Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти МТС ва 4 ҳизби Тоҷикистон пеш аз посухи СММ ба ҲНИТ


Маркази тадқиқоти стратегӣ ва раҳбарони чор ҳизби сиёсии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро исломро барои муроҷиаташ ба СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва кафилони сулҳи тоҷикон танқид кардаанд.

Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳизбҳои коммунист, ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ ва демократи Тоҷикистон аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милал ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон дар бораи он ки гӯё бандҳои ин созишнома иҷро намешавад, изҳори нороҳатӣ кардаанд. Раёсати ҲНИТ 1 июл барои бори аввал баъд аз 18 соли имзои созишномаи сулҳ бо як номаи расмӣ хостори мудохилаи СММ, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои кишварҳои исломӣ ва сарони кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон ба вазъи сиёсии пешомада дар Тоҷикистон шуд.

Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, бо нашри изҳороти расмӣ даъвои ҲНИТ-ро бепоя дониста, бараъкс, ин ҳизбро барои суистифода аз номи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), ки як ҷониби сулҳи тоҷикон буд, муттаҳам намудааст.

Ӯ гуфтааст, "дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони "Лаъли Бадахшон" ва як намояндаи муҳоҷирони

Худойбердӣ Холиқназарзода

Худойбердӣ Холиқназарзода

тоҷик иборат буд. Яъне, дар маҷмӯъ, ҲНИТ дар музокирот ҳамагӣ 25% намояндагӣ дошту бас. Аз номи ИНОТ ҳарф задани роҳбарияти имрӯзаи Ҳизби наҳзат камоли пуррӯйӣ аст."

Оқои Холиқназарзода дар идома бо таъкид ба ин ки ҳоло дигар мардум ҳизбҳои диниву атеистиро намеписанданд, мегӯяд, "барои онҳо озодиҳои дунявӣ бештар ҷолиб шудаанд. Онҳоро дигар на бо афсонаҳои ин дунё ва на он дунё фирефта кардан хеле душвор аст."

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ин масъаларо дар ҷаласаи рӯзи 4 июли раёсати ҳизбаш баррасӣ кард ва Исмоил Талбаков ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин муроҷиат ғайричашмдошт ва бемавқеъ буд. Ин ки баъзе аз навори бадахлоқии аъзои ҲНИТ-ро нишон медиҳанд, маънои фишор болои онҳоро надорад. Ҳама дар назди қонун баробар аст ва бояд ҷавоб гӯяд. ҲНИТ ба ҷои ин муроҷиат бояд барои ҷилавгирӣ аз пайвастни ҷавонон ба сафи ДОИШ ягон фатво медод."

Коммунистҳо дар ҳоле ки ин муроҷиати ҲНИТ-ро "тафриқаандозӣ" медонанд, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ онро ғаразнок донистааст. Зеро, ба бовари раҳбарияташ, "мақомоти дахлдори Тоҷикистон аризаҳои ин ҳизбро таҳқиқ карда, асоснок набудашро исбот кардаанд".

Рустам Латифов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Рустам Латифов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Ҳизби аграрӣ ё кишоварҳӣ дар навбати худ ин суолро пеш гузошта, ки "ин гуна шикоятҳо то кай идома хоҳад ёфт? Ё барои чӣ дар шумори ҳашт ҳизби сиёсии кишвар танҳо ҲНИТ мавриди "саркӯб" қарор мегирад? Оё вақти он нест, ки раҳбарияти ҲНИТ шикояту бечоранолиҳо, таҳдидҳо оиди он, ки "аъзоёнаш ба сафи ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" мепайванданд" ва ахиран муроҷиатҳо ба кишвар ва созмонҳои хориҷиро як тараф гузошта, дар фикри ислоҳи камбудҳои дохилиҳизбӣ бошад?"

Ҳизби демократи Тоҷикистон бошад, худро вориси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик номида, гуфтааст, ки чаро бидуни маслиҳати онҳо ҲНИТ чунин муроҷиат кардааст?

Раёсати ҲНИТ рӯзи 1 июл аз СММ, САҲА, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳи Тоҷикистон хост, то бо дахолати бевосита ба вазъият "аз ҳукумати Тоҷикистон риояи Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои кишвар, ҳамчунин ҳусни эҳтиромро ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки мақоми байналмиллалӣ дорад, тақозо намоянд."

Дар ин нома, ки матнаш шоми 1 июл дар сомонаи расмии ҲНИТ нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистон ба "амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёна" нисбат ба мухолифонаш айбдор мешавад. Ҳукумат, ба ақидаи раёсати ҲНИТ, бахусус таъқиби аъзо ва ҳаводорони ин ҳизбро, ки дар нома "шарики аслии сулҳ" унвон шудааст, ба "авҷи аъло" расондааст: "Мутаассифона, тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, чор моҳ боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, чор моҳ боз дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад

ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст.”

ҲНИТ дар номааш гуфтааст, шартҳои умдаи сулҳи соли 1997 - бахшидани якдигар ва сохтани як кишвари озоду демократие, ки “дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодиву тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста аз дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад” - аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон поймол шуда истодааст, ки амале барои сулҳу амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ хатарнок мебошад.

Созишномаи сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик рӯзи 27 июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида буд. Мурооти шартҳои ин созишномаро бар иловаи СММ ҳамчунин кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бар ӯҳда доштанд, ки 7 кишвар - Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар бар мегирифт.

Номаи раҳбарони ҲНИТ ба ҷонибҳои кафили сулҳи соли 1997 дар ҳоле ирсол шуд, ки ин танҳо ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар Осиёи Марказӣ ва як мӯҳраи асосии тарафи дигари ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон - Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин - дар маъракаҳои расмии бахшида ба солгарди 18-уми имзои созишномаи сулҳ ширкат накард. Гузашта аз ин, ҲНИТ дар арафаи Рӯзи Ваҳдат бо даъвати як нишасти хабарӣ аз афзоиши фишору таъқиби аъзо ва ҳаводоронаш шикоят кард ва ҳамчунин аз раисаш Муҳиддин Кабирӣ, ки қариб 4 моҳ боз дар хориҷ қарор дорад, хост, ки то замони беҳтар шудани вазъ, ба Тоҷикистон барнагардад.

ҲНИТ, ки ба гуфтаи масъулонаш, то 45 000 узв дошт, дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 соҳиби ду курсӣ дар парлумон шуда буд. Вале дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли ҷорӣ ин ҳизб, бино ба натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ, натавонист садди 5-фоизаро убур кунад ва берун аз парлумон монд. Ҳоло дар матбуоти расмии Тоҷикистон даъватҳое зиёд садо медиҳанд, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва ҲНИТ бояд фаъолияташро қатъ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG