Пайвандҳои дастрасӣ

Ашӯр Мадалиев аз Кӯлоб дар 23 соли охири зиндагиаш роҳи тақрибан монанде бо 23 соли истиқлоли Тоҷикистонро тай кардааст.

Хонаводаҳое, ки 23 соли пеш баробари эълони истиқлоли Тоҷикистон аз канори падару модар ҷудо шуда, ба зиндагии мустақилона оғоз карданд, дар ин муддат роҳи душвору сангинеро тай намудаанд.

Ашӯр Мадалиев, сокини Кӯлоб, мисли Тоҷикистон, ки намехост, аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ берун шавад, чандон моил набуд, дур аз канори падар зиндагии мустақилона барпо кунад. Аммо давраи мустақилияти ӯ ба мисли истиқлолияти Тоҷикистон бидуни интизор фаро расид.

Хонаводаи Ашӯр Мадалиев бинобар тангии ҷой дар ҳавлии падарӣ нагунҷид ва ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш маҷбур ба пешвози ояндаи номуаяйян ҳаракат карданд. Он сол Ашӯр ҳамагӣ 25 сол дошт ва дар канораҳои шаҳри Кӯлоб дар як мавзеи беобу дарахте як хонаи фақирона бунёд кард.

Ашӯр Мадалиев бо аҳли хонаводааш

Ашӯр Мадалиев бо аҳли хонаводааш

Зиндагии ин хонавода ба сарнавишти давлати Тоҷикистон шабеҳияти зиёд дорад. Аз мероси падарӣ барои ӯ танҳо як ҷойхоб расид, мисле ки аз Шӯравӣ ба Тоҷикистони тозаистиқлол ҷуз чанд бинои нимкора чизе нарасида буд.

Ашӯр мегӯяд: “Мо чизе нагирифтем. Аксари ҷиҳозро ба бародару хоҳарон додем. Мо аз сифр зиндагиро сар кардем. Хеле мушкил буд, боми хона дар боронгариҳо мечакид ва дар як дашт ба ҷуз мо дигар касе хона надошт.”

Тоҷикистон пас аз чанд моҳи мустақилият, дар соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандии мудҳиш печид. Хонаводаи Ашӯр Мадалиеви навхонаро ин ҷанг «болои сӯхта - намакоб» шуд. Дар Кӯлоб барои мубориза алайҳи “ваҳобиҳо” аскар ҷамъ мекарданд. Аммо танҳо талоши сарсахтонаи ҳамсар монеъи ба ҷанги шаҳрвандӣ ҷалб шудани шавҳараш шуд.

Гулчеҳра, ҳамсари Ашӯр

Гулчеҳра, ҳамсари Ашӯр

Гулчеҳра, ҳамсари Ашӯр мегӯяд: “Ҳамсояҳоро ба ҷанг мебурданд. Шавҳари маро ҳам сахт мегирифтанд, ки ба ҷанг равад, аммо мо дар як хонаи танҳо бо як фарзанди хурдсол наметавонистем, ба ин розӣ шавем.”

Ин хонавода мисли ҳазорон хонаводаи дигар дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ранҷи гуруснагӣ кашид. Дар пушти корхонаи нонпазӣ навбат поиданҳо ва кушта шудани сокинон барои нон ҳанӯз аз ёди онҳо нарафтааст.

Пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ Тоҷикистон барои рӯи пой истодан ва барқарор кардани захмҳои ҷанг ба рушди иқтисод ниёз дошт. Тасмими бунёди нирӯгоҳу корхонаҳо ин бор Тоҷикистонро ба мухолифати ҳамсоякишварҳо рӯ ба рӯ кард. Ҳамин тавр, хонаводаи Ашӯр Мадалиев ҳам барои оби киштзор ва дақиқ кардани марзи атрофи хона бо чанд ҳамсоя чандин бор вориди радду бадал шуда буд.

Дар интиҳои даҳаи аввали истиқлол муҳоҷирати кории мардуми Тоҷикистон ба хориҷ як асои қавие барои иқтисоди аз пой уфтодаи ин кишвар шуд. Дар миёни он артиши бузурги муҳоҷирон Ашӯр ҳам буд, ки бо ирсоли пулҳои бо сад азорб дар ғурбат, дар Русия пайдокардааш зиндагии хонаводаашро беҳбуд мебахшид.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бо вуҷуди мушкилоти ҳанӯз ҳам боқимонда Тоҷикистони имрӯз аз Тоҷикистони 23 соли пеш хеле фарқ дорад. Мисле ки хонаводаи Ашӯр ҳам бе мушкил нест, вале дигар танҳо барои зинда мондан зиндагӣ намекунад. 23 соли гузаштаи зиндагии мустақил дар симои хонаводаи қаҳрамони мо ва ҳам дар рӯзгори онҳо нақшҳое гузошт, ки умеди онҳо барои фардои нектарро бештар кардааст. Ин марду зан ҳоло чор фарзанд ва як набера доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG