Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши се вакили хориҷӣ барои сӯҳбат бо боздоштшудаҳои ҲНИТ


Се вакили дифоъ аз Русия ва Туркия мегӯянд, ки барои суҳбат бо аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ба Душанбе омадаанд.

Се вакили дифоъ, ки худро аз Русия ва Туркия муаррифӣ карданд, мегӯянд, ки барои сӯҳбат бо боздоштшудаҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) вориди Душанбе шудаанд. Онҳо мегӯянд, Муҳиддин Кабирӣ - раиси ин ҳизби мамнӯъ аз онҳо дархости ёрӣ кардааст. ​Аммо мегӯянд, ду раҳбалади онҳо - Ҷамшед ва Хосият Ёровҳо - пас аз пешвогизирияшон ду рӯз боз нопадид шудаанд.

Дагир Хасавов - вакили дифоъ ва раҳбари созмони "Драконта" дар Русия, ки раҳбарии ин ҳайатро ба ӯҳда дорад, рӯзи 22 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, нахустин коре, ки то ҳол онҳо анҷом додаанд, муроҷиат ба вазорати корҳои хориҷӣ ва додситонии кулли Тоҷикистон будааст. Ӯ мегӯяд, дар додситонии кулл раҳбари раёсати кор дар умури байналмилалӣ онҳоро ба ҳузур пазируфта, ба ҳарфҳояшон гӯш додааст.

Дагир Хасавов бо ду вакили турк. 22 январи 2016

Дагир Хасавов бо ду вакили турк. 22 январи 2016

"Мо мехоҳем, дар доираи қонунҳои Тоҷикистон вориди амал шавем. Бо қонунҳои Тоҷикистон шинос шудем ва онҳо ба мо ҳақ медиҳанд, ки аз сарнавишти боздоштшудаҳои ин ҳизб бохабар гардем. Мо нозукиҳои шарқиёнаро хуб медонем, аммо аз ҳар имкони қонунӣ барои дифоъ аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ истифода мекунем. Сарнавишти аксари боздоштшудаҳои ҲНИТ маълум нест. Онҳо дар зиндон чӣ ҳол доранд ва чӣ гуна бо онҳо бархӯрд мешавад, номаълум аст. Мехоҳем, бо онҳо сӯҳбат кунем ва аз аҳволашон бохабар шавем," -- афзуд ӯ.

Эмил Елдерим, вакили дифои турк мегӯяд, вай аз ҳоло барои вохӯрӣ бо Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дархости сӯҳбат додааст. Ӯ мегӯяд, ки сарусадо дар бораи вазъу ҳоли Раҳмонӣ дар зиндон рӯз то рӯз бештар мешавад ва ӯ мехоҳад, ки аз наздик асли қазияро фаҳмад.

Ин вакили турк афзуд, "агар ба мо иҷозаи сӯҳбат надиҳанд, гумони мо ба фишору азият дар боздоштгоҳ ба воқеият наздиктар мешавад. Аммо мо бовар дорем, ки ҷониби Тоҷикистон ба қонунҳои дохилӣ ва

Эмил Елдирим

Эмил Елдирим

байналмилалӣ арҷ гузошта, ба мо чунин як имконро фароҳам меорад. Дар сурати радди ин дархост, мо ба ин қазия созмонҳои байналмилалиро ҷалб хоҳем кард."

Талоши се вакили дифои хориҷӣ барои суҳбат бо аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳолест, ки то кунун яке аз вакилони асосии онҳо - Бузургмеҳр Ёров дар боздошт қарор дорад.

Ин вакилони дифоъ мегӯянд, ҳоло тасмим доранд, ба ҷуз аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ва пайвандони дар озодӣ будаи онҳо низ дидору гуфтугӯ карда ва баъди анҷом, ин ҳамаро дар як нишасти матбуотӣ бо расонаҳо хулоса кунанд.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои тоҷик мегӯяд, ин вакилони хориҷӣ бо боздоштшудаҳо метавонанд танҳо сӯҳбату вохӯрӣ кунанд ва тибқи қонуни нав дар бораи адвокатура ҳаққи дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшуда ва шиносоӣ бо парвандаи онҳоро надоранд: "Агар онҳо бо иҷозаи расмӣ ворид шуда бошанд, танҳо имкони сӯҳбат ва мониторинг карданро доранд. Вале бевосита наметавонанд, бо парвандаи ҷиноӣ шинос шаванд. Бо маводи парвандаҳои ҷиноӣ танҳо адвокате метавонад шинос шавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бошад."

Дагир Хасавов низ гуфт, медонад, ки ҳаққи ҳимоя аз ҳуқуқи боздоштшудаҳоро надорад, аммо имкон дорад, ки бо онҳо мулоқот карда, дақиқ намояд, оё ҳаққи боздоштшудаҳои ин ҳизби мамнӯъ нақз шудааст, ё не. Ҳоло ин се вакили дифоъ аз Русия ва Туркия, ки бо дархости ҷониби ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба Тоҷикистон омадаанд, бо супурдани аризаи худ ба Вазорати корҳои хориҷӣ мунтазири посух нишастаанд.

Ин бори аввал нест, ки вакилони хориҷӣ барои ошноӣ бо ҷараёни тафтишоти боздоштшудаҳо ба Тоҷикистон меоянд. Дар соли 2006 барои ҳимоят аз генерал Ғаффор Мирзоев як вакили дифоъ аз Русия бо номи Сергей Мирзоев низ ҷалб шуда буд, вале дар ниҳоят нақши ӯ бо ироаи танҳо машваратҳои ҳуқуқӣ маҳдуд шуд. Додгоҳи парвандаи Ғаффор Мирзоев пушти дарҳои баста гузашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG