Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз донишҷӯёни тоҷик хостори тарки Либия нестанд


Бо вуҷуди кушта шудани садҳо нафар аз эътирозгарон, ҳанӯз ҳам мухолифон алайҳи Муаммар Қаззофӣ баромад мекунанд

Бо вуҷуди кушта шудани садҳо нафар аз эътирозгарон, ҳанӯз ҳам мухолифон алайҳи Муаммар Қаззофӣ баромад мекунанд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз донишҷӯёни тоҷик хостори тарки Либия нестанд.

Намояндаи вазорат, Давлат Назрӣ, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъзе аз донишҷӯёни тоҷик бо вуҷуди ташаннуҷи авзоъ намхоҳанд, Либияро тарк кунанд. Ба гуфтаи ӯ, сафири Тоҷикистон дар Миср бо гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷик дар Либия дар тамос шудааст ва онҳо гуфтаанд, ки ҳукумати Либия амнияти онҳоро ба таври боварбахш таъмин намуда, аз донишҷӯёни хориҷӣ хостааст, кишварро тарк накунанд.

Ҷаноби Назрӣ афзудааст, ки дар рӯйдодҳои Либия ягон дониишҷӯи тоҷик осеб надидааст.

Пештар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, сафорати Русия дар Либия барои берун овардани донишҷӯёни тоҷик аз ин кишвар супориш гирифтааст.

Як рӯз пеш аз ин, Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия гуфта буд, ки барои берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Либия кӯмак хоҳад кард.

Юрий Бражников, як масъули Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, баён дошта, ки "дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия, барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсуд омода ҳастем."

Аммо бар пояи баёнияи ҷаноби Бражников, Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия қабл аз ҳама шаҳрвандони Русияро интиқол хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Абдуқодир Эгамов, ки ба гуфтаи худаш дар Либия қарор дорад, ба Радиои Озодӣ нома навишта ва гуфтааст, “Донишгоҳи мо - "Аддаъво" таҳти назорати нерӯҳои амниятист. Дар донишгоҳ дарс нест. Аз ин ҷо берун омадан манъ аст. Фикри берун бурдани донишҷӯён ба Миср тахминӣ аст. Сафорати Русия ба чаҳор нафари мо пешниҳод дод, ки чаҳор ҷойи холӣ аст ва метавонанд ба чаҳор нафар ҷо диҳанд.”

Масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар феҳрасти донишҷӯёне, ки онҳо дар даст доранд, исми Абдуқодир Эгамов мавҷуд нест.

Аммо Давлат Назрӣ, сухангӯи ин вазорат афзуд, онҳо танҳо дар бораи 21 шаҳрванди Тоҷикистон дар Либия маълумоти расмӣ доранд. Эҳтимол, нафарони дигаре низ ҳастанд, ки ҳанӯз аз худ дарак надодаанд.

Мақомот мегӯянд, феълан дар Либия, ки ҳоло ба майдони даргирии нерӯҳои давлат ва мухолифони Муаммар Қаззофӣ табдил шудааст, 21 шаҳрванди ин кишвар қарор доранд, ки аксари онҳо донишҷӯёни Донишгоҳи исломии “Аддаъво” ҳастанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар Либия намояндагии расмӣ надорад ва ин вазифаро феълан сафорати ин кишвар дар Миср ӯҳда мекунад.

Авзоъ дар Либия бино бар наворҳои видеоии ҳаваскорона дар торнамои YouTube:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG