Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари созмони ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб пас аз як соли муҳоҷират ба ватан баргашт.

Бобоҷон Исломов, раҳбари ҳизби сотсиалист дар минтақаи Кӯлоб дар ҳоле ба муҳоҷират рафт, ки Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ин ҳизб тасмими ширкат дар интихоботи президентиро гирифта, аз омодагиаш ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ хабар дода буд.

Аммо Бобоҷон Исломов, ки баъди як соли муҳоҷират баргаштааст, рӯзи 19-уми май зимни ёдоварӣ аз он рӯзҳо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки замоне шикасти раҳбари ҳизбаш дар интихоботро дар муҳоҷират шунид, чандон ғамгин нашуд, зеро дақиқан ҳамон рӯзи 7-уми ноябри соли 2013, ки натиҷаҳои интихоботи Тоҷикистон ва пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар ин маърака эълон шуд, ҳамроҳ бо ду писараш дар сохтмоне дар Русия кори хубе пайдо карда буд.

Ҳоло раҳбари созмони ҳизби сотсиалист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, пас аз як соли муҳоҷират зиндагиаш беҳбуд ёфтааст. Ҳизби состсиалист ба мисли аксари аҳзоби дигар дар минтақаи Кӯлоб, албатта, ба ҷуз ҳизби ҳокими халқии демократӣ, дафтари корӣ надорад. Аммо Исломов мегӯяд, бо маблағе, ки аз муҳоҷират овардааст, манзили зисташро таъмир хоҳад кард ва корҳои ҳизбиашро дар ҳамон ҷо ба роҳ хоҳад монд.

Фаъолият дар ин ҳизби сиёсиро ӯ як шуғле медонад, ки аз он дил канда наметавонад, дар акси ҳол Бобоҷон Исломов мегӯяд, аз фаъолияти ҳизбӣ дар минтақа ҳеҷ сӯде ба даст намеояд. Ӯ гуфт: «Сафарам ба Русия на танҳо манфиати молӣ, балки манфиати маънавӣ низ бароям овард. Мо бо кори ҳизбҳои Русия он ҷо шинос шудем ва чанд ҷавонро он ҷо ба узвияти ҳизб шомил кардем. Бо чанд сиёсатмадор ҳам вохӯрӣ доштам. Ин сафар барои фаъолияти минбаъади ҳизбиам таъсири хуб хоҳад гузошт.»

Раҳбари созмони ҳизби сосиалист дар минтақаи Кӯлоб, ки дар оғози солҳои навадум бо ташкили созмони иҷтимоии «Ошкоро» дар Хатлон яке аз лидерҳои сиёсӣ маҳсуб мешуд, ҳоло дар қабати 5-уми як бинои панҷошёна зиндагии миёнаҳолона дорад.

Мисли ин мард, аксари раҳбарони аҳзоби сиёсии мухолиф дар манотиқ зиндагии чандон хубе надоранд. Ҳамтои дигари Бобоев, раҳбари созмони ҳизби демократи Тоҷикистон Амрохон Сафаров мегӯяд, зиндагии ӯ комилан аз ҳисоби маблағе ба роҳ монда шудааст, ки писаронаш аз Русия барояш мефиристанд. Ӯ мегӯяд, ҳатто бинобар доштани назарҳои интиқодӣ ба ҷаласаҳои ҳукуматӣ ҳам даъват намешавад. «Барои раҳбарони шаҳр гӯё, ки мо вуҷуд надорем. Мисле, ки дар замони Шӯравӣ яккаҳизбӣ буд ва дигар дар бораи ягон ҳизб гап намезаданд, ҳоло ҳам вазъият ҳамон хел аст. Фарқ танҳо дар ҳамин аст, ки ҳоло чанд ҳизб ҳаст, вале касе ба ҷуз ҳизби халқии демократӣ (ҲХДТ) ягон ҳизби дигарро ном намегирад. Ҳоло ҳам яккаҳизбӣ ҳаст.»

Аҳзоби сиёсӣ дар манотиқро танҳо дар се моҳ як бор дафтари саҳроии САҲА гирди як миз ҷамъ меорад ва онҳо бо баҳс сари масоили асосан иҷтимоӣ кифоят мекунанд.
Маҳмадшариф Набиев

Маҳмадшариф Набиев

Маҳмадшариф Набиев, раҳбари созмони ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳамчун лидери як ҳизби мухолиф имкони беҳ кардани зиндагӣ дар минтақа ғайриимкон аст. Ӯ мегӯяд, ба ҳар коре барои беҳбудии зиндагӣ онҳо даст зананд, мақомот зуд дар он ангезаи сиёсӣ ҷустуҷӯ мекунанд ва бо роҳҳои гуногун имкони беҳ кардани зиндагиро намедиҳанд. Ба гуфти ин раҳбари минтақавии ҲНИТ, ӯ тиҷорати хурде дорад, ки бо мушкил рӯзгорашро пеш мебарад, аммо талоши бузургтар кардани тиҷорат ғайримумкин аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Набиев, ба ҷуз аъзои ҲХДТ ба аъзои аҳзоби дигар кӯчактарин мансаб ҳам дода намешавад.

Маҳмадшариф Набиев мегӯяд: «Дар Тоҷикистон шоистасолорӣ нест, ки аз рӯи шоистагӣ мансаб бигирӣ. Ҳоло дигар ба ҳизбиятат нигоҳ мекунанд. Дигар чун бо фаъолият дар ҳизб зиндагӣ намешавад, мо бо як тиҷорати хурде, ки сабади истеъмолиамонро пур намекунад, сару кор дорем, ки каме ҳам бошад, зиндагиамонро таъмин кунем.»

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб сеюмин ҳизби сиёсиест, ки бо ҳифзи дафтари кориаш аз замони шӯравӣ соҳиби як утоқи корист. Аммо Шариф Латипов, раҳбари ин ҳизб мегӯяд, дар ин ҳизб танҳо барои ҳақиқат ва адолат кор мекунад, дар ҳоле ки зиндагии ӯ аз ҳисоби омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб пеш меравад.

Аммо ба фарқ аз дигар ҳизбҳои сиёсӣ, ҳизби ҳоким - ҲХДТ - ягона ташаккулест, ки аъзояш соҳиби мансаб мешаванд. Зулайхо Ҳақназарова, раҳбари созмони ин ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ба тозагӣ ба вазифаи ба истилоҳ равғанӣ - раиси бозори «Саховат»-и Кӯлоб таъин шуд, ки инро ҳамтоёнаш аз аҳзоби мухолиф тӯҳфаи баъдиинтихоботӣ барои фаъолияти пурсамараш дар интихоботи президентии соли гузашта медонанд.
Намое аз Кӯлоб

Намое аз Кӯлоб

Аммо Муҳаммадсиддиқи Саид, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, бо он ки аҳзоби сиёсии дигар худашон зиндагии чандон хубе надоранд, касе ба ҳарфҳои онҳо, ки бо пирӯзии ҳизби онҳо зиндагӣ дар кишвар беҳтар хоҳад шуд, бовар нахоҳанд кард. Ӯ мегӯяд, мардуми тоҷик зоҳирбин аст ва ба ҳарфи як раиси ҳизби камбағал касе гӯш ҳам нахоҳад дод: «Ин ки ин аҳзоб маҳбубият надоранд, маҳз аз ҳамин камбағалиашон аст. Масали маъруф аст, ки бе пул суханат асар надорад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки то ин аҳзоб аҳволи молиявии худро беҳ накунанд, дар бораи пайраву ҳамназар пайдо кардани онҳо сӯҳбат кардан мушкил аст.»

Аммо намояндагони бархе созмонҳои ҳизбӣ дар минтақаи Кулоб, ба мисли Бобоҷон Исломов, бовар доранд, ки азбаски онҳо аз табақаи камбизоати мардуманд, ҳарфашон ҳам ба ин қишри аҳолӣ ошнотар аст.

Дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 8 ҳизби сиёсии сабтиномшуда танҳо 6 ҳизбаш созмони ҳизбӣ дорад. Аммо дар Кӯлоб танҳо се биноеро метавон пайдо кард, ки дар пештоқашон номи ҳизбҳои халқии демократӣ, коммунистӣ ва наҳзати исломӣ навишта шудааст. Аз аҳзоби дигар ба ҷуз ном ва гоҳ-гоҳ ҳузури раҳбарони ягона ва ивазнашавандаашон дар нишастҳои созмонҳои байналмилалӣ дигар чизеро пайдо кардан ғайримумкин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG