Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тасвиб расид


Бовар меравад, ки бисёр ҷанбаъҳои баррасии парвандаҳои қонуншикании маъмурӣ содда ва шаффофтар хоҳад гашт.

Рӯзи 3-уми апрел вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунӣ раъйи мусбат доданд. Интизор меравад, бо эътибор пайдо кардани он, бисёр ҷанбаъҳои баррасии парвандаҳои қонуншикании маъмурӣ содда ва шаффофтар хоҳанд гашт. Аз ин ба баъд мурофиаи парвандаи қонуншикании маъмурӣ наметавонад, ба тарви пӯшида ё махфӣ ҷараён гирад ва қонуни нав ҳамчунин ба истиқлолияти комили додрас таъкид мекунад. Ҳамчунин додрас аз ҷониби даъвогар ё ҷавобгарон интихоб хоҳад шуд.

Таҳияи қонуни мазкур бахше аз барномаи Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 мебошад. вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев зимни муаррифии кодекси нав гуфт: «Қабул гардидани чунин қонунҳои мурофиавӣ барои ба таври содда ва шаффофу дақиқ баррасӣ кардани парванда аҳамияти хосса дорад. Моддаҳои алоҳидаи кодекси мазкур ошкоро баргузор шудани раванди мурофиаи маъмурӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, адолати судӣ ва мустақилияти судяҳоро пешбинӣ кардааст».

Ҷаноби Менглиев афзуд, ки пас аз ворид шудани лоиҳаи кодекси мазкур ба Маҷлиси намояндагон ниҳодҳои дахлдори кишвар ва инчунин худи вакилон ба ин лоиҳа тағйиру иловаҳои зиёде пешниҳод карданд, ки аксарияташон ба манти ниҳоӣ ворид шуданд.

Қонуншиканиҳои маъмурӣ аз ҷиноят ва аъмоли ҷиноӣ фарқ мекунанд ва муҷозоти ҷиноятҳо дар Кодекси ҷиноӣ муайян шудаанд. Аммо манзур аз хилофкориҳои маъмурӣ амалҳоест, ки ба ҷомеа зиёни ҷиддӣ ворид накардаанд ва дорои аломатҳои хатари иҷтимоӣ нестанд. Муносибатҳои байни кордиҳанда ва корфармо, ҳаққи моликият, бефаъолиятии шахсони масъул ва монанди инҳо қонуншикании маъмурӣ дониста мешаванд. Ҳамзамон, бархе аз қонуншиканиҳо, барои намуна нақзи ҳаққи муаллифӣ метавонанд, дар ҳоли бузург будани зарараш ва бино бар шароити рӯй доданаш ҷиноят шумурда шавад.

Аҳамияти тарҳи нав дар он низ дида мешавад, ки солҳои охир ҳуқуқшиносон ва вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон аз мустақил набудани додгоҳ ва додрасҳо зиёд шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аксарияти ҳукмҳои додгоҳ махсусан дар парвандаҳои пурсарусадо бо мувофиқа бо мақомоти болоӣ ва афроди алоҳида содир карда мешавад.

Шӯҳрат Қудратов, як вакили дифоъ мегӯяд, вақтҳои охир дар додгоҳҳои Тоҷикистон мурофиаҳои шаҳрвандӣ бештар баррасӣ мешаванд ва қабули кодекси нав ҳам ба ҳамин далел аст. Аммо ба гуфтаи Қудратов, шаффофияти мурофиаи додгоҳӣ ва баррасии парвандаҳо танҳо бо қабули қонуну кодексҳои алоҳида таъмин карда намешавад: «Шаффоф ва одилона сурат гирифтани ҳамагуна мурофиа, чӣ шаҳрвандӣ бошад ва чӣ ҷиноӣ, ба шахси додрас ва мустақилияти вай бастагӣ дорад. Агар додрас иродаи сиёсӣ дошта бошад ва дар тасмимгириҳои худ мустақил бошад, танҳо дар ҳамон ҳолат мустақилияти суд дар Тоҷикистон барқарор гашта, адолати судӣ ба вуҷуд меояд».

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мегӯяд, қабалан ҳам дар Тоҷикистон масъалаи мурофиаҳои маъмурӣ бо бандҳои кодекси шаҳрвандӣ танзим карда мешуд, вале қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шеваи баргузории ин мурофиаҳоро танзим мекунад: «Ин як кодекси алоҳидаест ва фаъолияти 39 мақомоте, ки ҳуқуқи баррасии мурофиаҳои маъмуриро доранд, танзим мекунад. Ба иловаи он муқаррароте, ки дар қонунҳои алоҳида дар ин самт вуҷуд доштанд, боз 27 моддаи иловагӣ ба ин кодекс ворид карда шудааст», гуфт ӯ.

Ба таъкиди ҷаноби Ватанов, дар ин 27 моддаи нав масъалаи интихоби ихтиёрии додрасҳо, интизом дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ва дигар масъалаҳо ба танзим дароварда шудаанд. Ҳамакнун тибқи кодекси мазкур барои вайрон кардани интизом дар мурофиаи судӣ ҷазоӣ алоҳида таъйин карда шудааст.

Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ки вакилони Маҷлиси намояндагон онро маъқул донистанд, аз ду фасл ва 248 модда иборат аст.
XS
SM
MD
LG