Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Шабдолов: "Мансабдорони навтаъин “аробаи шикаста"-ро кашида наметавонанд"


Раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон назари худро ба тағйироти кадрӣ дар ҳукумати кишвар баён кард.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон аз тағйироти кадрии ахир дар сатҳи ҳукумат то ҷое истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, "чун сохтор "аробаи шикаста"-ро мемонад, аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо, ҳосили ҷамъ тағйир нахоҳад ёфт, яъне вазирону раисонро сад бор дигар кунед, ҳеҷ дигаргунӣ нахоҳад шуд".

Ҷаноби Шабдолов, мегӯяд, "албатта афроде, ки ба мансабҳои давлатӣ пазируфта шуданд, кадрҳои хубу мутаххасисанд ва ҷавону қобилиятноканд, вале чун сохтори иқтисодӣ кӯҳна ва фалаҷ аст, ин вазирону кадрҳои нав низ кореро ба субут расонида наметавонанд”.

Вакили парлумон мегӯяд, "шакли ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон чун дар Аврупо ва Амрико ғалат аст ва танҳо пас аз даст кашидан аз шакли меркантилизм, яъне сармояғундорӣ мешавад дар бораи рушди кишвар ва дастовардҳо сӯҳбат кард".

Шодӣ Шабдолов мӯътақид аст, ки "то замоне, ки Тоҷикистон роҳи ислоҳоти кишвари Чин, Ветнам, Беларус ва қисман Олмонро пеш нагирад, кадрҳое, ки дар мансабҳо ҳастанд, на танҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифаашон намебароянд, балки маъюб мешаванд".

Президенти Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр бо судури як қатор фармонҳо раиси вилояти Хатлон ва раисони аксари ноҳияҳои ин вилоятро аз вазифаҳо барканор карда, қисми онҳоро ба дигар вазифаҳо таъин намуд.

Айни замон, таҳлилгарони наздик ба ҳукумат ба интихоби дурусти кадрҳои нав эътимод доранд. Сайфулло Сафаров бо андешаҳои Шодӣ Шабдолов розӣ нашуд ва аз таъйиноти ахир истиқбол кард. Муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ, вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, "интихоби раиси ҷумҳур дар мавриди кадрҳои нав дуруст аст ва дар 7 соли оянда раиси ҷумҳур бо таҷрибае, ки дорад, метавонад, кишварро ба дастоварҳои нав расонад ва дар ниҳоят ба он шакли сохтори иқтисодиеро, ки Шодӣ Шабдолов пешниҳод дорад, мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон ноил хоҳанд шуд".

Сайфулло Сафаров тағйироти кадрии ахирро аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон оғози як ислоҳоти созанда дар кишвар арзёбӣ кард ва гуфт, ки раиси ҷумҳур ҳам кадрҳои ҷавон ва ҳам онҳоерое, ки дар умури мудирият таҷриба доранд, рӯи кор овард. Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, кадрҳои нав дар соҳаи худ мутахассис ва кордонанд ва метавонанд, дар оянда барои эҷоди "ҳукумати хуби идорашавнада", замина фароҳам кунанд.

Ба ин далел ҷаноби Сафаров, мегӯяд, ки кадрҳои тоза таъйиншударо лозим аст, то насли дигареро тарбия кунанд, ки раванди ислоҳот дар кишвар бомуваффақият ҷараён бигирад.
XS
SM
MD
LG