Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Сафархон бояд мактаб наравад?


Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад......
Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад......

Сафархони Тӯрахон, як навраси 12 солаи тоҷик, аз ояндаи худ нигарон аст. Зеро оворагии 6 сола аз пайи падари маъюбаш ӯро аз мактабу таълим дур кардааст.

Худи Сафархон нахост бо мо аз ҳаёти имрӯзааш суҳбат кунад, вале модари ӯ Арафамоҳ Раҳимова мегӯяд, асабҳои писараш аз зиндагии душвор хароб шудаанд ва ӯ аллакай тоби чунин рӯзгорро надорад:

«Масалан дастам дар хамир аст, мегӯям падаратро нигоҳ кун, мегӯяд дигар нигоҳ намекунам. Дигар асабам намебардорад, маро намегузоред, ки мактабро дуруст хонам, падарамро нигоҳубин мекунам, бесавод мондам. Кӯдаки бечора аз синфи як ба ҳамин ҳол гирифтор. Беморхона назди падараш мерафт, аз онҷо гирякунон меомад, мактаб мерафт, аз мактаб омада гиря карда боз беморхона мерафт. Ана акнун ҳозир, ки синфи 6 гузаштаасту баақл шудааст, мегӯяд, ман шарм мекунам, аробачаи маъюбии падарамро намеронам, ягон мактаби хуб баред монед, мехонам гуфта мегиряд.»

Зиндагии сангин ба шонаҳои кӯчаки Сафархон ҳангоме фурӯ афтод, ки 7 сол дошт. Соли 2007 падари Сафархон, Тӯрахон Каримов, сокини деҳаи Сариосиёи ноҳияи Ховалинг, ки солҳои зиёд ронандаи мошини боркаш буд, дар вақти аз кор баргаштан, аз мошин афтид ва сутунмӯҳрааш шикаста, фалаҷ шуд. Вай дигар роҳ рафта наметавонад ва савори аробачаи маъюбист. Ҳамин тавр, зиндагии ҳамсар ва чор фарзанд, бо аз пой мондани ноновари хона, мушкил гашта, ҳатто аз хонаву дари падарӣ ҳам маҳрум шуданд.

Тӯрахон Каримов, ки бо шикоят ба дари раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, «бародарам ҷангу даъво кард, ки аз хона баро рав. Аз он ҷо баромадам, бехонаву дар. Маро бо кӯдаконаму ин маъюбиам ҳеҷ кас намеғунҷонад. Барои ҳамин, илтимос мекунам, ки шикоятҳои маро ҷаноби олӣ бишнавад ва маро ба наздаш даъват кунаду аз наздик ҳоли зорамро бинад. Ва бо хонае таъмин намояд, ки озодона ба монанди дигарон ман ҳам зиндагӣ кунам. Шаш сол аст, дар ба дари идораҳо мегардам, ариза менависам, ҳеҷ кас ба додам намерасад».



Зиндагии сахти як хонаводаи маълули тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00


Ба гуфтаи Тӯрахон, ҳамсари ӯ Арафамоҳ маъюби гурӯҳи сеюм буда, фарзанди дуввумаш Муҳайё низ маълули гурӯҳи 1 аст ва нафақаи онҳо дар маҷмӯъ 380 сомониро ташкил медиҳад. Арафамоҳ мегӯяд, ин маблағро барои баъзе доруву дармони зарурӣ, хӯрокворӣ ва иҷорапулӣ сарф мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, чун ин маблағ барои рӯзгузаронӣ басанда нест, ӯ маҷбур мешавад, манбаъҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ намуда, кӯдакони хурдсол ва шавҳари маъюбашро дар назди фарзанди калониаш Сафархон гузорад:

«Дар ҳамон деҳаамон дар як хонаи сарватманд кор мекардам, побел менамудем, корҳои кишоварзӣ мекардем, соҳиби хона 50-60 сомонӣ кӯмак мекард, сарулибос медод. Боз ҳар бегоҳ соҳибхоназан ба ман хӯроку нон медоду мегуфт, ки ту аз субҳ то бегоҳ дар хонаи ман кор мекунӣ бар ин хӯрокиҳоро кӯдаконат хӯранд.»

Аммо як ҳафта мешавад, ки ин оилаи сарсахт бо ду нафар фарзанди калониаш дар кӯчаҳои Душанбе сарсону саргардонанд ва дар беморхонаҳои пойтахт шаби худро рӯз мекунанд. Зеро онҳо мегӯянд, дигар наметавонанд пули иҷораро диҳанд.

Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, маъюбоне, ки ба манзили зист эҳтиёҷ доранд, тибқи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкилии онҳо бояд тавассути ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳаллу фасл гардад. Вай афзуд, «татбиқкунандаи Кодекси манзил дар қисмати имтиёзҳои маъюбон аз рӯйи эҳтиёҷоти онҳо ба беҳтар намудани шароити манзил вобаста аст ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ. Бояд маъюб тариқи ариза ба ин мақомот муроҷиат кунад. Дар ҳар як ҳукумати шаҳру навоҳӣ шӯъбаҳои манзил ҳаст, дар онҷо комиссияи махсус фаъолият мекунанд, ки рафта вазъияти маъюбро дида, тибқи муқаррароти умумие, ки Кодекси манзил муайян кардааст, ин масъалаҳо дида баромада мешавад.»

Аммо қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон то чӣ андоза ба ҳифзи манфиатҳои чунин кӯдакон равона шудааст? Қудратулло Қурбонов дар посух ба ин суол гуфт, ки «сарвари оила маъюби гурӯҳи як аст, ҳамсараш азбаски гурӯҳи 3 мебошад, ӯ қисман коршоям аст. Ба ҳар сурат кӯдак 24 соат падарашро нигоҳ намекунад, бояд чор соат ё панҷ соат ба кӯдак имконият диҳанд, ки вай дар мактаб таҳсилашро давом диҳад. Модараш ҳам агар маъюби корношоям мебуд, дар ин сурат масъала дигар хел баррасӣ мегардид. Масалан, дар ноҳияҳо шӯъбаҳои ёрии иҷтимоӣ дар хона амал мекунад, ки ба маъюбони гурӯҳи якум, ки эҳтиёҷ ба парастории шахси дигар доранд, кӯмак мерасонанд.»

Коршиносон ба тақдири минбаъдаи Сафархон барин кӯдакон хушбин нестанд. Тибқи таҳлилҳои онҳо чунин нафарон як умр дар гирдоби мушкилоти зиндагӣ қарор мегиранд. Чунон ки дар ин бора Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик мегӯяд:

«Вақте ки кӯдак одами калонро нигоҳубин мекунад, он вақт равони нозук, ки дорад, равонаш метавонад, ки шиканад. Ва ҳамон бемориҳои ӯро дар майнаи сари худ ҷо кунад ва сабаби харобшавии асаби ӯ шавад. Ва ин оҳиста-оҳиста ба он оварда мерасонад, ки дарсе, ки ҳамон кӯдак аз одами бемор мегирад ва дунёро фақат беморӣ, фақат мушкилӣ тасаввур мекунаду дар худ фақат аломати беморӣ мекобад. Дар оянда бесаводӣ низ ба равони ин кӯдак таъсир мерасонад, яъне надонистану нашинохтани атроф, надонистани қонуну қоидаҳо, боз ба мушкилиҳои зиёде дар зиндагӣ гирифтор мекунад. Фарзандони вай ҳам оянда ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд».

Бар асоси омори расмӣ, то 1-уми январи соли 2013 дар Тоҷикистон беш аз 166 ҳазор маъюб сабти ном шудааст, ки аз инҳо ҳудуди 40 ҳазор нафарашон маълулони ноболиғ мебошанд.

Аммо оё дар оилаҳои маъюбон чӣ қадар кӯдаки мисли Сафархон ба воя мерасанд, омори дақиқе вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG