Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии баъд аз зиндони Атмия. ВИДЕО


Атмия Азимова
Атмия Азимова

Атмия Азимова, маҳбуси собиқ, баъди як соли талош тавонистааст, коргоҳи дӯзандагии худро аз утоқи танге ба бинои бузургтар кӯчонад. Ҳоло Атмия ба даҳ зани собиқи зиндонӣ ҷойи кор додааст. "Аз ин тариқ мехоҳем, бонувонеро, ки дар пайи дарёфти як буридаи нон гоҳе ба коми ҷиноят фурӯ мераванд, наҷот диҳем", - афзуд ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Тибқи қонуни афв, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлол пешниҳод гардид, дар маҷмуъ, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида шуд.

Ин зан ибтидо корро дар як бинои хурд шурӯъ кард ва акнун ду сехро дар корхонаи "Нуртекс"-и Хуҷанд фаъол намудааст. Атмия Азимова рӯзи 29 декабр гуфт, "ҳоло доираи фаъолияти мо васеътар шудааст. Аз тарафи мақомот вазифадор гардидем, ки кӯрпа ва маҳсулоти дигар омода кунем."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Занони собиқи зиндонӣ соҳиби корхона шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Онҳо дар як сех кӯрпа ва дар сехи дигар барои табибон либос омода мекунанд. Дар як сол тавонистаанд, ки бо се шифохона ва як қисми ҳарбӣ низ қарордод баста, фаъолияти соҳибкориро рушд диҳанд. "Сифати кӯрпаҳои мо баланд аст. Пахтаи дасти аввалро гирифта, барои ҳар кӯрпа шаш кило пунбадона истифода мекунем. Ранги матоъ низ ҳангоми шустан намеравад. Кори дӯзандаҳои мо бидуни фиреб аст", - афзуд Атмия.

Дилбар Ҳакимова
Дилбар Ҳакимова

Ҳоло дар коргоҳи ӯ 10 зан кор мекунанд, ки дар гузашта дар зиндон буданд. Музди корашон дар як моҳ тақрибан ба 1000 сомонӣ баробар аст. Дилбар Ҳакимова 10 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст ва баъди берун омадан аз паси панҷара ним сол натавонистааст барои худ ҷои кор пайдо кунад. Ҳакимова гуфт, "шунидам, ки чунин корхона кушоданд. Кӯрпадӯзӣ кори ба ман ошно буд. Ба наздашон омадам, ки ба кор гиранд. Ҳоло якҷоя кор мекунем."

Сарнавишти Гулсун Маҷнунова ҳам ба тақдири Дилбар Ҳакимова бисёр монанд аст. Ӯ солҳо пеш аз зиндон раҳо шуд, вале ба хотири онки як бор ба маҳбас афтодааст, дар ҳеҷ коргоҳ барояш рӯи хуш надоданд ё чандон эътимод накарданд. Ӯ ҳунари дӯзандагиро намедонист, вале дар коргоҳи Атмия Азимова омӯхт.

Гулсун Маҷнунова
Гулсун Маҷнунова

Гулсун Маҷнунова гуфт, “моро ҳамон тавре, ки ҳастем, қабул доранд. Кӯшиш мекунем, ки иштибоҳҳои гузаштаро такрор накунем ва ислоҳ шавем. Зеро мехоҳем, ки зиндагии хуб дошта бошем. Ҳамроҳи ман бачаи хурдиам ҳаст ва ду фарзанди дигарам ҳамроҳи падару модарам зиндагӣ мекунанд, чунки имкони нигоҳубини онҳоро надорам."

Атмия Азимова зани собиқи зиндонӣ аст, ки 10 ҳазор сомонӣ қарзи бебозгашти раиси ҷумҳурро бароиба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ дарёфт кардааст. Ӯ соли 2013 бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир барои 8 сол ба паси панҷара рафт, вале баъди бештар аз як соли маҳкумият бар асоси қонуни афв раҳо гардид.

“Дар урфият мегӯянд, ки Худованд дуои бевазанҳоро тезтар қабул мекунад ва мо ҳам аз Худо мехоҳем, ба корамон баракат диҳад”, - гуфт ӯ ва афзуд, “агар дар соли 2017 фаъолиятамон хуб пеш равад, ҳатман ба як оши шукрона хоҳем дод.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар зиндони занонаи шаҳри Норак ҳудуди 300 зан нигаҳдорӣ мешаванд. Бархеи онҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар пайи ба иҷро даромадани қонуни нави афв озод шуда, ба назди пайвандони худ баргаштаанд. Тибқи қонуни афв, ки дар остонаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод шуд, дар маҷмуъ, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар, аз ҷумла 3 ҳазор зиндонӣ бахшида шуд.

XS
SM
MD
LG