Пайвандҳои дастрасӣ

"Шикоят"-и як тоҷики муқими Амрико аз Шабнами Сурайё


Шабнами Сурайё

Шабнами Сурайё

​Маҳмадалӣ Нозимов аз рафтори овозхонҳои тоҷик интиқод карда, аз онҳо хостааст, каме дар фикри мухлисони худ ҳам бошанд. Ӯ гуфтааст, дар пайи баргузор нашудани консерти Шабнами Сурайё дар Ню-Йорк 2 ҳазор доллар зиён дидааст.

Маҳмадалӣ Нозимов, ки мегӯяд, ҳоло дар 1200-километрии шаҳри Ню-Йорк машғули кору зиндагист, бо ирсоли номаи дастнавис хостааст, ҳарфҳои ӯ ба Шабнами Сурайё – овозхони ҷавону маъруфи тоҷик расонда шавад. Ӯ дар ин номаи худ, ки дар замимааш билет ё чиптаи консерти якҷояи Шабнаму Юлдуз ва Мансур дар Амрико низ ҳаст, гуфтааст, овозхонҳои тоҷик гоҳо аз пайи кори худ шуда, ҳаводоронашонро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд.

Нозимов аз он шиква кардааст, ки ин консерт бо ду дафъаи таъхир дар охир баргузор нашуд, аммо касе ҳам саргардониву харҷи онҳоро ҷуброн накард ва узр напурсид. Ҳарчанд ӯ дар охири номааш гуфтааст, ҳоло пули билеташро бозпас гирифта, ҷуброни харҷҳои дигарашро пурсиданӣ нест.

Консерти Шабнами Сурайë ва Юлдуз Усмонова дар Ню-Йорк мебоист моҳи октябри соли гузашта баргузор мешуд. Зимни камбудҳо дар ташкили он консерт ба моҳи декабр вогузор гашт, аммо баъдан лағв гардид. Шабнами Сурайё рӯзи 5-уми декабри 2014 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари лағв шудани консерташро дар Ню-Йорк рад карда, гуфта буд, таъхири намоиши ҳунарии ӯ танҳо бо далели машғул буданаш ба барномаҳои солинавӣ ба таъхир уфтод.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико гуфтааст, мехост номаашро ба имейл ё саҳифаи Фейсбуки Шабнами Сурайё фиристад, аммо ба далели он ки ӯ ва продюсер Диловари Мизроб гуфтаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи расмӣ надоранд, аз ирсолаш худдорӣ намудааст. “Шумо дар як мусоҳибаатон гуфтед, ба далели ба ҷашни Соли нав ва серкориятон ин консерт ба таъхир андохта шудааст. Чаро ин суханҳоро дар моҳи октябр нагуфтед? О, ин қадар сарусадо (овозаҳо) барои чӣ? Худнамоӣ? Ё фақат Шумо серкор ҳастед? Барои чӣ ин қадар мардумро саргардон кардед?”,-пурсида шудааст дар нома.

Номаи Маҳмадалӣ Низомов

Номаи Маҳмадалӣ Низомов

Маҳмадалӣ Низомов дар идома навиштааст, мехост ин номаро қабл аз Соли нав ба Шабнами Сурайё нависад, вале нахостааст дар айни ҷашну хурсандӣ мояи озурдахотирии ӯ гардад. Ва ҳам илова кардааст, ин нома талоше барои латма задан ба обрӯи ӯ нест, балки гӯшзад кардани он аст, ки чаро ҳунармандони тоҷик бештар дар фикри худу ҷайби худ ҳастанд, аммо дар бораи ҳаводорону мухлисонашон намеандешанд ё хеле каме меандешанд.

Ин шаҳрвнади тоҷики муқими Амрико дар номаи худ аз таҷрубаи овозхонҳои дигари ҷаҳонӣ ҳам мисол овардааст, ки барои ҳатто як соат таъхири барномаи консертиашон чигуна аз мардум узрхоҳӣ кардаанд. “Лайло Фруҳар дар яке аз консертҳояш дар иёлати Техас, рӯзи 31 августи соли 2014, ба далели “пробка”-и роҳ як соат дер омад. Ӯ чӣ қадар нороҳат буд ва ба ин сабаб якуним соат барномаи консертиашро дарозтар кард”,-навиштааст ӯ.

Вай аз он нигаронӣ кардааст, ки овозхонҳои тоҷик чи хеле худашон хоҳанд ҳамон хел дер ё барвақт ба консерт меоянд ва ё бидуни сабабу узрхоҳӣ барномаҳояшонро лағв мекунанд. Дар ҳоле ки ба таъбири ин хонандаи торнамои Озодӣ, шоу-бизнес як навъи тиҷорат аст, ки ҳунармандон истеъдоди худро ба бозор мебароваранду мухлисон мизоҷ ё муштарӣ ҳастанд, ки онро мехаранд. Дар охири нома хулоса шудааст, “чӣ хеле овозхонҳо барои таҳияи як тарона ва ё клипашон заҳмат мекашанд, ҳаводорон низ барои пули билет азоб мекашанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG