Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суғд. 120 боздошт барои ифротгароӣ


Ҷумъбой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд

Ҷумъбой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, дар чаҳордаҳ моҳи охир 120 нафарро ба иттиҳоми фаъолият дар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро боздошт кардаанд, ки ба қавли онҳо "масъалаи андак нест".

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд, аз боздошти 120 ҷавони ин минтақа хабар дод, ки ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои тундрави динӣ айбдор мешаванд. Вай аз ҳамаи хабарнигорон хост, дар сангари мубориза бо ифротиҳо ва ҷилавгирӣ аз узвияти сокинон дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.

Ҷаноби Сангинов ин нуктаро рӯзи 11 март дар ҳамоише дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баён дошт. Ӯ гуфт: "Дар соли 2014 ва 2 моҳи аввали соли равон 120 нафар ҷавон аз вилояти Суғд бо иттиҳомоти шомил шудан ва майл ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дастгир карда шуданд. Ин ишора ба он дорад, ки ин масъала саҳл нест."

Ба гуфтаи ноиби аввали раиси Суғд, гурӯҳҳое дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бархе аз қисматҳои Русия ва ҷаҳони араб ба хотири пиёда кардани ҳадафҳои сиёсияшон аз арзишҳои динӣ сӯистифода мекунанд. Вай афзуд, дар чунин вазъ мақомот аз аҳли қалам ва кормандони васоити ахбори омма умед дорад, ки дар пешгирӣ аз шомил шудани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиву динии ғайриқонунӣ, созмону ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ, нақши муҳим дошта бошанд.

Ҷумъабой Сангинов аз рӯзноманигорон даъват кард, то ба назди мардум раванд: "Рӯзноманигоре, ки андеша мекунад дар утоқҳои дорои шароити корӣ маводро таҳияву нашр ва манзури мардум мегардонаду бо ҳамин вазифаи худро иҷро кардааст, хато мекунад. Ҳол он ки барои омӯхтани андешаи мардум, бояд хеле ҷаҳду талош кард."

Дар соли равон таваҷҷӯҳи бештари мақомоти Суғд ба масъалаи ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мушоҳида мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд низ рӯзи 10-уми март дар нишасте бо хабарнигорон ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик аз ин мушкил ёдовар шуд ва гуфт, бояд ҳама нерӯҳои ҷомеа ба ҳам оянд, то барои тарбияти дурусти ҷавонон ва шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, роҳ боз гузошта нашавад.

Ин дар ҳолест, ки раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, дар муҳоҷирати корӣ баргузор кардани конфаронси илмиву амалии ҷумҳуриявиро дар рӯзи 16 уми март дар назар гирифтааст.

Муҳсин Юсуфов, корманди маркази матбуоти раёсати корҳои дохилӣ дар Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт: "Аз он ки шомил шудани шаҳвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар муҳоҷирати корӣ рӯ ба афзоиш дорад, дар конфаронс, сабаб ва омилҳои ин раванд, роҳҳои танзими он, зери назорати доимӣ гирифтани ҷараёни муҳоҷирати корӣ ва рӯи даст гирифтани чораҳои мушаххас барои пешгирӣ аз раванди хатарнок ба амнияти ҷомеа баррасӣ ва баҳс хоҳад шуд."

Ба гуфтаи вай, ба ин конфаронс намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Бадахшон, ноҳияхои тобеи марказ, минтақа ва ноҳияҳои Рашт, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо, кормандони мақомоти қудратӣ, намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, Шӯрои уламо, профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои кишвар даъват шудаанд

Дар робита ба мавзӯъ Шариф Назарзода, сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд гуфт, ки "вале ҳадафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт ва зиндонӣ кардани ҷавонон нест, балки пешгирии фарзандони тоҷик аз шомил шудан ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав аст."

Ба гуфтаи вай, ин созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ оромӣ ва субот дар ҷомеаро халалдор мекунанд ва аз ин рӯ бояд тамоми нерӯҳои солими ҷомеа ба хотири пешгирӣ аз шомил шудани сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ба ҳам оянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG