Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки ба низоҳои хориҷӣ дахолат намекунад


Президенти мунтахаби Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барномаи худро дар заминаи коҳиши ҳузури низомии Вашингтон дар саросари ҷаҳон тайид кард.

Ба гуфтаи Трамп Амрико ба низои кишварҳои дигар дахолат намекунад, магар ки ин низоҳо ба амнияти миллии Ийолоти Муттаҳида ё терроризм рабт бигиранд. Раҳбари ояндаи Кохи Сафед аз ҷумла ваъда кард, ки муборизаро бар зидди гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" идома медиҳад. Ин стратегия, ба гуфтаи Трамп, ба таҳкими субот дар ҷаҳон мусоида мекунад.

Яке аз тезисҳои пешазинтихоботии Трамп "Аввал Амрико" буд, ки бар пояи он маъмурияти нав харҷҳои низомиро коҳиш медиҳад ва бештар ба ҳалли мушкилоти дохили Ийолоти Муттаҳида таваҷҷӯҳ мекунад.

XS
SM
MD
LG