Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди баррасии масоили Эрон дар Вена, вазири хориҷаи Русия мустақиман ба Тошканд парвоз кард.

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз, 15 июл ба Тошканд сафар кард. Ба иттилои вазорати хориҷаи Русия, дар ин сафар Лавров ният дорад бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов ва вазири умури хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.

Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки дар ин сафар доираи васеи мсъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Ӯзбакистону Русия дар пасманзари рӯйдодҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳам фарҳанг баррасӣ шавад. «Таваҷҷӯҳи хоса ба масоили марбут ба доираи фаъолияти созмонҳои Муштарак-ул-Манофеъ, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва СММ, вазъ дар Афғонистон ва муқобила бо терроризму ифротгароӣ равона мешавад», омадааст дар иттилоияи расмии вазорати умури хориҷаи Русия.

«Российская газета» - нашрияи расмии интернетӣ менависад, ки дар доираи баҳсу баррасиҳо масъалаи мубориза бо Толибон ва ҷангиёни «Давлати Исломӣ» ҳам қарор дорад, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон бо Афғонистон мустақар шудаанд.

Ин нашрия таъкид мекунад, ки Лавров якбора баъди анҷоми музокироти атрофи барномаи ҳастаии Эрон дар Вена ба Тошканд парвоз кард. Қарор аст, то нисфирӯзӣ мулоқоти ӯ бо Абдулазиз Комилов ва шоми имрӯз бо президент Ислом Каримов баргузор шавад. Дирӯз дар Вена Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА, Олмон, Чин, Русия, Фаронса ва Бритониё ба созише расиданд, ки таҳримҳои болои Ҷумҳурии Исломӣ бардошта шуда, бар иваз Теҳрон барномаи ҳастаии худро шадидан маҳдуд кунад. Ғарбу Аврупо дар ҳаросанд, ки ин кишвар тавони тавлиди бомбаи атомиро дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG