Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти "писар ва ҳамсар"-и раҳбари "Давлати исломӣ" дар Лубнон


Мақомоти Лубнон мегӯянд, ки ҳамсар ва писари Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс рӯзи сешанбеи 2 декабр ба нақл аз ду мақоми баландпояи лубнонӣ ба шарти ошкор нашудани номи онҳо навишт, ҳамакнун ҳамсар ва писари раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" таҳти бозҷӯӣ қарор доранд ва дар робита бо писаре, ки гумон меравад фарзанди Абубакри Бағдодӣ бошад, озмоиши ДНА, анҷом медиҳанд.

Ин ду мақоми лубнонӣ аммо ҳозир нашудаанд, маълумоти бештар дар бораи ҳамсар ва фарзанди эҳтимолии Абубакри Бағдодӣ бидиҳанд. Бо ин ҳол яке аз онҳо гуфтааст, ки ин зан ва кӯдак бо санадҳои сохта, ки бо худ доштанд, ҳудуди 10 рӯз пеш боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсари эҳтимолии Абубакри Бағдодӣ бошандаи Ироқ аст, аммо пеш аз ин, ки ба Лубнон сафар кунад, дар Сурия будааст. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки мақомоти Сурия дар ибтидо ҳамсари Абубакри Бағдодиро дастгир карда буданд, аммо дар баробари озодии асирони худ тавассути "Ҷабҳаи Ан-Нусра", вайро озод кардаанд.

"Ҷабҳаи Ан-Нусра" зимистони гузашта беш аз 10 табиби юнониро дар ивази шуморе аз занони зиндонии ҳукумати Сурия озод кард, ки гуфтаҳои ин мақомои лубнонӣ ба ин ишора мекунад. Ассошиэйтед пресс менависад, ки хабари боздошти ҳамсар ва писари эҳтимолии Абубакри Бағдодӣ дар ҳоле нашр шуд, ки байни Лубнон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳаи Ан-Нусра" талошҳо барои табодули асирон идома дорад.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳаи Ан-Нусра" беш аз 20 сарбоз ва нерӯҳои пулиси Лубнонро аз тобистон гаравгон гирифтаанд ва мегӯянд, ки онҳоро бо асирони худ дар Лубнон иваз мекунанд. "Ҷабҳаи Ан-Нусра" шаби душанбе таҳдид кардааст, ки яке аз ин сарбозонро хоҳад кушт.

Боздошти ҳамсар ва фарзанди эҳтимолии Абубакри Бағдодӣ дар Лубнон метавонад паҳлуҳои дигаре аз зиндагии раҳбари гурӯҳи Давлати исломиро боз намояд. Амрико пеш аз ин ваъда дода буд, ки ҳар касе маълумоте пешниҳод намояд, ки боиси дастгирӣ ё марги Абубакри Бағдодӣ шавад, 10 миллион долар подош дарёфт хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG