он афтода дастҳояшон шикаста будааст.

«Афтидан аз болои ин ба хайр аст. Худо накунад, ягон кӯдак дасташро ба сими қувваи барқ, ки он ба тронсфарматор пайваст мешавад, расонад. Қувваи ин сим 380 волтро ташкил медиҳад, ё ягон симро ба болои он партояд, аз ин чанд нафар зарар мебинад, ҳатто талафот низ дида мешавад», - гуфт мусоҳиби мо.

Омӯзгорон ва сокинони Тамоштеппаи Кӯлоб дар ҳоле аз борбардори азимҷусса шикоят карданд, ки дар паҳлӯи бемористони Кӯлоб низ як крани сохтмонии кӯҳна мавҷуд буда, рӯз то рӯз сӯи замин сарозер мешавад. Масъулони ин бемористон як мактуби дастаҷамъона навишта, ба шаҳрдорӣ, шӯъбаи умури дохила, додситонӣ ва ба Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кӯлоб муроҷиат карданд. Аммо то кунун дар ин масоил ягон нафар чора наандешидааст.

Як масъули шуъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, барои бардоштани борбардорҳои хавфнок аз бемористони вилоятии Кӯлоб ва ҳам аз мактаби № 52 мактуб ворид шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд дар ин хусус онҳо чораандешӣ карданд, вале ин кор вазифаи аввалиндараҷаи Ситоди ҳолатҳои фақулода аст.

Ӯ афзуд: «Чанд кас аз ин борбардорҳо афтида фавдитаанд. Дар пайи таҳқиқ мо маълум кардем, ки як кисмати ин борбардорҳо ба як соҳибкоре мутаалиқ аст, ки феълан дар зиндон мебошад».

Дар шаҳри Кӯлоб 10 борбардори азимҷусса мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он аз 15 то 30 метр дарозӣ дорад. Масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки ба манзури берун бурдани кранҳо аз маҳаллаҳои аҳолинишин аз номи сокинон ва масъулин номаҳо дарёфт кардаанд. Онҳо мегӯянд, барои ин кор техникаву таҷҳизоти зарурӣ надоранд.

Дар ду соли ахир аз ин борбардорҳо ҳудудан 10 нафар сарозер шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Ва беш аз 100 кӯдак дар замони афтидан бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG