Пайвандҳои дастрасӣ

Гардиши нав дар ҳукми зиндони Равшан Собиров


Равшан Собиров

Равшан Собиров

Дар солгарди нахустини эълони ҳукми зиндони Равшан Собиров вакилони ӯ мегӯянд, ки раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ва нахустин вазири тоҷик дар таърихи ин кишвари ҳамсояро бар асоси як банди алакай бекоршудаи Кодекси ҷиноӣ маҳкум кардаанд.

Вакилони мудофеъи Равшан Собиров ва вакилони парлумони Қирғизистон мегӯянд, ки ӯро ғайриқонунӣ маҳкум кардаанд. Равшан Собиров, ки дар мақоми вазири ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон кор мекард, рӯзи 5 июли соли 2012 боздошт ва 13 марти соли 2013 бо ҷурми фасод ҳангоми ба хориҷиҳо додани иҷозати фарзандхонӣ ба ба панҷ соли зиндон бо мусодираи молумулк маҳкум шуд. Собиров дар ҳоли ҳозир дар маҳбаси рақами 47 адои ҳукм мекунад.

Вакили мудофеъи ӯ Нина Зотова рӯзи 11 март, дар арафаи солгарди эълони ҳукми Собиров ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки муваккили ӯро ғайриқонунӣ маҳкум кардаанд ва дар асл он банде, ки бар асосаш Равшан Собиров равонаи зиндон шуд, ҳанӯз 7 моҳ қабл аз судури ҳукми ӯ аз Кодекси ҷиноии Қирғизистон ҳазф шудааст.


Нина Зотова афзуд: “Равшан Собиров бар асоси моддаҳои 311 ва 313(талаби маблағи бузург) ва моддаи 304 (сӯъиистифода аз мақом)-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон айбдор мешуд. Додгоҳи ноҳияи Первомайск ӯро бар асоси ин моддаҳо пурра сафед кард. Вале додситонӣ аз ин ҳукми сафед ба додгоҳи шаҳри Бишкек шикоят бурд. Ин додгоҳ аз ҳукми додгоҳи поёнӣ ҳимоят кард, вале ба хулосае расид, ки аъмоли Собиров бояд бар асоси моддаи 310(ришва ё подош додан) муҳокима шавад. Вале ин модда бо қарори Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) ҳанӯз дар соли 2012 аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шудааст.”

"Паёми Алатоо"

"Паёми Алатоо"

Равшан Собиров аз хушномтарин намояндагони тоҷикони Қирғизистон ба шумор рафта, раҳбарии Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро бар дӯш дошт. Ӯ нахустин тоҷикест, ки дар Қирғизистон ба намояндагӣ аз ҳизби Ота-Макон ба мақоми вазорат нишаст. Тоҷикони ин кишвари ҳамсоя мегӯянд, фаъолиятҳои анҷумани тоҷикон ва ҳам нашри “Паёми Алатоо” , танҳо нашрияи тоҷикӣ дар Қирғизистонро асосан Равшан Собиров таъмини молӣ мекард ва баъди боздошти ӯ кори ҳам анҷуман ва ҳам ин нашрия дучори мушкилоти зиёде шуд.

Моҷарои порагирии вазири собиқ аз рӯи шикояти як созмони байналмилалӣ оид ба фарзандхонӣ сар зада буд. Коршиносон мегӯянд, ин соҳа солиён аз ношаффофтарин бахшҳои кори вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистон буд, ки аз муддатҳо пеш дар он як системаи пинҳонии фурӯши атфоли ятим ба хориҷиҳо бунёд шудааст. Собиров қурбони ҳамин система шудааст, мегӯянд коршиносони қирғиз.

Равшан Собиров дар боздошт

Равшан Собиров дар боздошт

4 апрели соли 2012 кормандони Хадамоти зидди фасоди Қирғизистон ҳангоми гирифтани ришва як ёвари Собировро боздошт карданд ва ӯ баёнот дод, ки ин корро бо амри вазир иҷро мекард. Шоми ҳамон рӯз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон манзили Равшан Собировро кофтукоб карданд. Собировро рӯзи 5 июл баъди бозпурсӣ дар кумитаи амният бо иттиҳоми ришвахорӣ боздошт карданд. 25 июл додгоҳи Бишкек Собировро аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузаронид.

Равшан Собиров, рӯзи 21 ноябри соли 2012, баъди онки додгоҳи Первомайск ӯро раҳо кард, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки гуноҳе надошт ва ӯро ба тӯҳмат пушти панҷара шинонданд: “Ин парвандаро барои ман сохта буданд. Ягон шоҳиде наёфтанд, ки шаҳодат диҳад. Гузашта аз ин, ёвари ман дар чаҳор бозпурсӣ дар ҷараёни мурофиа гуфт, ки ба сари вай халта кашида, зери фишор аз вай эътироф ситонидаанд. Ба вай гуфтаанд, ки ба онҳо “моҳии бузург” даркор аст ва шояд ҳамин “моҳии бузург”-ро дар симои ман медиданд. Ҳамаи шоҳидон ба фоидаи ман шаҳодат доданд ва додгоҳ маро сафед кард”, - гуфта буд ӯ дар он мусоҳибааш.

Ҳукми додгоҳи Бишкек дар мавриди Равшан Собиров як сол пеш, 13 марти соли 2013 содир шуд ва рӯзи 25 май Додгоҳи олӣ низ аз он пуштибонӣ кард. Равшан Собиров аммо ба далели ин ки моддаи барои маҳкум кардани ӯ истифодашуда дигар дар қонун нест, натавонистааст аз қонуни афви ахир баҳра барад. Вакили ӯ Нина Зотова ҳоло мегӯяд, Равшан Собировв бояд мавриди афв қарор бигирад ва умуман бояд ӯро комилан сафед кунанд.

Қурмонбек Усмонов

Қурмонбек Усмонов

Дархости адвокат бо чунин мазмун аз сӯи кумитаи масоили ҳуқуқиву додгоҳӣ ва қонунияти парлумони Қирғизистон баррасӣ шудааст. Узви ин кумита аз ҳизби Ота-Журт Қурмонбек Усмонов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо далелҳои овардаи Нина Зотова мувофиқ аст: “Кӯтоҳи гап, ӯро бо як моддаи набуда маҳкум кардаанд. Мо ин масъаларо дар ҷаласаи кумита баррасӣ кардем. Дар ҳар сурат, бояд Собировро озод кунанд, чунки ӯ ғайриқонунӣ дар зиндон нишастааст.”

Кумитаи ҳуқуқу қонуният пешниҳод кардааст, ки масъалаи Равшан Собировро дар иҷлосияи Жогорку Кенеш баррасӣ кунанд. Туратбек Мадилбеков, аз ҳамсафони Равшан Собиров дар ҳизби Ота-Макон мегӯяд: “Мо худамон моддаи 310-ро аз Кодекси ҷиноӣ бардоштем. Додгоҳҳои мо бар асоси ҳукми набуда касро маҳкум мекунанд ва додситонии кул, ки бояд риояи қонуниятро назорат кунад, ба ин таваҷҷӯҳе нишон намедиҳад. Давлати мо ҳуқуқбунёд аст ё чӣ? Ҳатто агар дер ҳам шуда бошад, бояд аз Собиров узр бипурсанд ва озодаш кунанд.”

Икромиддин Айтқулов

Икромиддин Айтқулов

Икромиддин Айтқулов, ки дар ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ аз Равшан Собиров дифоъ мекард, он вақт мегуфт, ки вазири собиқро ба далоили сиёсӣ боздошт кардаанд. Ин вакили мудофеъ то ҳол ба ҳамин назар аст ва мегӯяд, ҷои Равшан Собиров зиндон нест. Айтқулов афзуд: “Агар ман он вақт мегуфтам, ки Собировро бар асоси моддаи набуда муҳокима карда истодаанд, ӯро сафед намекарданд, балки барояш ягон моддаи вазнинтар меёфтанд. Ҳоло дуруст аст, ки вакили кунуниаш масъалаи ғайриқонунӣ будани ҳукми ӯро матраҳ мекунад. Собиров ба далоили сиёсӣ ғайриқонунӣ маҳкум шуда буд. Додрасҳое ки ҳукми ӯро содир карданд, бояд дар оянда ба масъулият кашонда шуда, ҷазо бигиранд.”

Додгоҳи олии Қирғизистон то ҳол дар робита ба баҳсҳои бархоста дар атрофи ин моҷаро, ки вазири собиқро бар пояи моддаи бекоршудаи Кодекси ҷиноӣ равонаи зиндон кардаанд, шарҳе надодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG