Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази назасарсанҷии "Левада-сентр" дар шаҳри Маскав мегӯяд, ки муносибати ҷомеаи Русия ба муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам сокинони Қафқоз ҳамоно бад боқӣ мемонад. Таҳқиқоти густардае, ки аз ҷониби муҳаққиқони ин созмон бар асоси сӯҳбатҳои рӯбарӯ бо 1600 сокини 48 минтақаи Русия барпо шудааст, ҳокист, ки аз се ду ҳиссаи ҷомеаи ин кишвар ҳамоно ҳузури муҳоҷиронро намеписанданд.

Карина Пипия, як масъули "Левада-сентр" дар шарҳи натиҷаҳои пурсиши "Таҳаммулнопазирӣ ва ксенофобия" ба Радиои Озодӣ гуфт, муносибати манфии ҷомеа ба мардуми "ғайр", бахусус муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз манфӣ боқӣ мемонад. Вай афзуд, "тахминан сеяки ҷомеа тарафдори маҳдуд кардани ҳузури онҳо дар ҳудуди Русия мебошад.

Вале муносибат ба муҳоҷирон ва дигар ғайрирусҳо ногаҳон дар ду-се соли пеш дигар шуд ва сабаби ин – ҳодисаҳои Украина шуд. Бо ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи ҷанг дар Украина дар соли 2014 таваҷҷӯҳ аз қафқозиҳову муҳоҷирон ба он тараф равона шуд

Бояд таъкид кунем, ки дар пасманзари амалиёти Қрим ва Украина, дар ин масъала солҳои 2014-2015 як андоза беҳбуд мушоҳида шуд, вале ҳоло нишондодҳои марбут ба эҳсосоти таҳаммулнопазирӣ ва ксенофобия ба нишондодҳои қаблиаш бармегардад. Дар маҷмӯъ, муносибат ба муҳоҷирон ва муҳоҷирони корӣ дар Русия аксаран манфӣ мебошад. Тахминан 60 дар сад бовар доранд, ки муҳоҷирон сабаби афзоиши ҷинояткорӣ мешаванд. Аксарият бовар доранд, муҳоҷирон барои бозори кор бо сокинони маҳаллӣ дар ҳолати рақобат қарор доранд".

"Солҳои 2012-2013 - бадтарин марҳила барои муҳоҷирон"

Муҳаққиқон мегӯянд, солҳои 2012-2013 муносибати ҷомеаи Русия ба муҳоҷирон якбора бад шуд ва сабаби ин рух додани ҳодисаҳои бархӯрди шадиди муҳоҷирону миллатгароҳо, назири Бирюлево ва интихобот мебошад. Тирамоҳи соли 2013 баъди кушта шудани Егор Шербаков, як сокини маҳаллаи Бирюлевои Маскав задухӯрди шадиди миёни миллатгароҳо ва қафқозиҳову муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бархост, дар натиҷа ҳазорҳо муҳоҷирон бозошт, зиндонӣ ё депортатсия шуданд.

Октябри соли 2013 - ошӯбҳои зидди муҳоҷирон дар Бирюлево

Октябри соли 2013 - ошӯбҳои зидди муҳоҷирон дар Бирюлево

Дар интихоботи президентӣ ва маҷлисҳои маҳаллии солҳои 2012-2013 мавзӯи зидди муҳоҷират дубора доғ ва ба барномаи сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ табдил шуд.

Тағйири стратегияи "душмантарошӣ"

Таҳлилгарон мегӯянд, баъди шурӯи ҷанги Украина ва ба кор даромадани мошини таблиғоти ҳукуматӣ дар масъалаи «душмантарошӣ» як тағйирот ба вуҷуд омад ва ин нақш бо талошҳои ҳукумат ва матбуоти давлатӣ ба Ғарбу Украина бор шуд.

Александр Верховский, раиси маркази "Сова" мегӯяд, то солҳои 2012 муносибат ба муҳоҷирон ва ғайрирусҳо дар ҷомеаи Русия ба таври мӯътадил «бад» буд ва се-чор соли гузашта бо сабаби шурӯи маъракаи зиддимуҳоҷирон дар сатҳи сиёсӣ, якбора бад шуд.

"Вале муносибат ба муҳоҷирон ва дигар ғайрирусҳо ногаҳон дар ду-се соли пеш дигар шуд ва сабаби ин – ҳодисаҳои Украина буд. Бо ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи ҷанг дар Украина дар соли 2014 таваҷҷӯҳ аз қафқозиҳову муҳоҷирон ба он тараф равона шуд. Ҳатто баъди як соли хатми марҳилаи хеле фаъоли ҷангҳо дар Украина, мо мебинем, ки муносибат ба муҳоҷирон каме дигар шудааст.

Александр Верховский

Александр Верховский

​Ҷомеа таҳаммулпазир нашудааст, на, балки эҳсосоти манфии ҷомеа ба самти дигар равона шуд", - афзуд ӯ. Верховский мегӯяд, баъди шурӯи ҷанг дар Украина, телевизион дар бораи Қафқози Шимолӣ ва мушкилоти муҳоҷирон камтар сӯҳбат мекард ва ҳамин чиз сабаб шуд, ки дар зеҳни ҷомеа андешае ба вуҷуд ояд, ки "сарчашмаи мушкилот муҳоҷирон нестанд".

Муҳоҷирон - силоҳи ҳадафҳои сиёсӣ

Ҷомеашиносони рус мегӯянд, омӯзиши афкори умум дар масъалаи муҳоҷират хеле муҳим аст, бахусус дар шароите, ки ҳукумати Русия мехоҳад имиҷи як қудрати муҳоҷирпазирро ҳифз кунад. Карина Пипия гуфт, Русия, ки худро ба ҳайси пешвои як қатор созмону паймонҳои муттаҳидкунандаи кишварҳои собиқи шӯравӣ, мисли СНГ, ОДКБ, Иттиҳоди АвруОсиё ва ғайра муаррифӣ кардааст, зоҳиран мегӯяд, ки ба рӯи муҳоҷирон дарҳояшро боз кардааст, аз ҷониби дигар, мехоҳад масоили демографии худро ҳал кунад.

Вале айни замон, масъалаи муҳоҷиратро ба як силоҳи ҳадафҳои худ қарор дода, дар сурати зарурӣ, барои фишор болои ҳукуматҳои «гапнодаро» истифода мекунад. Аксар мунаққидон мегӯянд, ки маҳз дар аҳди Владимир Путин, ки аз соли 2000-ум дар сари қудрат мебошад, ҷомеаи Русия таҳаммулнопазир ва бегонаситез шудааст, ки ба ҳеҷ сурат паёмадҳои хуб нахоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG