Пайвандҳои дастрасӣ

Парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе аз сар гирифта шуд (ВИДЕО)


Мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар интизори парвоз.

Мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар интизори парвоз.

Нимаи дувуми рӯзи 3-юми феврал парвози ҳавопаймоҳо рӯи хатсайрҳои масдудшуда дар фурудгоҳи Душанбе аз сар гирифта шуд.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 3-юми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, дар соати 13-00 ба ин тараф имкони парвоз фароҳам оварда шуда ва ҳамаи парвозҳо сурат гирифтанд.

Вай гуфт, ки 11 рейс-хатсайре, ки бинобар номусоидии ҳаво аз дирӯз то нимаи аввали имрӯз масдуд шуданд, аллакай ба самтҳои лозимӣ парвоз карданд ва фазои парвозҳои тақрибан ба ҳолати маъмулӣ баргашта истодааст.

Бо барфбории зиёд ва номсоид гаштани ҳаво аз соати 18-00-и рӯзи якшанбе парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар дар фурудгоҳи Душанбе номумкин шуд, ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ натавонистанд мусофирони худро барои парвоз ба кишварҳои дигар таъмин кунанд.

Ба иттилои фурудгоҳи Душанбе аз Хуҷанд низ 7 парвозе, ки масдуд шуда буд имрӯз ба пойтахт омад.

Ширкати «Истейр» низ мусофирони худро аз фурудгоҳи Душанбе ба Маскав ба фурудгоҳи Домодедово гусел кардааст.

Фурудгоҳи Душанбе. Мусофирон дар интизори парвозҳо

То нисфирӯзии рӯзи 3-юми феврал дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо тан аз мусофирон дар интизори парвози ҳавопаймоҳо дармонда буданд.

Онҳо дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои "Озодӣ" гуфтаанд, шабонарӯзи дуввум аст, ки ба сабаби барфрезиҳои ахир ва номусоидии ҳаво, наметавонанд, дар хати сайри ҳавопаймоҳояшон парвоз кунанд. Ҳамзамон ин мусофирон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар фурудгоҳ шароити буду бош ва интизор будан барои парвоз ҳавопаймо муҳайё нест ва ҳатто намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе на танҳо барояшон ҷойу ғизо ва ҳатто аз ҳолашон пурсон намешаванд.

Ба гуфтаи ин мусофирон, аз соати ҳашти бегоҳи рӯзи гузашта парвози ҳавопаймо ба ҳама самтҳо мутаваққиф шудааст ва онҳо мунтазиранд, ки кай дубора парвозҳо аз сар гирифта мешаванд. Дар ҳамин ҳол Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфт, ки дар воқеъ парвозҳо дар 11 хатсайр мутаваққиф шудааст ва умед аст бо пок шудани майдони фурудгоҳ аз бафр, то се соати дигар, парвозҳо аз сар гирифта шаванд.

Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, ки ба сабаби номусоидии обу ҳаво ва мушкили биноӣ (видимост), рӯзи гузашта 5 ҳавопаймо дар фурудгоҳи Душанбе фуруд омадааст. Ба гуфтаи Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, "мушкил дирӯз соатҳои 6 -и бегоҳ сар шуд ва ба ин далел 5 ҳавопаймо дар шаҳри Хуҷанд фуруд омаданд."



Вай ибрози умедворӣ кард, ки имрӯз соати 12. 00 ба вақти Душанбе парвози ҳавопаймоҳо, яъне 11 парвози ҳавопаймо, панҷ парвоз аз фурудгоҳи Хуҷанд ва шаш парвоз аз фурудгоҳи байналмиллии Душанбе аз сар гирифта шаванд. Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳ, ин парвози ҳавопаймоҳои дохилӣ ба самти Хуҷанд ва ҳамчунин ба самти шаҳрҳои Маскав, Екатетеринбур ва дигар шаҳрҳо мебошанд.

Барфрезии ахир ва номусоидии обу ҳаво, ки ба таъхир дар парвози ҳавопаймо сабаб шудааст, хисороти молӣ дар пай хоҳад дошт. Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, як рӯза зарар 20 ҳазор долларро ташкил хоҳад дод.

Хабарнигори радиои "Озодӣ", ки ин лаҳзаҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарор дорад, мегӯяд, нишасти матбуотии мақомоти фурудгоҳ пас аз сайри кӯтоҳе аз терминали нави фурудгоҳ, ки дар ҳоли сохтмон аст, оғоз шуд.

820 мавриди таъхири парвози ҳавопаймоҳо дар соли 2013

Ба гузориши Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, дар соли гузашта, 820 мавриди таъхир дар парвози ҳавопаймоҳҳо вуҷуд доштааст. Ин рақам рӯзи душанбеи 3-юми феврал зимни нишасти матбуотии мақомоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ироа гардид.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти Фурудгоҳи Душанбе "сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо: дер омадани ҳавопаймо - 467 ҳодиса, номусоидии обу ҳаво 72 ҳодиса, носозии техникии ҳавопаймо - 71 ҳодиса, тағйир ёфтани вақти парвоз аз ҷониби раҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ - 42 ҳодиса ва ғайра мебошад."

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, дар соли 2013 аз низоми ягонаи "ОНЛАЙН" -и Хадамоти муҳоҷират, ки дар фурудгоҳи амал мекунад, беш аз 77 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон истифода карда ва маълум шудааст, ки барои нӯҳ ҳазору 340 нафари онҳо вуруд ба қаламрави Русия манъ будааст.

Ин манбаъ меафзояд, ки "истифодаи ин низом имкон дод, то ҳудуди 6, 5 миллион доллари шаҳрвандони Тоҷикистон сарфа гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG