Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бесарнишини амрикоӣ пешвоёни Ал-Қоидаро ҳадаф қарор дод


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду раҳбари аршади Ал-Қоидаро бо ҳавопамои бесарнишинаш дар вилояти Кунари Афғонистон ҳадаф қарор дод. Дар ин бора рӯзи 26 октябр Пентагон хабар пахш кард.

Дар ҳоле, ки низомиёни Иёлоти Муттаҳида ҳоло ҳам натиҷаи ҳамлаи охири ҳафтаро арзёбӣ мекунанд, хабаргузории Франс-Пресс мегӯянд, мақомоти Пентагон бовар доранд, ки онҳо дар куштори нафарони ин гурӯҳи террористӣ муваффақ шудаанд.

Хабаргузорӣ ҳамчунин аз қавли шоҳидон дар Кунар гуфтааст, ки дар ин ҳамла 15 мусаллаҳ, бо шумули ду араб ва шуморе аз Толибони покистонӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Пентагон, яке аз ҳадафҳо Фаруқ ал-Қатонӣ, як шаҳрванди Қатар буд, ки аз раҳбарони Ал-Қоида дар шимолушарқи Афғонистон номбар мешавад ва муваззаф шуда буд, ки барои ҷангиён макони амн эҷод кунад.

Нафари дуюм Билол ал-Утабӣ, як масъули эҷоди паноҳгоҳ ва ҳам тамрингоҳҳои ҷангиёни Ал-Қоида буд. Сухангӯи Пентагон Питер Кук гуфт, ки "агар ин ҳамлаҳо муваффақ арзёбӣ шаванд, нобуд шудани раҳбарони калонии Ал-Қоида талошҳои онро барои анҷоми ҳамлаҳо зидди ИМА ва муттафиқони мо дар саросари ҷаҳон ба ҳам зада, таҳдид ба ҳамкорони афғони моро коҳиш медиҳад ва аз таъсиси паноҳгоҳ барои Ал-Қоида дар қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ мекунад".

XS
SM
MD
LG