Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумита: 250 сомонӣ барои ришу ҳиҷоб дурӯғ аст


Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи "ситонидани андоз барои риш ва ҳиҷоб"-ро дурӯғ ва фитна донист. Ин ниҳод бо пахши изҳороте гуфт, ҳаргиз ба чунин иқдом даст назадаанд ва, ба қавли онҳо, "афроде мехоҳанд миёни мардум фазои нобовариро эҷод кунанд".

Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ду акс пайдо шуд, ки дар яке марди ришдор ва дар дигаре зани ҳиҷобдор тасвир ёфтаанд. Муаллифони ин аксҳо гуфтаанд, гӯё барои ришгузорӣ ва ҳиҷоб пӯшидан иҷозатномаи Кумитаи дин зарур аст ва қимати ин иҷозанома баробари 250 сомонист.

Вале мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтаанд, ҳаргиз чунин тасмим гирифта нашудааст. Онҳо аз шаҳрвандони кишвар хостаанд, агар ба чунин ҳолат дучор оянд, ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намоянд:

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 14.

Тел: 223-12-58

XS
SM
MD
LG