Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатл? Барои муҳоҷирон?


Вакилони парлумони Русия хостори ҷори кардани ҳукми қатл барои муҳоҷирони ҷинояткор шудаанд.

Роман Худяков, вакили парлумон аз Ҳизби либерал-демократии Русия, ки роҳбараш Владимир Жриновский аст дар ҷаласаи парлумони ин кишвар рӯзи 20-уми ноябр лоиҳаи қонунеро омода ва ба намояндагони парлумон пешниҳод кардааст, ки тибқи он барои ҷилвгирӣ аз ҷинояткории муҳоҷирон ба онҳо ҳукми қатл дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба ҳукми қатл дар ин кишвар моротория эълон карда шудааст.
Ба навиштаи гӯзномаи «Известия» Роман Худяков, гуфтааст «агар чунин қонунеро ба тасвиб нарасонем муҳоҷирон худро озод ҳис мекунанд ва дуздӣ, куштор, роҳзанӣ ва ҳаркореро, ки хоҳанд мекунанд. Танҳо иқдоми сахтгиронатар аз қабили ҳабси якумра, ҳукми қатл, депорт ба муҳлати 15 сол метавонад пеши роҳи ҷинояткориро миёни муҳоҷирон гирад».

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, чунин иқдом аз ҷониби баъзе намояндаҳои Думаи давлатии Русия барои гарм кардани бозори расонаҳои худ аст.

Иззат Амон, роҳбари ҷамъияти ҷавонони тоҷикони Русия, мегӯяд баъзе аз вакилони парлумони Русия барои "баланд бардоштани обрӯи худ даст ба чунин иқдомҳо мезананд". Дар ҳоле ки дар асл қабули чунин пешниҳодҳо имконнопазир аст.

Вале бекор кардани баъзе аз бандҳои мороторияи ҳукми қатл дар Русияро чанде аз вакилони парлумони ин кишвар дастгирӣ кардаанд. Аз ҷумла Михаил Дягтерев, яке аз вакилони парлумони Русия гуфтааст, ҷонибдорӣ он аст, ки барои баъзе аз ҷиноятҳои вазнин, новобаста аз ҷониби муҳоҷирон, ё шаҳрвандони Русия содир мешавад ҷазои қатл ба роҳ монда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳод кардаи либерал-демократҳоро дар мавриди ҳукми қатл барои муҳоҷирони ҷинояткор, ҳизби коммунисти Русия ҳам дастгирӣ кардаанд. Ҳамчунин муовини раиси кумитаи миллии Думаи давлатии Русия Тамара Плетнева гуфтааст хеле боз барои бозгардондани ҳукми қатл барои ҷинояткорон исрор меварзад.

Ин дар ҳолест, ки миллионҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва як қисми ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷион содир мешавад.
XS
SM
MD
LG