Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Ласточка”-и Душанбе ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон гардид.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои занона, ки ба Рӯзи байналмилалии занон – 8-уми март - бахшида шуда буд, бо пирӯзии дастаи “Ласточка”-и Душанбе хотима ёфт.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифт, панҷ даста – «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Барқ» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – ширкат карданд. Бозиҳо дар як давра баргузор шуданд.

Дастаи “Ласточка” (“Парасту”)-и Душанбе бо раҳбарии Сулаймон Бобокалонов, ки дар ҳарчор бозиаш бар тимҳои «Зебо» (3:0), «Вахш» (6:0), «Барқ» (4:0) ва «Регар-ТадАЗ» (5:0) ғолиб омад, бо 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифт.

Ҷойи дувум бо 9 имтиёз насиби дастаи «Барқ» гардид. Дастаи «Зебо” бо 6 имтиёз ҷойи севумро касб кард. Дастаҳои пешсаф мувофиқи ҷойҳои ба даст овардаашон бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ, инчунин либоси варзишӣ мукофотонида шуданд.

Беҳтарин дарвозабон Нигора Ҳайдаралиева («Ласточка»), беҳтарин ҳимоятгар Сахина Саидова («Зебо»), беҳтарин нимҳимоятгар Насиба Олимова («Барқ») ва беҳтарин ҳамлагар Гулсунбӣ Шарифова («Ласточка») бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.

Натоиҷи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон 8 март

Даври 1-ум

«Ласточка» – «Зебо» – 3:0

Голҳо: Мадинаи Искандарӣ, Мадина Фозилова, Муниса Мирзоева.

«Барқ» – «Вахш» – 1:0

Гол: Сурайё Асророва.

Даври 2-юм

«Ласточка» – «Вахш» – 6:0

Голҳо: Гулсунбӣ Шарифова (3), Мадина Фозилова (2), Шукрона Азизуллоева.

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Марҷона Файзуллоева.

Даври 3-юм

«Ласточка» – «Барқ» – 4:0

Голҳо: Шукрона Азизуллоева (2), Гулсунбӣ Шарифова, Наталя Сотникова.

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Меҳрангез Шарифова (2).

Даври 4-ум

«Зебо» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Матлуба Абдуллоева (2).

«Регар-ТадАЗ» – «Барқ» – 0:2

Голҳо: Ҷонона Ҳалимова, Дилафрӯз Шарифова.

Даври 5-ум

«Зебо» – «Барқ» – 0:1

Гол: Ҷонона Ҳалимова.

«Ласточка» – «Регар-ТадАЗ» – 5:0

Голҳо: Мадинаи Искандарӣ, Гулсунбӣ Шарифова, Мадина Фозилова, Шукрона Азизуллоева, Наталя Сотникова.

Б

Ғ

М

Б

Т И

О

1

«Ласточка» (Душанбе)

4

4

0

0

18-0 12

12

2

«Барқ» (Норак)

4

3

0

1

4-4 9

9

3

«Зебо» (Ҷиликӯл)

4

2

0

2

3-4 6

6

4

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

4

1

0

3

2-9 3

3

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

0

0

4

0-10 0

0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG