Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия раҳбарияти Туркияро барои ба истилоҳ изҳороти ғайри қобили қабул дар робита бо хушунатҳои ахир дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ интиқод кард.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи 22 апрел гуфт, ки ин изҳорот ба ҷанг мебарад, на ба сулҳ. Дар марзи Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи 5 апрел хушунатҳо сар зад ва аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта шуд. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар поймол шудани созиши оташбас гунаҳгор карданд. дар изҳороти президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфта шуд, ки Туркия дар канори Озарбойҷон қарор дорад. Ин таҳаввулот дар пасманзари бад шудани равобити Маскаву Анқара мегузарад.Вале айни замон, дар Ереван бархе гурӯҳҳо Маскавро дар фурӯши силоҳ ба Боку гунаҳгор мекунанд, ки сабаби сар задани хушунатҳои ахир шуд. Рӯзи панҷшанбе, ҳангоми вуруди вазири хориҷаи Русия ба Ереван, намоиши эътирозии ин гурӯҳҳо барпо гардид. Рӯзи 22 апрел дар нишасти матбуотӣ Лавров маҷбур шуд ба ин нигарониҳо посух диҳад. Дар ин бора Саргис Арутюнян, хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Ереван сӯҳбат мекунад.

XS
SM
MD
LG