Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагии тоҷикҳо ба раҳбарии Бобои Назар дар як деҳаи Русия (ВИДЕО)


Бобои Назар

Бобои Назар

Хабарнигори Озодӣ дар як рустои дурафтода дар вилояти Твери Русия чанд хонаводаи тоҷиконро пайдо кард, ки яке аз онҳо Бобои Назар аз ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон будааст.

Хабарнигори “Настоящее время» - тарҳи нави телевизионии Радиои Озодӣ Александр Кулигин дар як рустои дурдасти вилояти Твери Русия бо номи Перелоги як ҷамъияти бузурге аз муҳоҷирони тоҷикро пайдо кардааст, ки чандин сол боз дар ин русто маскан ихтиёр кардаанд.

Ин муҳоҷирони тоҷик дар ин муддат ба муҳити зиндагии русӣ дар Перелоги то андозае хӯ гирифтаанд ва ҳатто барои мисол, тоҷике бо номи Пирумшо дар ин ҷо Петя ва ҳамсари ӯ Қурбонгул номи Катяро ба худ гирифтаанд. Қурбонгул ҳатто шӯхиомез мегӯяд, ки Катя ин тарҷумаи номи ӯ ба русист.

Перелоги дар як сарзамини пурботлоқ дар 36-километрии маркази вилояти Твер ва 210-километрии шимолуғарби шаҳри Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шудааст. Дар солҳои 90 аҳолии ҷавон аксаран ба шаҳрҳои кӯчида, тарки зодгоҳи худ кард ва дигар бо даргузашти ҳар пирамард ҳавлие дар Перелоги бесоҳиб мемонд. То замоне ки муҳоҷирони тоҷик роҳи ин русторо "пайдо" карданд.

Аҳолии бумии ин русто ҳоло бо ҳузури тоҷикҳо дар канори худ одат кардаанд ва барои мисол, ба гуфтаи хабарнигор Александр Кулигин, дигар инро ки танҳо тоҷикҳо дар Перелоги чорводорӣ ё деҳқонӣ мекунанд, русҳои сокини ин русто ҳамчун як амри табиӣ мешуморанд.

Галина Хренова, раиси маъмурияти деҳаи Перелоги мегӯяд, мардуми маҳаллӣ бо тоҷикҳо дар ин русто ҳусни ҳамсоягии хубе доранд: "Мо ба меҳмонии онҳо меравем, онҳо ба меҳмонии мо меоянд. Мо ба онҳо кор намегирем ва онҳо ба мо. Бо ҳамин шева дар канори ҳам зиндагӣ дорем."

Қурбонгул(Катя) бо раиси рустои Перелоги Галина Хренова

Қурбонгул(Катя) бо раиси рустои Перелоги Галина Хренова

Аз гузориш бармеояд, ки танҳо дар хоҷагиҳои тоҷикҳои сокини Перелоги то ҳол мурғу гов мепарваранд ва дар заминҳои бесоҳиби бозмонда аз колхозҳои собиқи ин минтақа низ асосан ҳамин тоҷикҳо кор мекунанд.

Аммо ҷолибтарин қисса дар ин гузориш достони Назар Хушаков аз ноҳияи Шаҳритӯс аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳ бурда, баъди тамом шудани ҷанг муддате ба зодгоҳаш бармегардад, вале аз паси фарзандонаш ин пирамард низ роҳи Русияро пеш мегирад ва фарзандон барояш дар Перелоги манзиле мехаранд. Назар Хушаковро, ки нахустин тоҷики сокини ин рустост, дар Перелоги ҳатто мардуми маҳаллӣ Бобои Назар ном мебаранд.

Бобои Назар дар Перелоги ҳам чорводорӣ мекунаду ҳам деҳқонӣ ва ҳатто як трактор ҳам харидааст. Ӯ ҳамчунин як ботлоқеро, ки замини ҳавлӣ ва хоҷагии деҳқониашро таҳдид мекард, хушконда, мардуми маҳаллиро, ки мегуфтанд, ин замин барои деҳқонӣ корношоям ва ҳавлии ӯ барои зиндагӣ муносиб нест, дар ҳайрат гузошт.

Дар солҳои 90 ва баъд дар рустоҳои дурафтодаи вилоятҳои Русия, ки аҳолии бумиаш умдатан ба шаҳрҳои кӯч мебанданд ва аксари ҳавлиҳо дар рустоҳои Русия бесоҳиб мемонанд, шумори зиёде аз муҳоҷирони тоҷик дар чунин рустоҳои матруку нимаматрук маскан карданд. Аз ҷумла дар Перелоги, ки дар миёни заминҳои ботлоқзор ҷойгир шудааст ва як макони начандон муносиб барои кору зинадгӣ шинохта мешуд. Ҳоло ин рустои ҷамъи хонаводаҳояш(бо шумули тоҷикон) ягон 30 оиларо ҳамин муҳоҷирон аз Тоҷикистон умеди дубораи зиндагӣ додааст.

Вале ҳаводиси ахир – бӯҳрони иқтисодӣ, ҷанҷоли Украина ва шадидтар шудани қонунҳои Русия барои муҳоҷирон – ҳоло дар дили тоҷикони сокини Перелоги ҳам ташвишҳоеро ҷо кардааст. Бисёри ин мардум, ки ба гуфтаи хабарнигор, дар вақташ аз сахтиҳои зиндагӣ дар Тоҷикистон ба инҷо паноҳ бурдаанд, тарсеро ҷо кардааст, ки мабодо аз инҷо ҳам ронда шаванд.

Ба ҳамин далел, Бобои Назар, ҳарчанд шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаасту зиндагиаш дар ин рустои дурафтодаи вилояти Твери Русия, ба қавли маъруф, тинҷ аст, боз ҳам ҳавлию боғашро дар Шаҳритӯси Тоҷикистон то ҳол нафурӯхтааст, ки шояд рӯзе ба онҷо баргардад…

Гузориши видеоии Александр Кулигин "Таджики реанимировали тверскую губернию"-ро бо забони русӣ инҷо тамошо кунед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG