Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Модари "Қорӣ Ҳусейн" аз президент бозбинии парвандаи писарашро дархост кард


Ҳусейн Содиқов

Ҳусейн Содиқов

Модари Ҳусейн Содиқов аз раисиҷумҳур хост, ки барои раҳоӣ ва ё ҳадди ақалл кам кардани мӯҳлати ҳабси писараш кумак кунад. "Қорӣ Ҳусейн" барои ҷалби ҷавонон ба Сурия 18 сол зиндонӣ шудааст.

Оишамоҳ Содиқова, модари Ҳусейн Содиқов, маъруф ба Қорӣ Ҳусейн аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки барои озод кардани ӯ ва ё ҳадди ақалл поин овардани мӯҳлати нигаҳдорияш дар зиндон ёрӣ диҳад. "Қорӣ Ҳусейн" даҳ рӯзи пеш аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус ба ҷурми ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, вале модараш мегӯяд, ин ҳукм тӯлонист ва зиндагии ҳамсар ва се тифли кӯчакашро табоҳ кардааст.

Номаи модари Ҳусейн Содиқов ба раисиҷумҳури Тоҷикистон аз даҳ саҳифа иборат аст ва дар он вазъи ногувори оила тасвир ёфтааст. Оишамоҳ Содиқова рӯзи 13 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писари зиндонияш ягона ноновари хона буд ва ба зиндон афканданаш зиндагии онҳоро ба мушкили зиёд, аз ҷумла таъмини хонавода бо маводи ғизоӣ, рӯбарӯ кардааст.

Ҳусейн Содиқов, сокини 30-солаи деҳаи "Ленинобод"-и ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритусро нерӯҳои амниятии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ ҳини бозгашташ аз Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт карда буданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Ҳусейн Содиқов дар Туркия бо номи Қорӣ Ҳусейн шинохта мешуд ва яке аз вазифаҳои ӯ роҳбаладии ҷавонон ва харидани чиптаи ҳавопаймои хатсайри Истанбул будааст.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин шахс дар ҷалби чандин нафар ба ҷанги Сурия саҳм дошта, аз ҷумла барои шаҳрвандон Фаррух Зоҳиров, Диловар Қарахонов ва Парвиз Набиев чиптаи парвози Истанбулро харида, онҳоро дар 50 рӯзи “омӯзиш” дар масҷиди Имом Бухорӣ ва омодагӣ барои рафтан ба ҷанг дар Сурия ҳамроҳӣ кардааст.

Яке аз ин се ҷавони сокини Шаҳритус -- Парвиз Набиеви 24-сола, ки сентябри соли 2014 ҳамроҳи "Қорӣ Ҳусейн" ба Туркия рафта буд, пушаймон шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва додгоҳ ӯро афв намуд. Вале сарнавишти ду шарики дигари ӯ рӯшан нест, ки онҳо аз Туркия ба Сурия рафтаанд ё на.

Парвиз гуфт, аслан ӯ аз тариқи даъватҳои итернетӣ ба "ҷиҳод" ҷалб шуда, аммо Қорӣ Ҳусейн ӯро раҳнамоӣ кардааст. Оишамоҳ Содиқова мегӯяд, Ҳусейн ҳарчанд писараш ҳофизи Қуръон буд ва дар Покистон ҳам таҳсил дидааст, вале ҳаргиз дар ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия даст надорад. "Соли 1992 ба Афғонистон гуреза шудем ва аз онҷо бачаҳои лаёқатмандро барои омӯзиш ба Покистон бурданд. Ҳусейн низ онҷо то синфи 7 таҳсил кард. Забони арабӣ, урдугиро медонист. Мехостем, ягон донишгоҳро хонад, вале имкон надоштем, вале баъди оиладорияш ба муҳоҷират рафт," - нақл кард ӯ.

Ҳусейн Содиқов баъди фавти падараш дар соли 2009 ба муҳоҷирати корӣ ба Маскав рафта, нахуст дар як корхонаи истеҳсолии қаламу коғаз кор кардааст. Ӯ муддати ду соли ахир кирокаш ё таксирон будааст.

Оишамоҳ Содиқова, модари Ҳусейн Содиқов, мегӯяд, ҳоло 93 сомонӣ нафақа мегирад ва намедонад зиндагияшро бидуни фарзандаш ва пулҳои интиқолии ӯ аз Русия чӣ гуна мечархонад? Ӯ мегӯяд, ҳанӯз дақиқ нест, ки номааш ба дасти раисиҷумҳури Тоҷикистон расидааст ва ӯ барои раҳоии фарзандаш кумак хоҳад кард, ё не, вале афзуд, умед охирин мемирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG