Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти чанд рӯз аз нашри эъломи даргузашти раҳбари Толибон Мулло Умар, шикоф дар сафҳои раҳбарии ин гурӯҳ рӯз ба рӯз амиқтар мешавад.

Хонаводаи Мулло Умар рӯзи гузашта дар нишасти шӯрое ширкат карданд, ки ба хотири ҳалли ихтилофот дар дохили раҳбарии Толибон, ташкил гардидааст. Писари Мулло Умар дар ин нишаст, ки дар шаҳри Куветтаи Покистон баргузор шуд, иштирок кард ва эълон намуд, ки тасмими ин шӯро дар мавриди таъйини раҳбари ояндаи Толибонро мепазирад.

Як узви ин шӯро ба хабаргузории Ассошиэйтед пресс гуфтааст, ки барои ҳалли ихтилофоти ба миёномада дар раҳбарии Толибон, талош мекунанд. Хонаводаи Мулло Умар бо таъйини Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур ба ҷои вай мухолифат карда талаб доранд, ки барои таъйини раҳбари нав, назари шумораи зиёди мардум ва олимони дин гирифта шавад.

Аммо дар эъломияҳои ахири Толибон, ки тавассути ду сухангӯи ин гурӯҳ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ва Қорӣ Юсуф ба нашр расидаанд, хабари ихтилофот дар сафҳои раҳбарии Толибон беасос хонда шуда ва ин мавзӯъ, ки барои таъйини раҳбарии Толибон назарпурсӣ сурат мегирад, рад шудааст.

Аммо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" хабар медиҳад, ки дирӯз беш аз 200 фармондеҳи муҳими Толибон дар шаҳри Куветтаи вилояти Балуҷистони Покистон ҷамъ омада ва бо бародари Мулло Умар Абдулманон ва писараш Мулло Яъқуб сӯҳбат карданд.

Узви шӯрои иттиҳоди Толибон Мулло Ҳамидуллоҳ, ки масъулияти ҳали ихтилофотро ҳам ба ӯҳда дорад, ба хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ки дар ин иҷлос дар мавриди раҳбари нав сӯҳбат шудааст. Ба гуфтаи Муллоҳ Ҳамидулло, хонаводаи Мулло Умар ба ин шӯро салоҳият дода ва аҳд супурдаанд, ки ҳар тасмими ин шӯроро қабул хоҳанд кард. Мулло Ҳамидулло ба "Ассошиэйтед пресс" гуфтааст, ки кумитаи ҳалли ихтилофот бо Мулло Ахтармуҳаммад Мансур ҳам сӯҳбат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар Саид Таййиб Оғо дирӯз баъзе аз ҳалқаҳои раҳбарии Толибонро муттаҳам намуд, ки хабари марги Мулло Умарро барои муддати зиёд пинҳон нигоҳ дошта ва ҷонишини вайро хориҷ аз кишвар таъйин карданд. Сайид Таййиб Оғо аз раёсати дафтари Толибон дар Қатар истеъфо дода ва гуфтааст, ки раҳбарии Толибон бо пинҳон нигоҳ доштани хабари марги Мулло Умар, "иштибоҳи таърихӣ" кард.

Дар ҳаминҳол Толибон бо нашри як эъломия, ки дирӯз ба нашр расид, хабарҳо дар мавриди ихтилофот барои раҳбарии ин гурӯҳро рад карданд. Дар ин эъломия аз мардум хоста шудааст, ки ба гуфтаи онҳо ба "таблиғоти душман", бовар накунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG