Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юсуф Дониёров, вакили мудофеъи Умед Тоҷиев, ки дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад, мегӯяд, зерҳимояаш на асобағал дорад ва на василаи дигаре, ки роҳ гардад.

Дар ҳоле, ки ҳарду пойи Умедҷон Тоҷиев шикастааст ва бидуни шароити муносиби тиббӣ ба сар мебурдааст, ки ба гуфти ин вакили дифоъ, "ин ҳам як навъ шиканҷа аст."

Юсуф Дониёров, вакили мудофеъи сокини ноҳияи Исфара Умед Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ) рӯзи 18-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояи вай, ки беш аз як ҳафта дар СИЗО нигоҳ дошта мешавад, бо пойҳои шикаста бидуни асобағал ё чигас аст.

Юсуф Дониёров.

Юсуф Дониёров.

«Дархостҳои ман ба додгоҳи Исфара дар мавриди таъмини шароити муносиби тиббӣ барои зерҳимояам, ба эътибор гирифта намешавад ва ба аризаҳои ман посух намедиҳанд,» - гуфт Дониёров.

Вай шикоят кард, ки "ба Умед Тоҷиев, ки аз дарди пой ранҷ мебарад, ақалан то оғози мурофиа шароити муносиб фароҳам оварда намешавад. Ин ҳам шиканҷа аст."

Аммо Манучеҳр Қаюмов, муфаттиши парвандаи Умед Тоҷиев рӯзи 18-уми ноябр аз шарҳи масъалаи нигоҳдории Тоҷиев худдорӣ кард. Манучеҳр Қаюмов танҳо гуфт: «Дар бораи вазъи Умед Тоҷиев адвокаташ хуб медонад, ки чӣ ҳол дорад. Мо ҳоло тафтишоти пешакиро идома дода истодаем, аммо ба хотири сирри тафтишот феълан чизе гуфта наметавонам, аз ин бештарашро аз вакилаш пурсед.»

Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рӯзи 30-юми октябр дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Вале рӯзи 2-уми ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон оварданд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун ҳаво дод ва дар натиҷа пояш шикастааст. Дар ҳафтаи гузашта пас аз табобат Умедҷон Тоҷиевро аз беморхона ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд.

Наздикону вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев аз он нигаронанд, ки мақомот гуфтаанд вай худро аз ошиёна 3-юм партофтааст, вале ба бовари онҳо, Тоҷиев "дар пайи озору шиканҷа аз ошиёнаи сеюм афтидааст." Мақомот мегӯяд, ҳоло дар ин бора тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG