Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳарфи "берун аз протокол"-и Лавров баъди мулоқот бо вазири саудӣ


Лавров (аз рост) ва Ал-Ҷубайр
Лавров (аз рост) ва Ал-Ҷубайр

Мақомоти Русия суханони дашномомез ба забон овардани вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров ҳангоми суханронии вазири саудӣ Одил Ал-Ҷубайрро рад мекунанд.

Намояндаи вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, аз забони вазири хориҷаи ин кишвар Сергей Лавров садо додани суханони дашномомез дар нишасти хабарии муштараки ӯву ҳамтои саудиаш Одил Ал-Ҷубайрро нашунидаанд.

Мария Захарова, намояндаи вазорати хориҷаи Русия рӯзи 12 август гуфт, ки худи ӯ ҳам дар ин нишасти хабарӣ ширкат дошт ва “чизе нашунидам. Ӯ шояд сурфа кард, ё намедонам, бо ӯ чӣ шуд. Ман чизе нашунидаам.”

Расонаҳо қаблан гузориш доданд, ки рӯзи 11 август дар ҷараёни нишасти муштараки хабирие, ки вузарои хориҷаи Русияву Арабистони Саудӣ баъди мулоқоти онҳо дар Маскав доир карданд, Сергей Лавров ҳангоми суханронии ҳамтои саудияш Одил Ал-Ҷубайр “дебилы, бл...” гуфтааст.

Дар як навори видеоӣ, ки аз ҷараёни ин нишасти хабарӣ дар шабакаи Ютюб нашр шудааст, низ шунида мешавад, ки Лавров дар ғояти хашмгинӣ суханони шабеҳеро ба забон меорад.

Музокироти ҳайатҳои дипломатии Русияву Арабистони Саудӣ дар Маскав, бино ба хабарҳо, тезу тунд гузаштааст. Як мояи асосии ихтилофи ду кишвар роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия аст.

Русия, ки аз муттаҳидони суннатии ҳукумати Башор Асад ба шумор меравад, тарафдори ҷалби тарафдорони ӯ ба музокирот пиромуни ояндаи он кишвари арабист. Аммо Арабистони Саудӣ ва бисёре дигар аз кишварҳои арабӣ аз қудрат дур андохтани Башор Асадро шарти асосии ҳалли бӯҳрони хунини Сурия мешуморанд.

Сергей Лавров баъд аз мулоқоташ бо Одил Ҷубайр бори дигар аз “роҳи низомии ҳалли мушкили Башор Асад” ҳушдор дод ва гуфт: “Ман намехоҳам, кадоме аз кишварҳои бонуфуз ва ё ба ҳар роҳе дахил дар ҳаводиси атрофи бӯҳрони Сурия умедвор шавад, ки мушкили Башор Асадро метавон бо роҳи низомӣ ҳал кард, чунки ягона роҳи чунин ҳалли низомӣ – ғасби қудрат аз сӯи “Давлати исломӣ” ва террористҳои дигар аст.

Аммо ҳамтои саудии ӯ Одил Ҷубайр режими Башор Асадро масъули ҳалокати 300 000 нафар ва бехонаюдар шудани 12 миллиони дигар дар беш аз 4 соли низоъҳои мусаллаҳона дар Сурия номид ва гуфт: “Масъалаи Башор Асад ҳалшуда аст. Ӯ дар Сурия ягон оянда надорад. Ва ягона масъалае, ки мо дар фикраш ҳастем, ин аст, ки инро бо чӣ роҳе бояд анҷом дод: Ё бо роҳи осоишта, бо кумаки Шӯрои гузор ва ё бо роҳи низомӣ.”

Иттифоқан Лавров он суханони пурмоҷарояшро вақте ба забон овард, ки Ҷубайр дидгоҳи аз мавқеи Маскав комилан мутафовити кишвараш дар бораи роҳҳои ҳалли бӯҳрони Сурияро баён мекард.

Аммо Мария Захарова, намояндаи вазорати хориҷаи Русия бо тардиди суханони дашномомезе, ки ба Лавров нисбат медиҳанд, гуфтааст, музокироти вазирони хориҷаи Русияву Арабистони Саудӣ дар Маскав дар маҷмӯъ “созанда” гузаштааст. Лавров ҳам баъди мулоқот гуфт, ки тавассути ҳамтои саудияш даъватномаи расмӣ ба малики Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ал-Саудро расондааст, ки “дар ҳар фурсати барояш муносиб” аз Русия боздид кунад.

XS
SM
MD
LG