Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони дифои соҳибкори боздоштшуда аз тафтишот тақозо кардаанд, ки барои исботи эҳтимоли падар будани ӯ ба фарзанди як зани даъвогар, озмоиши ДНК дар берун аз Тоҷикистон анҷом шавад.

Исҳок Табаров, вакили дифои соҳибкори боздоштшуда Зайд Саидов мегӯяд, дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи марбут ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аз мақомоти тафтишотӣ тақозо шудааст, ки даъвоии эҳтимоли падар будани Саидов ба фарзанди зани даъвогарро аз тариқи санҷиши ДНК ҳал кунанд. Ба эъдимоди гурӯҳи дифои соҳибкор, дар ин санҷиш бояд намунаи хуни ҷавонзани даъвогар, фарзанди ӯ ва худи З.Саидов гирифта ва аз роҳи озмоиши ДНК дар хориҷ аз Тоҷикистон санҷида шавад. Моҳи июл Оҷонсии зиддифасод парвандаи наверо ба иттиҳомоти соҳибкор ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон илова кард, ки бар пояи иддаои як ҷавонзани 19-сола ифтитоҳ шудааст.

Ин зан иддао дорад, ки аз айёми 14-солагӣ аз ҷониби З.Саидов пайваста таҷовуз шуда, се дафъа исқоти ҳамл кардааст ва ниҳоят дар соли 2013 аз ӯ тифле ба дунё овардааст. Худи З.Саидов ин иттиҳомро рад карда дар ҷараёни мулоқоти нахустини рӯбарӯкунӣ бо духтари даъвогар бепояву асос ва сохта будани ин иттиҳомро таъкид кардааст. Ба таъкиди вакилони дифоъ, З.Саидов дар ҷараёни рӯбарӯкунӣ духтари даъвогарро нашинохтааст.


Дар пай, ҳафтаи ҷорӣ вакилони дифоъ аз раҳбарияти Оҷонсии зиддифасод тақозо карданд, ки худи парвандаро қатъ кунанд, чун дар сӯҳбати рӯбарӯкунӣ “сохтаву беасос” будани ин иттиҳомот собит шуд. Ҳанӯз посухи оҷонсӣ ба ин дархост дастрас нест.

Вакилони дифоъ мегӯянд, азбаски дар шароити Тоҷикистон имкони анҷоми озмоиши ДНК вуҷуд надорад, чунин санҷиш бояд ҳатман дар берун аз қаламрави кишвар баргузор гардад. ДНК - туршии дезоксирибонуклеин — макромолекулаест, ки сохтори генетикии рушд ва фаъолияти организмҳои зиндаи инсонро таъмин мекунад. Ва аз рӯи он, мансубияти генетикии шахсро бо волидонаш муайян мекунанд. Санҷиши ДНК сад дар сад эҳтимолияти падарии шахсро тасдиқ ва ё инкор мекунад ва дар шароити имрӯза, ин танҳо роҳи санҷиши эҳтимолияти падарии инсон шинохта шудааст. Барои санҷиши ДНК маъмулан намунаҳои оби даҳон, хун ва мӯи сари инсон истифода мешавад.

Тибқи иттилои Исҳок Табаров, чанд рӯз пеш муфаттишон бори дигар намунаи луҳоб ва хуни Зайд Саидовро гирифтанд, вале, ба гуфтаи вакили дифоъ, ӯ наметавонад бо эътимоди комил бигӯяд, ки воқеан ҳам оҷонсии зиддифасод, ки парвандаи соҳибкорро дар ихтиёр дорад аз паи анҷоми санҷиши ДНК дар клиникаҳои берун аз Тоҷикистон шудааст.

Тавре таблиғоти интернетӣ гувоҳӣ медиҳанд, марказҳои зиёди лабораторӣ анҷоми ДНК-тестро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар шаҳри Маскав пешниҳод мекунанд. Сайти интернетии як чунин марказ менависад, ки барои чунин навъи озмоиш то 13500 рубл маблағ, яъне тақрибан 500 доллар маблағ тақозо мешавад. Дар сурати мавҷуд будани имзои ҷонибҳои даъво ва нусхаи шиносномаи онҳо ин санад метавонад дар додгоҳ ҳам чун як санади қонунӣ эътироф шавад.

Иттиҳоми таҷовуз ба номус дар баробари як ҷинояти сангин будан, аз қабили қонуншиканиҳои хеле нанговар ба шумор меравад. Дар сурати исбот шудани гуноҳи як нафар дар содир кардани ин ҷиноят, додгоҳи Тоҷикистон метавонад муттаҳамро ба тӯлонитарин мӯҳлати зиндон маҳкум кунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки дархости баргузории озмоиши ДНК-и З.Саидов ва тифли хонуми даъвогар аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод пазируфта мешавад ё на. Вале як нукта мусаллам аст, ки санҷиши ДНК барои Зайд Саидов, ки ҳоло дар вазъияти бисёр бад қарор гирифтааст, метавонад сарнавиштсоз бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG