Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Рига, пойтахти Латвия пайкараеро, ки дар он, ба гуфтаи сафорати Русия президенти Владимир Путин дар шакли чормехшуда бар рӯйи салиб намудор мешуд, аз байн бардоштанд.

Пайкараи чӯбие, ки ҳамчун бахше аз як намоишгоҳи ҳунарии иборат аз 10 муҷассама, дар назди бинои пешини кумитаи амнияти Шӯравӣ - КГБ дар Рига қомат кашида буд, пас аз эътирози сафорати Русия дар Латвия аз байн бардошта шуд.

Путин, собиқ афари КГБ аст, ки ваъдаи ӯ барои дифоъ аз русҳо дар хориҷ аз Русия якҷо бо аннексияи Қрим ва ҳимоят аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, ҳамсояҳои Русия, аз ҷумла Латвияро нигарон кардааст. Пайкара мардеро нишон медиҳад, ки дар салибе чормех гаштааст. Бинандагон метавонанд, ба ин салиб мех зананд ё мехҳои онро берун кашанд.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Латвия дар мусоҳиба бо Радиои Балтком гуфтааст, ин пайкараи Путин ё ягон шахси воқеӣ нест ва бояд танҳо аз тарафи ҳунаршиносон ё мутахассисон арзёбӣ шавад.

Муаллифи пайкара хостааст, аз ӯ ном бурда нашавад, вале расонаҳои ахбори ом ба нақл аз шиносҳояш гуфтаанд, пайкара моли як соҳибкори итолиёист.

Аммо сафорати Русия дар Латвия бо зуҳури ин пайкара "хашм ва нафрати амиқ"-и худро баён доштааст. "Мо зуҳури ин қабил "ҳунар"-и иғвобарангезро дар кишваре, ки ҳоло раёсати даврии Шӯрои Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, ғайри қобили қабул мешуморем", гуфта мешавад дар нотаи сафорат ба Вазорати умури хориҷии Латвия.

Намоишгоҳи "Дигарандешӣ" ҳамчун бахше аз ёдоварии таърихи Рига дар садаи 20-ум рӯзи 1 май боз шуда буд. Созмондиҳандагони он мегӯянд, ду муаллифи ин намоишгоҳ мавриди таҳдид қарор гирифтанд ва яке аз муҷассамаҳо қисман вайрон карда шуд. Бархе аз меҳмонони он гуфтаанд, намоишгоҳ рӯзи 16 май баста шудааст.

Бо вуҷуди ин ҷунбиши русгарои ГВД-Балтия эълон кардааст, ки рӯзи 21 май зидди ин намоишгоҳ райпаймоӣ баргузор хоҳад кард. Наздик ба 26 дарсад ё 2 миллион нафари аҳолии ҷумҳурии пасошӯравии Латвияро рустаборон ташкил медиҳанд. Маскав борҳо гуфтааст, мақомоти Латвия ҳуқуқи ҷомеаи русизабони ин кишварро поймол мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG