Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои 4 санад дар ҷараёни сафари давлатии Андрис Берзинш (ВИДЕО)


Мулоқоти Андрис Берзинш, президенти Латвия бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон қабл аз зуҳри имрӯз ба анҷом расид ва дар охир чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳарду раиси ҷумҳур изҳороти муштарак нашр карданд.

Пас аз мулоқоту музокироти расмӣ миёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Латвия, ки имрӯз 10-уми июн сурат гирифт, 4 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст:

. Изҳороти муштараки президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти ҷумҳурии Латвия;

. Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо;

. Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;

. Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

. Ёддошти тафоҳум байни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳофизати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Латвия;

Зимни изҳори муштараки матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза изҳори қаноат кардаанд. Дар изҳороти муштараки ҳарду раиси ҷумҳур омадааст, ки «роҳбарони ду давлат ҳамкориҳоро дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар пайи баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ, роҳбарони ду давлат пуштибонии худро аз таҳкими сулҳу субот, барқарор намудани фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳор намуданд.»

Андрис Берзинш, президенти Латвия дар изҳороти худ гуфт, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуҳои мубрами рӯз, хусусан амнияти минтақа ва ҷаҳон табодули назар кардаанд. Андрис Берзинш гуфт, масоили амниятии Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофӣ аз ин кишвар ва баррасии вазъи Украина аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти онҳо будаааст. Аммо Берзинш дар бораи гуфтугӯи вай бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи вазъи Украина тафсилоти бештар надод.

Оғози дидору гуфтугӯҳои Андрис Берзинш бо мақомоти тоҷик

Андрис Берзинш, президенти Латвия, ки шоми дирӯз вориди Душанбе шуда буд, субҳи сешанбе пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти баландпояи Тоҷикистонро оғоз кард.

Хабарнигори радиои "Озодӣ" дар маҳалли Кохи Миллат иттилоъ медиҳад, ки маросими расмии истиқболи Андрис Берзинш бо сафороии горди фахрӣ ва иҷрои сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Латвия сурат гирифт.

Хабарнигори радиои "Озодӣ" мегӯяд, пас аз маросими расмии истиқбол гуфтугӯи як ба яки Андрис Берзинш, раиси ҷумҳури Латвия бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш оғоз шудаааст. Қарор аст баъд аз дидори як ба яки раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Латвия, музокироти ҳайатҳои ҳар ду кишвар доир шавад. Дар поёнии ин дидору гуфтугӯҳо, миёни Тоҷикистон ва Латвия панҷ санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо мерасад ва раиссони ҷумҳур барои хабарнигорон изҳороти матбуотӣ медиҳанд.

Тибқи барномаи сафар, дар нимаи дуввуми имрӯз, Андрис Берзинш дар маросиме дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар майдони "Дӯстӣ" гулгузорӣ мекунад ва бо нахуствазир Қоҳир Расулзода ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Нахустин рӯзи сафари раиси ҷумҳури Латвия бо ширкат дар анҷумани соҳибкорони тоҷику латвонӣ ба поён мерасад. Фардо, чоршанбеи 11 июн Андрис Берзинш аз Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон сафари расмии Андрис Берзинш ба Тоҷикистонро ҳамчун саҳифаи нав дар робитаҳои дуҷониба арзёбӣ карда, умедворанд, ки натиҷаҳои ин сафар барои густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф кӯмак хоҳад кард.

Равобити дипломатии Тоҷикистон ва Латвия ба таърихи 11 май соли соли 1994 оғоз шудааст. Тибқи гузоришҳои расмӣ тиҷорати байни Тоҷикистону Латвия дар соли 2013 беш аз 66 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон ба Латвия асосан пахтаву алюминий содир карда, аз ин кишвари соҳили Балтик бештар мошин, нуриҳои минарерӣ, маводи нафтӣ, дорувор ворид мекунад. Баъд аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр, Андрис Берзинш нахустин раҳбари як кишвари узви Иттиҳодияи Аврупост, ки аз Душанбе расман боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG