Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собир Валиев то 18 рӯз дар боздошт мемонад


Собир Валиев
Собир Валиев

Додгоҳе дар пойтахти Молдова қарор кардааст, ки Собир Валиев -- муовини раҳбари "Гурӯҳи 24" то ҳаждаҳ рӯз дар боздошт мемонад ва дар ин муддат масъалаи истирдод шудан ё нашуданаш ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад гардид.

Додгоҳе дар шаҳри Кишинев, маркази Молдова, рӯзи 13 август қарор кардааст, Собир Валиев -- муовини раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар фурудгоҳи он кишвар дастгир шудааст, то ҳаждаҳ рӯз дар боздошт мемонад ва дар ин муддат масъалаи истирдод шудан ё нашуданаш баррасӣ хоҳад шуд. Яке аз вакилони мудофеи Валиев -- Светлана Мазур гуфтааст, аз болои ин қарор ба додгоҳ шикоят мекунанд, чун ба қавли ӯ дар сурати истирдодаш ба Тоҷикистон нафари таҳти ҳимояти онҳоро шиканҷа интизор аст.

Собир Валиев рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар Кишинёв, пойтахти Молдова, бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст. ​Иван Мазур, яке аз вакилони мудофеи Собир Валиев, 13 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Валиев бар асоси Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои "даъвати оммавӣ ба сарнагун сохтани ҳукумат бо роҳи зӯр", "фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)" ва "иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ" айбдор мешавад ва бар асоси ҳамин иттиҳомот, мақомоти интизомии Тоҷикистон ӯро дар пайгард қарор додаанд.

Иван Мазур қазияи Валиевро сирф сиёсӣ унвон кард ва гуфт, "ҳанӯз бо итминон гуфтан душвор аст, ки давлати Молдова ӯро истирдод мекунад, ё на".

Собир Валиев, аз фаъолони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд. Ӯ рӯзи 11 август ҳангоми парвоз ба Истамбул дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуд. Наздикони Валиев мегӯянд, ки ӯ 8 сол пеш шаҳрвандии Қирғизистонро қабул кард ва баъд аз муддате зиндагӣ дар ин кишвар, ба Туркия кӯч баста ҳамроҳ бо оилаву се фарзандаш дар Истамбул зиндагӣ мекард.

Аммо дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди боздошти Собир Валиев дар Молдова изҳори бехабарӣ мекунанд ва мегӯянд, ки аз расонаҳои хабарӣ дар ин маврид огоҳ шудаанд.

Пайвандони Собир Валиев, мегӯянд, ки ӯ мутахассиси муносибатҳои бозаргонӣ ва соҳибкорӣ буда, аз соли 2006 ба ин сӯ ба корҳои тиҷоратӣ машғул буд. Санавбар Валиева, модари Собир Валиев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иттиҳомотеро, ки алайҳи фарзандаш эълон шудааст, қабул надорад. "Писари ман ягон ҷиноят содир накарда, танҳо дар мавриди камбуду нуқсон садо баланд намудааст. Дигаргунӣ хостан ва озодӣ хостан ҷиноят нест ва набояд нисбат ба ин гуна ҷавонон чунин ҳукми сангинро раво дид. Ҳоло ҷавонон ҷаҳонгашта шудаанд, ақидаҳои онҳо дигар шудааст," -- афзуд ӯ.

Хонум Валиева афзуд, худи ӯ дар бораи фаъолияти "Гурӯҳи 24" ҳеч маълумот надорад ва танҳо ҳаминро медонад, ки писараш дар ҷанозаи Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони “Гурӯҳи 24” иштирок карда, тариқи радиои интернетии “Zello” дар мавриди мушкилоти ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбатҳо кардааст.

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Собир Валиев баъд аз кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Истамбул аз худ ба унвони яке аз фаъолону мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дарак дода, дар маъракаҳои “Гурӯҳи 24” дар Истамбул иштирок мекард. Баъди қатли Қувватов дар моҳи марти соли 2015 дар Истамбул, Валиевро муовини раиси ин созмон ва ҳам “Анҷумани нерӯҳои созанда” таъин карданд. Пас аз ин Валиев дар гирдиҳамоие, ки рӯзи 24 март дар Туркия сурат гирифт ва дар он ҳаводорони “Гурӯҳи 24” эътирози худ алайҳи қатли раҳбарашон -- Умаралӣ Қувватов ва ноадолатии иҷтимоиву таъқибҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро баён намуданд, ширкат дошт. Он замон ӯ сабаби даст ба гирдиҳамоӣ задани худро дар хориҷ аз кишвар ин гуна шарҳ дод, ки дар Тоҷикистон баргузории тазоҳуроту роҳпаймоиҳо ба мухолифони ҳукумат мамнӯъ мебошад. Ӯ иддао дошт, ки онҳо на ифротгаро, балки ислоҳталабанд.

Бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24” ҳамчун созмони экстремистӣ эътироф ва фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шудааст. Мақомот гуфтанд, афроди марбут ба ин гурӯҳ ва созмонҳои дигари шарикаш, мисли "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон", боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Моҳи июни соли 2015 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як фаъоли дигари ин созмон Мақсуд Иброҳимовро барои "даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "ташкили созмони ҷиноӣ" ба 17 соли зиндон маҳкум кард. На камтар аз 10 тарафдор ва аъзои ин созмонҳо бо дархости Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва Беларус боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG