Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони дифоъ аз Додситонии кулл дархост кардаанд, ки тамоми иттиҳомоти алайҳи Зайд Саидов биноба надоштани далели муътамади содиршавии ин ҷиноятҳо, лағв карда шавад.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов 22-уми август ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳамин рӯз дархостномаи иборат аз 11 саҳифаи чопиро ба Додситонии кулл супоридаанд.

Вай афзуд, дар дархостнома даҳҳо суол дар мавриди парвандаҳо пешкаш карда шуд, ки бояд Додситонии кулл ба онҳо рушанӣ бахшад ва посух диҳад.
«Аз ҷумла суоли мо дар робита ба ин буд, ки шоҳидони Зайд Саидов далели асоснок барои айбдор кардани Зайд Саидов надранд, пас чӣ гуна парванда дар мавриди бисёрзанӣ ё қаллобӣ ва ё таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ боз карда шудааст?», зикр мекунад Исҳоқ Табаров.

Вай мегӯяд, "бинобар воқеӣ набудани ҳодисаи таҷовуз ба номус" аз Додситонӣ хоҳиш шудааст, ки ин парванда ва дигар айбҳое, ки марбут ба ин парванда ҳастанд, лағв карда шаванд: "Мо дархостномаро дар ҳамин рӯз таслими Додситонии кулл намудем ва шояд дар авоили ҳафтаи дигар посухи онро дарёфт кунем", гуфт Исҳоқ Табаров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ.

Оҷонсии зидди фасод ва додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати Зайд Саидов аз рӯи 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парванда боз кардааст.

Вакилони дифои Зайд Саидов ошноӣ бо парвандаи 8-ҷилдаи Оҷонсии зидди фасод алайҳи зерҳимояашонро ба анҷом расонида мегӯянд, ки далелҳои он муътамад нестанд.

Вакили дифои Зайд Саидов ба унвони мисол «иттиҳоми таҷовуз ба номус»-ро зикр кард, ки, ба иддаои онҳо, ягон асоси воқеӣ надорад ва бар пояи далелҳои ғайривоқеӣ пешкаш шудааст: «Оҷонсии зидди фасод, ки ахиран хуни Зайд Саидовро барои ташхис гирифта буд, дар авоили ҳамин ҳафта маълум кардааст, ки гӯё Зайд Саидов дар нисбати кӯдаке, ки исқоти ҳамл шудааст, аз ҳаққи падарӣ истисно набудааст». Ин дар ҳолест, ки мансубияти падарии шахс сад дар сад танҳо тавассути озмоиши ДНК санҷида мешавад. Бо сабаби ин ки дар қаламрави Тоҷикистон анҷоми чунин навъи санҷиши тиббӣ имконнопазир аст, вакилон аз тафтишот хостаанд, ки озмоишро дар кишвари дигар, мисли Олмон аз ҳисоби ҳимоятгарон барпо кунанд.

Зайд Саидов аз 19-уми майи соли ҷорӣ ба ин тараф дар боздошт аст ва мутмаин мебошад, ки ин иттиҳомот ҳама ангезаи сиёсӣ дошта посух ба нияташ оиди таъсиси як ҳизби мухолифи давлат аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG