Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи 265-саҳифагии вакилони Зайд ба СММ


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Вакилони мудофеи Зайд Саидов – соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” ба Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал барои расидагӣ ба қазияи нафари таҳти ҳимояташон муроҷиат кардаанд. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, ин муроҷиати онҳо дар охирҳои моҳи декабри соли гузашта ирсол шуда, аз 265 саҳифа иборат аст. Вале афзуд ӯ, то ҳанӯз посухе дарёфт накардаанд.

Ба қавли Исҳоқ Табаров, дар ин муроҷиатнома баҳсҳои додгоҳӣ ва парвандаҳое, ки нисбат ба Зайд Саидов аз тарафи Оҷонсии зидди фасоди молӣ боз карда шудаанд, банд ба банд таҳлил ва аз нигоҳи қонунҳои ҷории Тоҷикистон ва байналмилалӣ шарҳ дода шудаанд.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва аз муассисони Ҳизби сабтиномнашудаи Тоҷикистони нав, 25 декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Вакилони ӯ дар муроҷиаташон ба дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милал изҳор доштаанд, ки ин ҳукми додгоҳ низ поя надорад ва танҳо бо ҳадафҳои сиёсӣ эълон шудааст. Иддаое, ки мақомоти Тоҷикистон қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG