Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барака" таронаҳои Аҳмад Зоҳирро дар шакли рэп иҷро кард. ВИДЕО


Гурӯҳи латвиягии "Барака", ки бо бозхонии суруду таронаҳои тоҷикӣ маъруф аст, албоми охири худро ба хотираи Аҳмад Зоҳир, овозхони пурҳаводори афғон, бахшидааст. Дмитрий Евсиков, роҳбари гуруҳи “Барака”, дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Рига, пойтахти Латвия, дар мавриди албоми нави гурӯҳ, нақшаҳои баъдӣ ва адами таваҷҷуҳ аз сӯи Тоҷикистон сӯҳбат кард.

Мусоҳибаи видеоӣ инҷост:

Барака таронаҳои Аҳмад Зоҳирро дар шакли рэп иҷро кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Албоми дигаре, ки мо сохтем, аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир иборат аст. Мо медонем, ки Аҳмад Зоҳирро дар Тоҷикистон мешиносанд ва қариб дар ҳар хонавода сурудҳои ӯро мешунаванд.
Дмитрий Евсиков

Радиои Озодӣ: Чанде қабл дар Маскав консерт доштед. Ин консерт чӣ гуна баргузор шуд ва бардоштҳо аз он чӣ аст?

Дмитрий Евсиков: "Консерте, ки ҳафтае пеш гузашт, ташаббуси худи мо буд. Хостем, барои сокинони Маскав консерт баргузор кунем. Пас аз муколамаҳои хеле душвор, билохира дар клуби Алексей Козлов як толори хуб пайдо кардем. Бисёр мутаассифам, ки тамошобинон дар толор кам буданд. Намедонам, ки таблиғи консерт кофӣ набуд ё мо бо ҷамъияти тоҷикон дуруст кор накардем, ки тамошобинон зиёд набуданд. Аммо аз назари мусиқӣ ва ҳунари мусиқӣ, ин яке аз консертҳои олие буд, ки мо иҷро кардем."

Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи "Барака"
Дмитрий Евсиков, раҳбари гурӯҳи "Барака"

Радиои Озодӣ: Шумо солҳост таронаи овозхонҳои тоҷикро бозхонӣ мекунед, бо сабки нав пешниҳод мекунед, дар дохил ва берун аз Тоҷикистон мухлисони худро доред. Бархе аз фарҳангиёни тоҷик Шуморо "сафири фарҳангии тоҷикон дар Аврупо" номидаанд. Оё сафорат ва ё Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба шумо ягон кумаке мекунад?

Дмитрий Евсиков: "Ман борҳо аз сафорат ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бевосита ва ё тавассути дӯстон дархости кумак карда будам. Аммо боре ҳам посух нагирифтам. Бо сафири Тоҷикистон дар Беларус, ки масъули кишварҳои назди Балтик, аз ҷумла Латвия ҳаст, суҳбат доштам. Аммо тавре фаҳмидам, сафорат ба мо кумаке карда наметавонад, чунки онҳо танҳо ба масоили равобити сиёсӣ ва содир кардани виза машғул ҳастанд. Ман интизор будам, тӯли ин даҳ соле, ки бо мусиқии тоҷик сару кор дорам, касе ба мо таваҷҷӯҳ мекунад ва ақаллан аз ҷиҳати иттилоотӣ ба мо ёрӣ мерасонад. Албатта, ин мавзӯе барои андеша кардан аст."

Радиои Озодӣ: Аввал таронаҳои Муборакшоҳро бозхонӣ кардед, баъди он таронаҳои Наргис Бандишоеваро сароидед. Мешавад гуфт, Шумо комилан ошиқи мусиқии тоҷик шудед ва ин ишқу алоқаатон ба мусиқии тоҷик аз куҷо шурӯъ шуд?

Дмитрий Евсиков: "Мо як сайри хуби маҷозӣ ба олами мусиқии тоҷик доштем. Нахустин албоми мо “Ёдгории Ориёҳо” буд, ки аз мусиқии халқии Помир иборат аст. Баъдан мо як албоми дигареро нашр кардем, ки ба хотираи Муборакшоҳ бахшида шуда буд. Ҳамчунин мо ҳамаи сурудҳое, ки Наргис Бандишоева дар умри кӯтоҳи хеш иҷро карда буд, бозсароӣ кардем. Мо бо дӯстони ӯ ошно шудем ва фаҳмидем, ки кадом сурудҳоро сароида буд, аммо умр ба ӯ вафо накард. Мо ин сурудҳоро низ иҷро кардем ва албоме, ки ба хотираи Наргис Бандишоева омода кардем, ин бастаи сурудҳоест, ки агар Наргис то ба ҳол зинда мебуд, иҷро мекард. Мо ба ҷои ӯ ҳамаи сурудҳоро иҷро кардем, ки ӯ мехост бисарояд аммо умр ба ӯ имкон надод. Мо ҳамчунон шефтаи сурудаҳои гуруҳи “Шамс” ҳастем. Мо боз ҳам мисли албоми Наргис ҳамаи сурудҳои сароидаи онҳо ва инчунин он сурудҳое, ки ба онҳо писанд аст бозхонӣ кардем.

Албоми дигаре, ки мо сохтем, аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир иборат аст. Мо медонем, ки Аҳмад Зоҳирро дар Тоҷикистон мешиносанд ва қариб дар ҳар хонавода сурудҳои ӯро мешунаванд. Мо албоми хотираи ӯро ба фарқ аз албомҳои қаблӣ, каме ба шакли дигар таҳия кардем. Мешавад гуфт, мо дар мусиқӣ як инқилобе кардем ва барои аввалин бор сурудҳои Аҳмад Зоҳирро дар шакли реп пешниҳод намудем. Мо даҳ репсароро аз Тоҷикистон ҷалб кардем ва онҳо сурудҳои Аҳмад Зоҳирро бозсароӣ карданд. Аммо, афсӯс, ин албоми мо бидуни таваҷҷуҳ боқӣ монд. Маҳз баъди ҳамин албом мо дар шубҳа афтодем, ки оё ҳамаи ин корҳое, ки мо анҷом медиҳем ба касе дар кор аст ё не?"

Радиои Озодӣ: Мешавад гуфт, ки Шуморо ҳоло як эҳсоси пушаймонӣ фаро гирифтааст?

Дмитрий Евсиков: "Маро як эҳсоси яъс фаро гирифтааст, ки он чизе мо мекунем ба касе даркор нест. Моро танҳо якчанд нафар шахсони алоҳида сапарастӣ мекунанд. Онҳо моро сарпарастӣ мекунанд ва ман ба онҳо мегӯям, ки шумо аз ин сармоягузориатон ҳеҷ фоидае ба даст нахоҳед овард. Чунки ин сармоягузорӣ ба фарҳанг аст ва онҳо аз ин кори мо ягон даромад надоранд. Инак, 10 сол мешавад мо довталабона ба мусиқии тоҷик хидмат мекунем. Кори зиёде ба сомон расонида шуд ва дар бораи мо дар паҳнои интернет ҳамакнун маълумоти зиёде ёфтан мумкин аст. Кифоя аст танҳо ба Википедия ворид шавӣ ва ҳамаи маълумотро дар бораи мо пайдо кунӣ. Ҳоло ба марҳалае расидем, ки бояд фаъолияти мо аз сӯи давлат дастгирӣ ёбад, чунки фаъолияти довталабонаи мо дигар наметавонад идома кунад. Ё ки давлат ҳунари моро дастгирӣ мекунад ва ё мо корамонро дар ин самт мутаваққиф мекунем. Агар раваду кори моро дастгирӣ ҳам накарданд ва мо мусиқии тоҷикро канор гузорему машғули кори дигар шавем, ман бо боварӣ гуфта метавонам, он коре, ки мо то ба ҳол анҷом додем, мусиқии тоҷикро барои даҳсолаҳо аз фуру рафтан ба поп, мусиқии пастсифат ва бесалиқа, наҷот додааст."

XS
SM
MD
LG