Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози вакилони Ризоев ва Тошев


Вакилони дифоъ Файзинисо Воҳидова ва Абубакр Қулматов.

Вакилони дифоъ Файзинисо Воҳидова ва Абубакр Қулматов.

Вакилони дифои Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ба нишони эътироз толори додгоҳро тарк кардаанд.

Вакилони ин ду маҳбус субҳи рӯзи панҷшанбе ба нишони эътироз аз он, ки бозбинии додгоҳии парванда дар “шароити сангин” ва таҳти “дахолати ғайриқонунии маҳкамаву ҳабсхона” ҷараён мегирад, толори додгоҳро тарк кардаанд.Онҳо бо пахши як изҳорот ин иқдоми худро ба рӯзноманигорон шарҳ доданд.

Бозбинии парвандаи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, маҳбусони собиқи зиндони тайи чанд моҳ аст дар маҳкамаи тафтишотӣ , ба истилоҳ СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд давом дорад. Онҳо мутобиқи бандҳои 332 ва 346-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои “омураттаб сохтани фаъолияти муассисаи ислоҳотӣ”(яъне тахриби кори зиндон) ва “гувоҳии бардурӯғ” айбдор мешаванд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Суннатулло Ризоев гуфт: “Эътирози мо аз он аст, ки дар ҷараёни таҳқиқи парванда ва далелҳо афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаи ислоҳотӣ ва худи маҳкамаи тафтишотӣ дахолат намуда намегузоранд мо озодонаву дар фазои шаффоф далелҳоро мавриди таҳқиқ қарор диҳем. Ба мурофиаи додгоҳӣ ҳама дахолат доранд, ҳуқуқи мо, вакилони дифоъ, айбдоршавандаҳову шоҳидону ҷабрдидаҳо поймол мешавад, мо ин қонуншиканиҳоро таҳаммул карда натавонистем ва толори судро тарк намудем.“



Абӯбакр Қулматов, вакили дифои Садриддин Тошев афзуд, дар чунин вазъ аз ҷониби раиси мурофиа бозбинии парвандаи Тошев ва Ризоев яктарафа, ғайриобъективӣ ва бо гунаҳкор намудани айбдоршавандаҳо сурат мегирад ва эътирози вакилони дифоъ аз ин аст. Дар изҳороти вакилони дифоъ дар ин бора омадааст, ки дар маҳкамаи тафтишотӣ зерҳимояашонро ҳамарӯза ва беасос кофтуков мекунанд, коғазу қалам, арзу дархостҳои навиштаи онҳоро кашида мегиранд. Аз ҷумла, субҳи панҷшанбе нагузоштаанд айбдоршавандаҳову шоҳидон телефони ҳамроҳро бо наворҳои нишонаи шиканҷаи маҳбусон, ба даст гирифта бубинанд.

Саидолим Саидолимов, сардори маҳкамаи тафтшотӣ ё СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд дар посух ба саволи Озодӣ, ки оё ин даъвои вакилони дифоъ то чӣ андоза ҳақиқат доранд, гуфт, онҳоро бепояву тӯҳматомез медонад. Вай афзуд: “Онҳо баҳона мекофтанд, ки аз ин парванда гурезанд, чунки то ҳозир бо далелҳо зершимояҳояшонро ҳимоя карда натавонистанд. Барои ҳамин имрӯз як кори хурди моро баҳона карда, толорро тарк карданд. Мо дар ҳакиқат намондем, ки онҳо телефони мобилро ба дасти айбдоршавандаҳо диҳанд, чунки як тарафи он тунукагию тез буд ва аз рӯи қоида, мо иҷозат намедиҳем ба дасти маҳбусон чизи теғдор диҳанд. Айбдоршавандаҳо метавонистанд аз як метр ҳам навори мобилро бинанд, барои ҳамин даъвои вакилони дифоъ як баҳона аст.”

Оқои Саидолимов афзуд, кормандони маҳкамаи рақами 2 бо тақозои вазифаи касбии худ ҳаррӯза маҳбусон ва шахсони ба бинои маҳкама воридшавандаро кофтуков мекунанд, то онҳо чизҳои тез бо худ надошта бошанд. Аммо доштани қаламу қоғазро баонҳо манъ накардаанд. “Дирӯз моро аз додситонӣ дар ин бора пурсиданд, мо ба онҳо китоби сабтамонро нишон додем, ки аризаи маҳбусонро қайд кардаву равон кардаем,” – афзуд вай.

Ин бори аввал нест, вакилони дифои Ризоев ва Тошев ба нишони норизоӣ додгоҳро тарк мекунанд. Аммо баъд аз замони кӯтоҳ бозбинӣ аз сар гирифта мешуд. Ҳамчунин бо эътирози вакилони дифоъ додраси ин парванда ду маротиба ва айбдоркунандаи давлатӣ се маротиба иваз карда ва ҷараёни бозбинӣ аз сар гирифта шуд. Қонунҳои Тоҷикистон иҷоза намедиҳад бозбинии парванда бе вакили дифоъ, бидуни ризояти айбдоршаванда аз сар гирифта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG