Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: "Мусодираи хонаи наздикони Зайд Саидов бераҳмист"


Исҳоқ Табаров
Исҳоқ Табаров

Исҳоқ Табаров мегӯяд, ки мусодираи молу мулк ва хонаҳои даҳҳо наздикони Зайд Саидов ба таври "ғайриқонунӣ" ва "бераҳмона" сурат мегирад.

Вакили дифои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар муроҷиаташ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон мусодираи молу амволи 50 узви хонаводаи ин соҳибкорро як амали ғайриқонунӣ ва бераҳмона номидааст. Вакил Исҳоқ Табаров дар номае, ки рӯзи 1 феврал ба унвонии президент, додситони кулл, раиси Додгоҳи олӣ ва вазири адлияи Тоҷикистон фиристодааст, менависад, чанд рӯз шуд, ки иҷрочиёни суд ба мусодираи хонаву дар ва амволи дигари на танҳо Зайд Саидов, балки хешу табор ва фарзандонаш, ки аз ӯ зиндагии ҷудо доранд, даст задаанд.

Дар амали онҳо, менависад адвокат, ҳолатҳое, ки қонун манъ кардааст, мушоҳида мешавад. Вакили дифоъ инчунин мегӯяд, ки даст ба чунин кор задани мақомот дар сармои зимистон “як бераҳмист”, чунки беш аз 50 нафар наздикони соҳибкор, ки дар миёни онҳо маризу солхӯрда кам нест, дар кӯча мемонанд. Исҳоқ Табаров дар номааш, ки рӯзи 1 феврал расман ба дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ва сохторҳои дигар супурда шудааст, аз президент хостааст, ки аз амалҳои номатлуби мақомоти судӣ ҷилавгирӣ кунад.

Рӯзи 25 январ наздикони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов хабар доданд, ки мақомоти судҷирочии навоҳии шаҳри Душанбе ба манзилҳои зисти онҳо омада талаб доранд, ки бар асоси ҳукми додгоҳ дар мавриди мусодираи молу мулк хонаҳои худро холӣ кунанд.

Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки судиҷрочиҳои бархе аз додгоҳҳои шаҳр ба манзили онҳо омада, бар асоси қарори Додгоҳи олӣ дар мавриди “мусодираи молу мулк” талаб кардаанд, ки манзилҳои худро бисупоранд. Вай гуфт, тибқи моддаи 57-и Кодекси ҷиноӣ зикр шудааст, бояд танҳо моликияти маҳкумшуда ба фоидаи давлат мусодира шавад. Банди сеюми ин модда, ба гуфтаи ӯ, мусодираи молу мулки “барои маҳкумшуда ё шахсони дар таъминоташ буда зарур”-ро манъ мекунад.

Хайрулло Саидов гуфт, ҳатто хонаи амакашро, ки ҳанӯз дар солҳои 70 харида шудааст ва ҳоло дар он наздики 30 нафар ба сар мебаранд, мехоҳанд мусодира кунанд.

Мақомот ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд, вале ду ҳукми Додгоҳи олӣ, ки Зайд Саидовро дар маҷмӯъ ба 29 соли зиндон маҳкум кард, мусодираи молу мулки ӯ ба хотири ҷуброни зарари иқтисодии ба давлат расондаашро низ пешбинӣ мекунад.

Зайд Саидови 56-сола, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар моҳи декабри ҳамон сол аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар моҳи июли соли 2015 Додгоҳи олӣ ба ҳукми ӯ 3 соли дигар афзуд.

Мақомот бар асоси ҳукми додгоҳ то ҳол дастикам 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд.

Зайд Саидов дар ҷараёни бозпурсиҳо
Зайд Саидов дар ҷараёни бозпурсиҳо

Зайд Саидов ва тарафдоронаш иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиб қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG